Қадршиносии собиқадорони ҷангу меҳнат доимо дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта,  Раёсати донишгоҳ ва Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ дар ин самт мунтазам саъю кӯшиш менамояд.

    Имрӯз, дар арафаи ҷашни 75-солагии Рӯзи Ғалаба намояндагони Раёсати донишгоҳ ва Кумитаи иттифоқи касабаи донишгоҳ дар якҷоягӣ бо намояндагони Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон ба манзили иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Ҳамроев Маҳамадӣ рафта, ӯро бо фарорасии ин ҷашни бузург табрик намуданд. Ба профессор туҳфаҳои хотиравию пулии ректори донишгоҳ ва Кумитаи иттифоқи касабаи донишгоҳ тақдим гардид. Ҳамзамон, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон Ширинзода М. ба собиқадори ҷанг туҳфаҳои пулӣ, маводҳои озуқаворӣ (орд, равған) ва инчунин маводҳои антисептикӣ ҳадя намуд.

 

 

 

 

 

 

 

Шарипов Маҳмадкарим – раиси Кумитаи

муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ