Имрӯз  ҷавонони мо, ки такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа ба шумор мераванд, дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар нақш ва мавқеи басо муҳимро касб кардаанд. Дар тӯли 29 соли истилолияти давлатӣ ҷавонони  кишварамон дар рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми муносиб гузоштаанд. Ҳукумати Тоҷикистон бо татбиқи пайгиронаи сиёсати давлатии ҷавонон ягон масъалаи онҳоро аз мадди назар дурр намегузорад ва дар ин раванд тамоми чораҳоро амалӣ менамояд, то ки ҷавонону наврасони мамлакат ҳамқадами замон ба камол расанд.

Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки тақдири ояндаи халқу давлати Тоҷикистони соҳибистилол ба дӯши онҳо гузошта мешавад.  Ин рисолати хайр, яъне ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани сарзамини аҷдодӣ ва Ватани азизи хеш масъулияти бузург дорад ва ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ кӯшишу талош намоем.

Мо умедворем, ки ҳар як ҷавони бонангу номуси кишвар омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва меҳнати самарабахшро вазифаи ҷонии худ дониста, дар оянда мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо мекунад ва дар таҳкими ваҳдати миллӣ,  истиқлолияти давлатӣ ва рушду ободии Ватани азизамон саҳми арзанда мегузорад.

Насли ҷавонро ҳушдор додан лозим аст, нерӯҳое, ки инсонҳоро ба ҷангу терроризм ва радикализми динӣ сафарбар менамоянд, ҳавасмандии инсонҳоро аз моҳияти аслиашон бегона сохтан буда, муқобили ҳисси худшиносии миллии наслҳоянд. Ҳол он ки дар шароити феъли масъалаи таҳкими истилолияти давлатӣ таввассути ваҳдат ва ташаккули худшиносии миллӣ, дар заминаи анъанаҳои миллӣ ва динӣ барои мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст.

Экстримизм (ифротгароӣ) амалест, ки ҳоло ҷомеаи ҷаҳониро пешоруйи хатар қарор додааст ва бархе давлатҳо дар қиболи ин раванд нотавон монда, иддаи дигар тадбир меҷӯянд. Ифротгароӣ, пеш аз ҳама теша ба решаи дарахти сабзи субботу амният ва сулҳу ваҳдат мезанад. Садҳо кӯдаконро дучори хушуннату бепарасторӣ, гуруснагию дарбадарӣ гардонидаю  садҳо модарро доғи фарзанд дар дил мондаву кишвару миллатҳоро ба вартаи ноамнӣ кашидааст.

Бояд зикр намуд, ки экстремизм (ифротгароӣ), бо бунёдгароӣ (фундаметализм) ва радикализм (тундгароӣ) ҳукми «бародарӣ» дошта, ин ҳар се дар якҷоягӣ маҷмуаӣ мушкилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва умуман, моддию маънавиро дар ҳудуди иҷтимоӣ ба вуҷуд меорад ва саранҷом  боиси ҷангу низоъҳои бардавоми бемаънӣ, қатлу куштор, даҳшату ваҳшати мардумон мегардад.  Мусаллам аст, ки ҷанг, хунрезӣ ва қатлу ғорат аз ҷумлаи махуфтарин ва палидтарин падида дар радифи зилзила, сел, вабо, қаҳтӣ ва тирагӣ маҳсуб шудааст. Ҳама гуна ақоиди  бебунёд, ки дар назари  пайравонаш таассубан аслу решаӣ маҳсуб мешавад, ногузир ба ҷангу хунрезӣ мепайвандад.

Решаю аломатҳои пайдошавии ифротгароӣ ва ба истилоҳ экстремизми динӣ-мазҳабӣ, қабл аз ҳама, дар сустназмию  қафомондагии саросари иҷтимоӣ зоҳир мегардад.  Агар миллати мо ҳар қадар ба пастравӣ руҷуъ кунад, агар мардуми тоҷик худшиносии миллӣ надошта бошад, ҳамон қадар хатари ҳама гунна ифротгароӣ онро таҳдид мекунад. Аз назари коршиносӣ, авомзадагӣ як бемории риқатбор ва андешакуши иҷтимоӣ аст. Сараввал, бояд бемориро аз дарун ҷӯем, чунки рӯйи кор омадани ифротгаройиву бунёдгаройии миллӣ, беш аз пеш, авомили дарунианд ва онҳо зиёдтар рӯйи хурофоту таассуб қарор доранд.

Хабари ғамгинкунандаи ҳамлаи гурӯҳи ҷангиёни Толибонро ба мактаб ва коллеҷи ҳарбӣ дар шаҳри Пешовари Покистон, ки бар асари он 142 нафар, аз ҷумла, 132 кӯдак ба ҳалокат расида, 122 нафар кӯдак захм бардошта буд, шунида, бовари кас намеояд, ки фарзанди инсон ба чунин ваҳшоният қодир бошад. Боварии комил аст, ки ин сабақи талх, боиси на ҷудоӣ ва ихтилоф миёни халқиятҳои гуногунмиллату гуногунмазҳаби ҷаҳон, балки муттаҳидии ҳар инсони соҳибдилу имондор мегардад ва қувваҳои сиёҳкори байналмилалӣ дар ҳеҷ куҷо дастгирӣ нахоҳанд ёфт. Рӯҳи қурбониёни бегуноҳ ва садҳо ҳазор нафар қурбониёни дигар онҳоро дунболагир хоҳад буд.

Бигузор  чунин рафтори разилона барои он ҷавонони тоҷик, ки ба кӯйи гумроҳӣ рафта, ба ҳаракату гурӯҳҳои ситезаҷӯ, бахусус, дар сафҳои ДОИШ меҷанганд, сабақ гардад. Онҳо бояд дарк созанд, ки ҷони ҷавони худро баҳри манфиатҳои кадом як гурӯҳу ашхоси бемаданият ва кинаҷу беҳуда қурбон месозанд.

Афсус аз он мехӯрем, ки имрӯзҳо шахсоне ҳастанд, ки барои ба мақсадҳои ғаразноки худ расанд, Исломро ҳамчун ниқоб истофода мебаранд. Исломе,  ки дар он зуроварӣ, ифротгароӣ, таҷовуз, одамкушӣ ва дуздӣ маҳкум шудааст. Дар як қатор давлатҳо бошад ҳизбҳое ташкил шуда истодаанд, ки дар номгузории  ҳизб калимаи исломро ҷойгир кардаанд ва гуё  пайравони ин ҳизбҳо аз рӯйи гуфтаҳои Худо ва Қуръон амал намуда мехоҳанд давлатро идора намоян. Аммо бо ақидаи мо Ислом бояд дар қалби давлат ва идораи он дар сар бошад.

Ҷавонон бояд огоҳ бошанд, ки хали тоҷик соҳиби таърихи қадимаи давлатдорӣ ва фарҳанги ҷаҳоншумул аст. Ташаккули миллат аз асри якуми мелодӣ оғоз ёфта, маҳз дар замони Сомониён давлати миллии тоҷикон таҷаллӣ намудааст.

Зиндагии имрӯзаву ояндаамон аз наслҳои нав маърифати баланд, ҷаҳонбинии васеъ, дониши амиқ, донистани технологияи навтарин ва забондониро талаб мекунаду танҳо тавассути ақлу хирад, донишу истеъдод метавон ба рушди ҷомеъа такони ҷиддӣ бахшид ва ба сӯйи фардои нек устуворона қадам ниҳод.

                                                          

Муродов Мусулмон Холмумин – мудири

кафедраи иқтисод ва идораи сайёҳӣ