Лавҳаи “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад”-ро мо борҳо дидаем, хонадаем ва шунидаем. Дар ин навиштаҷот як ҷаҳон маънӣ нуҳуфтааст, ки пеш аз ҳама моҳияти қаҳрамонии муҳофизони Ватанро дар солҳои 1941-1945  бозгӯ мекунад. Имсол аз рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 75 сол пур мешавад. Бояд қайд намуд, ки дар ҷанги зикршуда мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳамбастагӣ тавонистанд, ки душманро саркӯб намоянд. Тибқи бисёр сарчашмаҳо, аз  Тоҷикистон 90 ҳазор нафар ҷавонони шуҷоъ ба ҳифзи Ватан сафарбар шуда, қисме аз онҳо мардонавор дар ин роҳ ҷон бохтанд. Мо ҳеҷ гоҳ қаҳрамониву далерии корнамоиҳои падарони худро фаромӯш нахоҳем кард.

Баъди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардум барои барқарор намудани харобаҳои ҷанг машғул шуда, танҳо дар муттаҳидӣ тавонистанд, ки ба зиндагии пурсаодат бирасанд. Ҳамаи ин пешравию ободие, ки дар кишвари мо ба ҷашм мерсад самраи меҳнату роҳнамоиҳои чунин афроди ватандӯст мебошад. Тазаккур бояд дод, ки дар ин набарди вазнини таърихнигор, профессор Маҳмадӣ Ҳамроев низ иштирок намуданд. Ҳоло ин қаҳрамони воқеан ҳам меҳанпараст ба синни мубораки 95 расидааст. Ҳамасола Раёсат ва Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ ба ёдати ин марди некном мераванд. Имсол низ ба хонаи М. Ҳамроев рафта, ба ӯ кӯмакҳои модди раёсати донишгоҳ ва иттифоқи касабаро расониданд.

Зиндагӣ ва фаъолияти Маҳамадӣ  Ҳамроев барои насли наврасу ҷавони кишвар боиси омӯзиш ва пайравӣ мебошад. Тазаккур бояд дод, ки мавсуф 10-уми ноябри соли 1925 дар деҳаи Қашқабулоқи ноҳияи Ваҳдати (Кофарниҳон) Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Солҳои 1931-1932 дар назди домуллои деҳа, солҳои 1933-1936 дар мактаби ибтидоӣ ва баъд аз он то соли 1941 дар курси тайёрии омӯзишгоҳи педагогии ноҳияи Ваҳдат таҳсил мекунад. Баъди як соли муаллимӣ дар ноҳияи Темурмалик соли 1942 ба ҷанг меравад. Соли 1945 аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргашта, то соли 1947 диретори мактаби ҳафтсолаи ноҳияи Роҳатӣ шуда кор мекунад. Соли 1947 ба факултаи таърихи Донишкадаи омӯзгории Душанбе дохил шуда, онро соли 1951 бо дипломи аъло хатм менамояд. Соли 1952 ба аспирантура дохил шуда, соли 1956 дар мавзӯи «Оид ба масъалаи муносибатҳои феодалӣ дар бекигарии Ҳисор, хонигарии Бухоро дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ» рисолаи номзадӣ дифоъ менамояд. Солҳои 1955-5197 омӯзгори Донишкадаи Тирмиз, солҳои 1957-1961 мудири кафедраи Донишкадаи техникии Тоҷикистон, солҳои 1961-1976 дотсент, профессори кафедраи таърихи ҲКИШ Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, солҳои 1976-1979 мудири кафедраи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, солҳои 1979-1986 профессори Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва аз соли 1986 дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа (ҳоло Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав”) ба ҳайси профессор, мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ (солҳои 1993-2000) кор кардааст. Соли 1971 рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Мақоми ҲК Тоҷикистон дар инкишофи ирригатсия дар Тоҷикистон (солҳои 1924-1941)» рисолаи докторӣ дифоъ намуда, соҳиби дараҷаи доктори илми таърих гардид.

М. Ҳамроев муаллифи рисолаҳои таърихии «Очерки истории Гисарского бекства конце ХIХ и начало ХХ века» (Сталинабад, 1959), «Коммунистон – сарвари сохтмони системаи ирригатсионии Ёвон-Обикиик» (Душанбе: Ирфон, 1968), “Татбиқи идеяҳои ленинӣ оид ба обёрӣ дар Тоҷикистон» (Душанбе: Ирфон, 1970), «Деятельность Коммунистической Партии по развитию ирригации в Таджикистане (1924-1938)» (Душанбе: Дониш, 1972), «Развитие ирригации Советского Таджикистана в период упрочения социализма» (Душанбе: Ирфон, 1975), «Развитие орошения земель Советского Таджикистана» (Душанбе: Ирфон, 1985) ва зиёда аз 200 мақолаи илмӣ мебошад.

М. Ҳамроев дар рӯзҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ и.в.ректори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа буд. Хидмати ӯ дар танзими ҷараёни таълиму тарбия, даъвати устодон ба донишгоҳ хеле бузург аст. М. Ҳамроев маъюби гурӯҳи сеюм мебошад. Корнамоии ҷангии ӯ бо ордени «Ситораи сурх» (1944) қадр карда шудааст. Соли 1998 профессор М. Ҳамроев соҳиби унвони ифтихории “Арбоби илму техникаи Тоҷикистон” шуда, ҳамчунин ба медали «Ветерани меҳнат» шарафёб гардид. Айни ҳол М. Ҳамроев мушовири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ шуда кор мекунад.

Мо ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” тамоми сокинони кишвар ва шаҳрвандони кишварҳое, ки дар ҷараёни таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ саҳм гузоштанд ба 75-умин солгарди ғалаба табрик намуда, таманнои пойдории ваҳдату дӯстиро дар саросари олам дорем.

Ид муборак, падарони қаҳрамон!.

 

 

Сангимурод Шарифов, сардори бахши

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав