Ташкили гурӯҳҳои мақсаднок оид ба пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба ташкилотҳои экстремистӣ зина ба зина якчанд марҳиларо дар бар мегирад. Ба андешаи мо, хуб мешавад, ки дар асоси барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муасиссаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, чорабиниҳо, вохӯриҳо, маҳфилҳо ва мизҳои гирд бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ҷомеаи шаҳрвандӣ зиёдтар ва мақсадноктар гузаронида шаванд.

Дар масъалаи пешгирии ҷавонону наврасон аз шомилшавӣ ба ҳаргуна гурӯҳҳои ифротӣ ақидаҳо гуногун мебошанд, аммо ба фикри мо дар масъалаи пешгирии ҷавонон аз ин вабои аср ин пешниҳодҳо низ аз манфиат кам нестанд. Дар ин робита, мувофиқи мақсад шуморида мешавад, ки амалҳо оид ба пешгири намудани зуҳуроти экстремистӣ дар муҳити ҷавонон ба самтҳои зерин равона карда шаванд:

  1. Ташаккули механизмҳои таҳлили ифротгароии ҷавонон, коркард намудани усулҳо барои нест кардани он ва дар ҷои он ташкил намудани соҳаҳои иҷтимоии созанда;
  2. Ба вуҷуд овардани механизмҳои пурмаҳсули таъсир ба

раванди сотсиаликунонии ҷавонон ва ворид намудани онҳо ба фазои иҷтимоӣ-фарҳангии ҷомеа;

  1. Баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар оила, мактаб ва муассисаҳои олии кабӣ;
  2. Бо ҷои кор ва музди хуб таъмин кардани ҷавонон;
  3. Баланд бардоштани ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷавонон;
  4. Таъсис додани марказҳои ёрии равонӣ ба ҷавононе, ки бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд;
  5. Бозҳам баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеаи

шаҳрвандӣ.

Ҳарчанд, ки дар ин самтҳо вазорату кумитаҳо кор ва фаъолият намуда истода бошанд ҳам аммо ба андешаи мо фаҳмондадиҳиҳо он қадар дуруст ба роҳ монда нашудааст. Муассисаҳои мазкурро мебояд аз рӯи пешниҳодҳои дар боло зикр шуда ба таври кур-курона не, балки ба таври воқеъӣ дар миёни ҷомеа тарғибот гузаронанд чунки дар ҳамин сурат мо метавонем сади роҳи пешгирии ин вабои аср дар миёни ҷомеа гардем ва дар Тоҷикистони азизамон зиндагонии осоишта дошта бошем. 

 

Рӯйхати адабиёт ва манбаъҳои истифодашуда

  1. Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22-юми декабри соли 2016, шаҳри Душанбе.
  2. Назаров У. Терроризми интернетӣ,  «Набзи Бохтар»- нашрияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давалтии шаҳри Бохтар, моҳи марти  соли 2019.  №10 (3068)  саҳ. 4.  

 

 

Сафаров Нуриддин – донишҷӯи факултети

филологияи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав