Имрӯзҳо дар тамоми кишварҳо, созмонну ташкилотҳои баёналмилалӣ, доираҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва дар умум саросари олам сухан аз паҳншавӣ ва пешгирии бемории сироятии COVID-19 аст. Баҳри кам намудани шиддати гирифторшавӣ ба ин беморӣ аллакай аз ҷониби кишварҳо тадбирҳои гуногуне амалӣ гардида истодаанд. Чун дигар кишварҳои сайёра дар охири моҳи апрели соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифторшавии сокинон ба бемории мазкур низ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа ҷиҳати пешгирии он Ситоди ҷумҳуриявӣ корҳои пешгирикунандаро тақвият бахшид. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос барои миллату давлати Тоҷикистон бисёр душманон ғаразҳои нопоки худро ба сари роҳбарону масъулин таҳмил доданд, ки ин кори ноҷавонмардона аст. Мардуми заҳматкаши тоҷик, ки ҳам заҳри ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳам шаҳди ваҳдатро чашидааст, мавқеъгирии ин ашхосро хуб эҳсос ва дарк намуданд. Хушбахтона, дар баробари садҳо ашхоси ватандӯст Ораш Алоӣ роҳбари институти ҷаҳонии саломатӣ ва омӯзиш вазъияти мавҷударо возеҳу равшан ба аҳолӣ фаҳмонида, ҷиҳати аз байн бурдани таҳлука ва ё стресс дар миёни мардуми Тоҷикистон мусоидат намуд. Ин муносибати инсондӯстонаи ӯ бори дигар шеъри машҳури Саъдии Шерозиро пеши назар овард, ки гуфтааст:

                            Бани одам аъзои якдигаранд,

                            Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

                            Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

                            Дигар узҳоро намонад қарор.

         Қайд намудан зарур аст, ки Ораш Алоӣ яке аз табибони машҳури эронитабори амрикоӣ барои ба таҳлука наомадани сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бемориии сироятии коронавирус бо хабарнигори  шабакаи телевизиони “Ҷаҳоннамо” мусоҳибае тавассути интирент анҷом дода, роҳҳои пешгирии паҳншавӣ ва тарзи дуруст муносибат карданро бо ин беморӣ шарҳ доданд. Ба иттилои ин табиби варзида 85 фоизи аҳолӣ ҳангоми гирифтор шудан ба ин бемории сироятӣ бидуни табобат сиҳат меёбанд. Ӯ аз сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода кунанд ва зуд-зуд дастони худ бишӯянд, зеро маҳз дастон интиқолдиҳандаи вирусҳо мебошанд. Ягона чизе, ки мо бояд ҳамеша ба он диққати аввалиндараҷа диҳем, ин ба таҳлука наомадан мебошад. Мутассифона баъзе иттилоте, ки тавассути воситаҳои ахбори омма ва сомонаҳои иҷтимоӣ интишор мешаванд, дар таркиби онҳо ғалатҳо ва нодурустиҳо ҷой доранд. Бо вуҷуди ин бояд мардум дар ҳар маврид гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро риоя кунанд ва дар пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, хоса COVID-19 саҳмгузорӣ намоянд.

         Ба таъкиди Ораш Алоӣ роҳбари институти ҷаҳонии саломатӣ ва омӯзиш дар Амрико дар ҳолати нишонаҳои аввалини коронавирус сулфаи хушк ва ҳарорати баланд беморон дар хона монанд, аммо агар тасфашон аз 39 дараҷа боло шуду нафаскашӣ дар як дақиқа аз 25 маротиба бештар гардад сипас, метавонанд ба табибон муроҷиат намоянд. Дар ин ҳолат зиёд оби ҷӯшонидашудаи гарм нӯшидан ба манфиат аст. Ҳолатҳое низ ҳаст, ки эҳсоси бӯйро гирифторони вируси мазкур аз даст медиҳанд ва аз ин ҳолат набояд нораҳат шуд, зеро бо мурури вақт ин мушкилот бартараф мешавад. 

         Ораш Алоӣ таъкид дошт, ки ду се ҳафта бояд сокинон дар хонаҳояшон монанд, бидуни зарурат ба берун набароянд ва ҳангоми дар берун будан ҳатман қоидаҳои санитарию гигиениро риоя намоянд. Як масъалаи дигарро дар ин замина шарҳ доданд, ки пурра бастану қатъ намудани фаъолияти корхонаву идораҳо, мағозаҳо низ ғайриимкон аст. Инсон кор мекунад, пул меёбад ва зиндагиашро пеш мебарад. Аммо дар ин маврид боз ҳам масъулияти шаҳрвандӣ ва риояи тартиби қоидаҳои беҳдоштӣ зарур аст.

         Дар воқеъ, дар ин лаҳзаҳои бисёр ҳам ҳасос баромади Ораш Алоӣ, ки тавассути тамоми шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявӣ пахш гардид, муҳим аст. Ин суханрониҳо бори дигар мардумро аз асли масъала огоҳ намуда, сокинон дарк намуданд, ки танҳо барои солимии худ ва атрофиён риояи гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ ҳатмӣ мебошад.

         Мо ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” аз ин баромади Ораш Алоӣ баҳри зиёд гирифта, барои маърифату амалӣ намудани он саҳмгузорӣ намуда истоадем.

 

 

Сангимурод Шарифов сардори бахши

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав