Таърихи пурғановату рангин ва пурифтихори халқи тоҷик аз  корнамоиҳои бе мислу монанд ва қаҳрамониҳои беназири меҳнатию ҷангии фарзандони бо ору номусаш, ки баҳри ободию ҳифзи хоки сарзамини аҷдодияшон кардаанд, бой аст. Яке аз саҳифаҳои пур зӣ корнамоию қаҳрамониҳои меҳнатию ҷангӣ дар таърихи халқи тоҷик ин солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) мебошад. Дар воқеъ, солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ чӣ дар ақибгоҳ ва чӣ дар майдони ҷанг фарзандони ватандӯсти тоҷик дар қатори намояндагони дигар халқу миллатҳои давлати абарқудрати Шӯравӣ меҳнати шуҷоатмандонаю диловарии беназир зоҳир намуда дар ғалаба бар фашизми гитлерӣ саҳми бебаҳои хешро гузоштаанд. Яке аз ин қабил қаҳрамонҳояш собиқадори ҷангу меҳнат Тағоев Саид мебошад.

Тағоев Саид (1912-1994) соли 1912 дар ноҳияи Совет (ҳозира Темурмалик)-и вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шуда, ҳамон ҷо ба воя расидааст. Мавсуф дар ибтидои солҳои 30-юм пас аз соле хонадор шуданаш ҳамроҳи ҳамсараш дар солҳои аввали азхудкунии водии Вахш ба ноҳияи Кӯшониёни имрӯза кучида омадааст.[1] Дар рафти ташкили колхозу совхозҳо, азхудкунии заминҳои водии Вахш ва ободонии ин минтақа саҳми муҳим гузошта, бо як ҷаҳон орзую умед чун дигар ҷонибдорони сохти сотсиалистӣ таҳкурсии ҳаёти навро дар доираи сохти нави ҷамъиятӣ бунёд мекарданд. Тағоев Саид чун шахси худогоҳ ва дорои мавқею шуури сиёсӣ то оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳайси яке аз бригадирҳои пешқадами пахтакор дар совхоз-техникуми ба номи В.В. Куйбишев, имрӯза шуъбаи якуми хоҷагии ба номи Файзалӣ Саидови ноҳияи Кӯшониён фаъолият мекард. То оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ӯ барои дастовардҳои баланди меҳнатияш чун бригадири пешқадами пахтакор бо медали калони нуқрагӣ аз ҷониби Кумитаи асосии Намоиши умумииттифоқии хоҷагии деҳот “Барои намунаҳои беҳтарини корӣ дар хоҷагии деҳот” аз 19 феврали соли 1941 таҳти № 912 мукофотонида шудааст.  

Шаҳодатномаи медали намоишӣ

Мутаасифона ҳаёти осоишта ва бунёдкоронаи мардуми шӯравиро ҳуҷуми аҳдшиканонаи Германияи фашистӣ 22-юми июни соли 1941 халалдор карда, ҷараёни корҳои ободонии акнун ба маҷрои муайян ворид шударо ба самти дигар равон намуда, ҳаёту фаъолияти халқу давлати шӯравиро ба кулли тағйир дод. Барои мубориза ва ғалаба дар ин ҷанги бесобиқа дар баробари ҷанговарони ҷабҳа сокинони ақибгоҳи давлати Шӯравӣ низ аз хурд то бузург шабонарӯз меҳнату заҳмат кашида артиши хешро бо ҳама маводҳои зарурӣ таъмин менамуданд. Зеро, ки давлату ҳукумати Шӯравӣ бо ғосибони ҳамаҷониба ба ҷанг омода дида рӯ ба рӯ шуда буд ва дар ин мубориза истодагарию ғалаба намудан орзуи тамоми мардуми Шӯравӣ маҳсуб меёфт, аз он ҷумла, барои Тағоев Саид. Ӯ чун бригадири пахтакор ва роҳнамои сокинони якчанд кӯчаҳои имрӯзаи шуъбаи якуми хоҷагии ба номи Файзалӣ Саидов бо кору фаъолияти пурсамари хеш дар ақибгоҳ ба дастовардҳои баланди меҳнати ноил гашта дар иҷрои нақшаи меҳнатӣ ва таъмини ҷабҳаи ҷанг саҳми хешро мегузошт. Далели дигари гуфтаҳои болоро мо дар моҳҳои аввали ҷанг ба аъзогии ҳизби коммунистӣ қабул шудани Саид Тағоев метавонем дарёбем. Бо назардошти қобилияти хуби кордонию ташкилотчигӣ ва роҳбарӣ (бригадири пахтакор) Тағоев Саид декабри соли 1941 ба аъзогии ҳизби коммунистӣ ҶШС Тоҷикистон (билети ҳизбияш аз ҷониби Кумитаи шаҳрии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар ш. Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) 20-юми июни соли 1973 таҳти № 07882626 дода шудааст) қабул шудааст.

Саҳифаи асосии билети ҳизбии Тағоев Саид

Дар асоси нақли худи Саид Тағоев фарзандонаш соли ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафтани падарро ба соли 1942 мансуб медонанд. Пас модоме, ки то ба ҳайати артиши амалкунанда дохил шудан, Саид Тағоев аъзои ҳизби коммунистӣ гашта бошад, метавон хулоса кард, ки мавсуф дастовардҳои хуби меҳнатию роҳбариро (бригадири пахтакор) шарфёб гашта аз ҷониби роҳбарияти вақти ҳизбии маҳал ва хоҷагӣ (совхоз) чун шахси масъулиятшиносу кордон ба аъзогии ҳизб қабул гардидааст.   

Чи гунае билети ҳизбии Саид Тағоев шаҳодат медиҳад мавсуф моҳи декабри соли 1941 ба аъзогии ҳизб қабул шудааст. Мувофиқи ахбори сарчашмаҳои мухталиф, адабиёти бадеию илмӣ ва ёддоштии замони Шӯравӣ ва пас аз он нашр шуда маълум аст, ки ба аъзогии ҳизби коммунистӣ қабул кардан дар он солҳо (солҳои роҳбарии Сталин) ҳаёту фаъолияти шахсию ҷамъиятӣ ва дастовардҳои меҳнатию шуури сиёсии ҳар як аъзошаванда санҷишӣ бисёрзинагии дақиқу ҳамаҷонибаро мегузашт. Шубҳа, гумон ва туҳмате метавонист асос барои мушкилоти зиёди шахсию оилавии ҳар як шахс умуман ва аъзошаванда махсусан гардад. Аз ин рӯ, қонеъ гардонидани аризаи аъзошавӣ ба ҳизб дар он солҳо на танҳо эътирофи фаъолияти пурсамари аъзошаванда аз ҷониби ҳокимияти вақт маҳсуб меёфт, инчунин он ба шахси аъзошуда уҳдадориҳои нав, масъулияти баландтар ва муносибати софдилона дар ҳаёту фаъолияти оилавию ҷамъиятӣ-сиёсиро тақозо мекард.        

Моҳҳои аввали амалиётҳои ҷангӣ нишон дод, ки давлати Шӯравӣ бо душмани (Олмони фашистӣ) ҳамаҷониба ба ҷанг омодашуда ва илова бар ин имконияту захираҳои илмӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техниккии як қатор давлатҳои аврупоро (саноату инфрасохтори пешрафтаи замон доштаро) дар ихтиёр дошта рӯ ба рӯ шудааст. Аз ин рӯ, тамоми хоҷагии халқи кишвар ба замони ҷанг мутобиқ кунонида шуда нерӯҳои нав ба нав ба сафи пеши ҷабҳа ҷалб карда мешуданд. Тағоев Саид чун ҷавонмарди кордону шуҷоъ ва роҳбару ташкилотчии хуб ба сафи артиши амалкунанда соли 1942 аз ҷониби комиссариати ҳарбии шаҳри Сталинобод (шаҳри Душанбе) даъват шудааст. Мавсуф пас аз гузаштани курси 6 моҳаи сержанти дар шаҳри Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба хатти пеши ҷабҳаи ҷангӣ сафарбар карда шудааст.[3]

Ӯ дар ҳайти қушунҳои хушкигарди Артиши сурх ба ҳайси аскар дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар зидди қушунҳои фашистӣ ҷангидааст. Пайроҳаи ҷангияш тибқи нақли худи Саид Тағоев аз кишвари Саратов оғоз ёфтааст.[4] Дар воқеъ, тибқи маълумоти таърихӣ ҳудуди вилояти Саротови Федератсияи Россия аз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба яке аз пойгоҳҳои таъсисдиҳии қисмҳою воҳидҳои эҳтиётии Артиши Сурх табдил ёфта буд. Танҳо то охири соли 1942 дар инҷо (вилояти Саратови ФР-Т.С.) 28 дивизияю бригада ташкил карда шуда буд. [5]

Саид Тағоев дар амалиётҳои ҷангӣ бо далерию матонат иштироки фаъолона карда дар ин давра ду маротиба ярадор шудааст. Маротибаи аввал, дар рафти яке аз амалиётҳои ҷангие, ки мавқеи аскарони шӯравиро сомолётҳои душман мушакборон мекунанд, таркиши мушаке ба амал меояду аз сараш дар камингоҳи хандақ ярадор мешавад.[6] Пас аз муолиҷаи начандон дароз мавсуф ба сафи артиши амалкунанда баргашта чун ҷавонмарди далер дар амалиётҳои дигари ҷангӣ корнамоиҳои зиёд кардааст.

Ӯ чун дигар аскарону афсарони шуҷои Артиши сурхи шӯравӣ дар амалётҳои ҷангӣ диловарию қаҳрамониҳои зиёд нишон дода, дар озод кардани хоки Ватан (ИҶШС-Т.С.), як қатор кишварҳои аврупои Шарқӣ ва Олмон аз душманон саҳми арзандаи хешро гузоштааст. Яке аз ҳуҷҷатҳои расмии тасдиқкунандаи гуфтаҳои боло Сипосномае мебошад, ки Саид Тағоев барои далерию корнамоиҳои ҷангӣ зоҳир намудан дар озод кардани якчанд шаҳрҳои Полша аз ҷониби фармондеҳи олии давлати шӯравӣ сарфароз гардидааст.  

Тағоев Саид дар асоси фармони сарфармондеҳи олӣ, маршали Иттифоқи Шӯравӣ рафиқ Сталин аз 18-уми январи соли 1945 № 228 ба Сипоснома барои амалиётҳои муваффақи ҷангӣ, ки дар ҷангҳои озодкунии шаҳрҳои Сохачев, Скерневитсе ва Лович (Полша) зоҳирнамуда сарфароз гардонида шудааст.

Дар асоси омӯзиши ордену медалҳои гирифтаи Тағоев Саид ва нақлҳои гоҳ-гоҳ аз хотираҳои ҷангӣ ба фарзандон кардааш метавон гуфт, ки мавсуф чун шахси далеру шуҷоъ ва ватандӯст роҳи пурпечутоби ҷангиеро аз сар гузаронида монанди тамоми сокинони бо ору номуси шӯравӣ дар ба даст овардани ғалаба бар Олмони фашистӣ нақши хосаи хешро доштааст.      

Пайроҳаи ҷангии Саид Тағоев то ба шаҳри Берлини Олмон рафта мерасад. Ӯ аз рафти “Амалиёти ҳуҷумкунандаи Берлин”, ки аз 16-уми апрел то 2-юми майи соли 1945 идома ёфта буд,  хотираҳои зиёде бо худ дошт, аз он ҷумла ҷароҳат дар пои росташ. Ин ярадоршавии ҷиддии дуюмбораи ӯ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд.

Тибқи нақли худи Саид Тағоев воқеа чунин рух додааст: Дар яке аз рӯзҳои гирифтани шаҳри Берлин аз ҷониби қушунҳои шӯравӣ дар рафти амалиёти ҷангие Тағоев Саид аз ҷониби афсари фашист ярадор шудааст. Чӣ гунае аз саҳифаҳои таърих маълум аст ҳангоми гирифтани шаҳри Берлин аз ҷониби қушунҳои Артиши сурх ҳар як кӯча, иморат ва ҳатто ҳар як ҳуҷра дар натиҷаи заддухӯрди шадиди мусалаҳона миёни аскарони сурх бар зидди фашистони гитлерӣ ба амал меомад. Дар яке аз амалиётҳои ҷангӣ вақте, ки дастаи муайяни аскарони сурх, ки ба ҳайати он Тағоев Саид мансуб буд кучаҳоро озодкунон ҷанг карда фашистони фирор кардаро таъқиб мекарданд, аз хонаи баландошёнае гурӯҳи ҳарбиёни фашист баромада, ба сӯйи аскарони сурх тир холӣ мекунад, ки дар натиҷа Саид Тағоев аз пои росташ ярадор мешавад.[7]

Воқеан ҳам, муҳориба барои гирифтани шаҳри Берлин дар таърих яке аз муҳорибаҳои бузургтарин маҳсуб меёбад. Амалиёти Берлин ба китоби рекордҳои Гиннес чун муҳорибаи бузург дар таърих ба қайд гирифта шудааст. Аз ҳар ду ҷониб (Артиши сурх ва Олмони фашистӣ-Т.С.) дар ин амалиёт наздики 3, 5 миллион одам, 52 ҳазор яроқи вазнин ва миномёт, 7750 танк ва 11 ҳазор сомолёт иштирок кардааст.[8]

   Ҳамин тавр, ғалабаи деринтизорро Тағоев Саид дар шаҳри Берлин пешвоз мегирад. Умуман, чолокию диловарӣ ва корнамоиҳои Саид Тағоев ва иштироки ӯ дар амалиётҳои ҷангии Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945 чун ҷанговари шуҷову далер бо чанд ордену медалҳо аз ҷониби давлату ҳукумати шӯравӣ қадрдонӣ шудааст. Аз он ҷумла, мавсуф бо фармони Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС бо медали “Барои меҳнати шуҷоъ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945” аз 6-уми ноябри соли 1946 таҳти рақами “С № 033108”,

бо фармони Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС бо медали “Барои меҳнати шуҷоъ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945” аз 14-уми апрели соли 1947 таҳти рақами “АС № 135299”,

бо ордени Шараф дараҷаи III № 699865 аз 18-уми августи соли 1955 ва бо дигар ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида шудааст.

Пас аз анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ Тағоев Саид зиёда аз як сол дар полки комендантии воқеъ, дар шаҳри Берлин хизмати ҳарбиро идома дода, охири соли 1947 ё оғози соли 1948 ба Тоҷикистон баргашта ба ҳаёти осоишта оғоз мекунад.[9]

Дар солҳои аввали бозгашт ӯро ба ҳайси бригадири бригадаи пахтакори немисҳои ба шуъбаи якуми хоҷагии ба номи Файзалӣ Саидов муҳоҷир шуда таъин мекунанд.[10] Ӯ чун ташкилотчӣ ва роҳбари кордон (бригадири пахтакор) ба дастовардҳои нав ба нави меҳнатӣ шарафёб мегардад. Мавсуф чун ташкилотчӣ ва бригадири пахтакор дар ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар, азнавбарқароркунии баъдиҷангӣ ва мутобиқ кунонидани хоҷагии халқ ба ҳаёти осоишта саҳми арзанда гузоштааст. Дастовардҳои меҳнатию фаъолияти ҷамъияти сиёсии Саид Тағоев дар давраи ҳаёти осоишта низ мавриди таваҷуҳи давлату ҳукумат қарор гирифта бо грамотаю медалҳо қадрдонӣ шудааст. Аз он ҷумла, мавсуф ба муносибати 25 – солагии рӯзи ташкил ёфтани Ҷумҳурии Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон бо Грамотаи Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон аз 30-юми ноябри соли 1954 таҳти рақами № 13260 “Барои аъло кор карданаш” мукофотонида шудааст,

инчунин бо медали “50 солагии Қувваҳои мусалаҳи ИҶШС” аз ҷониби  Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС аз 6-уми августи соли 1969, бо медали “Барои

меҳнати шуҷоъ. Бахшида ба 100-солагии рӯзи таваллуди Владимир Илич Ленин” аз ҷониби Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС аз 2-юми октябри соли 1970 ва дигар ордену медалҳо сарфароз гардидааст.

Инчунин қайд кардан бо маврид аст, ки Саид Тағоев бо назардошти дастовардҳои баланди меҳнатию ташкилотчигияш борҳо иштирокчии Намоиши Умумииттифоқии хоҷагии деҳот гашта, бо медалҳои ин намоишгоҳ низ мукофотонида шудааст.

Ҳаёту фаъолияти оилавӣ, ҷангӣ, меҳнатию кордонӣ ва дастовардҳои Саид Тағоев борҳо мавриди омӯзишу таҳқиқи журналистону муҳақиқони давраи Шӯравӣ ва замони Истиқлолият қарор гирифтааст. Аз ҷумла, дар китобҳои “Бо роҳи Ленин. Нашриёти «Ирфон» Душанбе 1970.”, “Абдураҳмон Набиев. Прости нас, Господи…-Душанбе: «Сурушан», 2003, 600 стр.” ва дар дигар очерку мақолаҳо оид ба ҳаёту фаъолияти Саид Тағоев маводҳо ба нашр расидааст.

Воқеан ҳам, ҳаёту фаъолияти оилавӣ ва ҷамъиятӣ-сиёсии Тағоев Саид чун дигар фарзандони далеру шуҷои мардуми тоҷик, ки дар таҳкими сохти Ҳӯравӣ дар Тоҷикистон ва умуман давлатдории миллӣ саҳми сазовор доштаанд арзандаи таҳқиқ ва омӯзиш буда, дар тарбияи худогоҳию худшиносии миллӣ ва ватандӯстии насли наврасу ҷавон аҳамияти муҳимро доро мебошад.

Боиси қайд аст, ки дар Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини роҳбари давлат интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳукумати кишвар як қатор корҳои муҳимеро дар сартосари кишвар баҳри таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва тарбияи худшиносии шаҳрвандон амали намуда меояд. Аз он ҷумла, дар ҷодаи арҷгузорию омӯзиш ва таҳқиқу ташвиқи таъриху фарҳанг ва анъанаю суннатҳои неки ниёгон. Ин аст, ки бо пешниҳоди ҷамоат шаҳраки “Бохтариён” Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бохтар (ҳозира н. Кӯшониён) аз 30-юми июни соли 1998 таҳти рақами № 143 қарор оид ба табдили номи кучаи “Калинин”-и шуъбаи якуми хоҷагии ба номи Файзалӣ Саидов ба номи Саид Тағоев қабул кардааст. Ин ҳамон кучае мебошад, ки Саид Тағоев аз соли бунёдаш дар онҷо кору зиндагӣ карда, дар бунёду ободонии он нақши муҳим доштанд.   

Дар воқеъ, аз ҷониби ҳукумати кишвар дар доираи сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи ватандӯстию хештаншиносии сокинони кишвар аҳамияти муҳим дода шуда, барои баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва ватандӯстию инсондӯстии шаҳрвандон чораҳои муҳим андешида мешавад.

Чӣ тавре, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2019 иброз доштанд: “Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.”[11]

Дар ҳошияи ин сиёсати роҳбарияти олии кишвар, омӯзишу таҳқиқ ва таблиғи ҳаёту фаъолияти фарзандони ба ору номус ва далеру шуҷои Ватан, аз он ҷумла иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, худшиносию хештаншиносӣ ва баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии насли наврасу ҷавон аҳамияти муҳим дорад.

 

       

Тағойзода Саидмурод Қудратулло, омӯзгори

факултети таърих ва ҳуқуқи ДДБ ба номи Носири Хусрав

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

[1] Суҳбат бо Сафаров Абдурозиқ (махсум). Соли 2004 ё 2005. Мавсуф писарамаи Саид Тағоев буданд.

[2] Асли ин шаҳодатнома ва дигар ҳуҷҷатҳои шахсии Саид Тағоев, ки дар маводи мазкур истифода шудаанд дар бойгонии оилавии Тағоев Саидмуъмин Саидович (писари дуюми Саид Тағоев) маҳфузанд.

[3] Суҳбат бо писари дуюми Тағоев Саид – Тағоев Саидмуъмин Саидович. 29.02.2020 с.

[4] Суҳбат бо писари сеюми Тағоев Саид – Абдураҳимзода Қудратулло Саид. 08.03.2020 с.

[5] https://ru.wikipedia.org/wiki/Саратов_в_годы_Великой_Отечественной_войны Санаи муроҷиат: 29.04.2020 с.

[6] Суҳбат бо писари дуюми Тағоев Саид – Тағоев Саидмуъмин Саидович. 29.02.2020 с.

[7] Суҳбат бо писари сеюми Тағоев Саид – Абдураҳимзода Қудратулло Саид. 08.03.2020 с.

[8] https://ru.wikipedia.org/wiki/Берлинская_наступательная_операция#Исторические_факты

Санаи муроҷиат: 02.05.2020 с.

[9] Суҳбат бо писари дуюми Тағоев Саид – Тағоев Саидмуъмин Саидович. 29.02.2020 с.

[10] Суҳбат бо собиқадорони меҳнат–Мурчаев Шодӣ ва Куганов Абдусамад. Нимсолаи аввали соли 2005. Зикршудагон аз охири солҳои 40 ва ибтидои 50-ум бо Саид Тағоев дар як куча зиндагонӣ кардаанд.  

[11] http://prezident.tj/ru/node/21977  Санаи муроҷиат: 11.04.2020 с.