Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «ХУД ВА НАЗДИКОНАТРО ҲИФЗ НАМО!» аксияи тарғиботиро роҳандозӣ кард, ки он бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи қоидаҳои гигиенӣ ва пешгирии бемории коронавирус (COVID-19) таъсис ёфта, дар аксия мураббияҳои муассисаҳои томактабӣ, роҳбарони синф ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, магистрантон, аспирантон ва омӯзгорони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таври ихтиёрӣ ҷалб мегарданд.

Иштирокдорони аксия дар маҳаллаҳо ва хонаҳои шаҳрвандон суҳбатҳо анҷом дода, барои пешгирии паҳншавии бемории коронавирус (COVID-19) варақаҳои таблиғотӣ ва дигар маводи маърифатӣ паҳн мекунанд, инчунин қоидаҳои риояи гигиенаи шахсӣ, аз қабили ба таври ҳатмӣ пӯшидани ниқоб, ҳангоми суҳбат нигоҳдоштани масофаи на камтар аз 1,5 – 2 метр, мунтазам шустани дастон бо собун ва дигар маҳлулҳои зиддивирусӣ ва амсоли инҳоро таъкид медоранд. 

Ҳамчунин, кормандони соҳа, роҳбарони синфҳо, омӯзгорон аз вазъ ва шароити хонандагон дидан мекунанд ва таъкид медоранд, ки дар давраи таътил омӯзишро тавассути телевизиони кӯдакон ва наврасони «Баҳористон», мустақилона бо ёрии калонсолони аъзои оила, тавассути алоқаи электронӣ бо омӯзгорон ва ҳамсинфон ва дигар имкониятҳо ба роҳ монда, барои худ шуғли муфидро интихоб намоянд.

Ҳамзамон аз падару модар ва калонсолони аъзои оила хоҳиш мешавад, ки барои кӯдакону наврасон дар хона шуғли муайян, аз қабили ба корҳои хонагӣ (пухту паз, тоза намудани хона, ҳавлӣ ва гирду аторофи он, ҳамкорӣ ва расонидани ёрӣ ба дигар аъзои оила) машғул шудан, омӯхтани ҳунарҳои гуногун, варзиш дар шароити хона, инчунин, ба китобхонӣ машғул шуда, аз шабакаҳои телевизионии ба синну сол мувофиқ дидан намуда, дар доираи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба хондани адабиёти бадеӣ машғул шаванд. Хотиррасон менамоем, ки дар давраи таътили ғайринавбатӣ тамоми китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ фаъолият менамоянд ва хонандагону донишҷӯён метавонанд, ба китобҳои бадеӣ ва таълимию илмӣ дастрасӣ дошта бошанд.

Хонандагон ва донишҷӯёни азиз! Аз Шумо хоҳиш карда мешавад, ки АЗ ГАШТУГУЗОР ДАР КӮЧА, СУҲБАТҲОИ САРИРОҲӢ, БА ХОНАИ ҲАМСИНФОНУ ДӮСТОН РАФТАН МУВАҚҚАТАН ХУДДОРӢ НАМОЕД. 

ИН БА МАНФИАТИ ШУМО, НАЗДИКОН ВА ДИГАРОН АСТ.

ХУД ВА НАЗИКОНАТРО ҲИФЗ НАМО!