Ҳангоми рӯйдодҳои бузурги таърихӣ шахсиятҳое ба майдони сиёсат ворид мегарданд, ки чандон маъруфияти зиёд надоштанд. Ҳуҷуми муғулҳо ба сарзамини мо ба саҳнаи муборизаҳои озодихоҳона Темурмаликро ба майдони набардҳои хунини ватанхоҳӣ ба миён овард. Инқилоби бузурги Франсия ба ба сиёсати давлатӣ Максимилиан Робесперро ҳамчун шахсияти бузурги сиёсӣ ташаккул дод, ки танҳо чун адвокати музофотӣ фаъолият намуда, чандон машҳур набуд.

Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон, ки баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқуъ омада буд, дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои олӣ шахсияти беназири таърихиро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба миён овард, ки фаъолияти минбаъдаи ӯ танҳо ба хотири миллати тоҷик ва давлати милии тоҷикон бахшида шуда буд.

Дар замоне, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ пайкари Ватанро месухт, ба зимма гирифтани масъулияти роҳбарӣ ва наҷоти давлат кори басо мушкил буд. “Миллати тоҷик, ки дар дарозои таърихи 2300 соли охир аз ҷониби ҳокимони аҷнабӣ ба пурдаҳшаттарин ва беадолаттарин қисмат гирифтор шуда, интизори сарвари воқеан миллии худ буд, соли 1992 ба ин муродаш расид” [1]. Маҳз, сарвари ҷавону қавиирода бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулоддааш тавонист кишварро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун оварад ва мардуми парешонро сарҷамъ намуда,  садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба ватан баргардонад.

Бо иродаи Сардори давлат дар як муддати кӯтоҳ вайронаҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба ободӣ табдил ёфта, иншооти азим ба вуҷуд омадаанд, барои  пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳи ваҳдат ба истифода дода шуда, бо кишварҳои дуру наздики хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта шуданд.

Бузургтарин дастоварди Эмомалӣ Раҳмон бешубҳа, барқарор кардани сохторҳои гуногуни ҳокимият давлатӣ, расидан ба  сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Бо азму талошҳои бевоситаи сарвари кишвар, музокироти тоҷикон аз 5-уми апрели соли 1994 шурӯъ гардида, то 27 июни соли 1997 бо ба имзо гардидани Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ анҷом ёфт. Дар муддати қариб 40 моҳи гуфтушунидҳо, ки 8 даврро дар бар мегирифт, зиёда аз 44 санади муҳим ба имзо расид, ки дар маҷмӯъ роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷомеаро  фаро  гирифта буданд. Тибқи муқарарроти баҳсу муноқишаҳои сиёсӣ, дар раванди гуфтушуниди байни тоҷикон  ёрию дасгириҳои хайрхоҳонаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мисли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони конфронси исломӣ ва кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон – Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои исломи Эрон, Покистон, Афғонистон Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Туркменистон, Узбекистон назаррас  буданд.

Ҳамин тариқ, дар вазъияти ҳассоси сиёсӣ кишвари моро маҳз ваҳдати миллӣ ҳамчун омили рушди оянда ва ҳифзи истиқлолияти  давлатӣ  ба вуҷуд  оварда дар партави ин падида низову бадбинӣ ва бадгумониҳои чандинсола аз байн рафта, халқи тоҷик бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  харобаҳои ҷангро дар як муддати кӯтоҳ бартараф намуда, Тоҷикистонро ба амнтарин ва босуботтарин давлати минтақа табдил доданд.Таҷрибаи омӯзиши ҷангҳои дохилӣ дар кишварҳои гуногуни  ҷаҳон шаҳодат медиҳад, ки ягон давлат рақибони  сиёсии хешро бо силоҳи ҷангӣ ва лавозимоти бисёри  ҳарбӣ, инчунин бо сарбозони ҷангозмуддааш дар сари дастгоҳи давлатию сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти низомӣ нашинондааст, вале сарвари тоҷикони олам, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири бақои миллат ва давлати тоҷикон ин амали сулҳхоҳонаро ба амал бароварда, миллати дар давраҳои бештари таърихаш ҷафокашидаи тоҷикро ба сулҳу субот, ифтихори миллӣ ва ватандорӣ даъват намуд. “Таҷрибаи нодири Ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи бозгардонидани фирориён ва дар мамлакат фарохам гардонидани фазои сулҳу оштӣ чун сиёсати беқаринаи  давлатдорӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр мамлакатҳои ҷаҳон мавриди омӯзиш ва табодули назар қарор гирифтааст” [2].

Бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Эмомлалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз хатари парокандашавӣ эмин монда, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид.

Баробари расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ дар мамлакат бунёдкорию созандагӣ низ оғоз шуд: сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, роҳи мошингарди Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Қароқурум, нақби  Анзоб, сохтмони нерӯгоҳҳои барқии орбии Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, Роғун, конҳои гази Хоҷасартез, Хоҷабоқирғон, фурӯдгоҳи шаҳри Кӯлоб ва азнавсозии фурӯдгоҳи шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, барқароркунии роҳи оҳани Вахш-Ёвон, ба кор андохтани як қатор иншооти хурду бузурги саноати дар деҳот ва шаҳру вилоятҳо, ободонии маҳалҳои истиқоматӣ, азнавсозии роҳу кӯпрукҳои харобшуда, махсусан дар водиҳои Рашту Вахш, таъсиси даҳҳо корхонаҳои муштарак бо кишварҳои хориҷӣ дар саросари ҷумҳурӣ танҳо ба тавассути кӯшишу заҳматҳои фарзанди асилу фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шуд. Ин ҳама на танҳо ба рушди иқтисодиёти кишвар, балки барои таҳкими мавқеи байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Имрӯз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби бештар аз 160 кишвари  ҷаҳон ба расмият шинохта шуда, бо 188 кишварҳои олам ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи иқтисодӣ-тиҷоратӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинки. Баёнияи Париж ва дигар созишномаи байналхалқӣ сиёсати дохилӣ ва берунии худро амалӣ сохта, ҳифзи ҳуқуқи инсонро сарфи назар аз мансубияти миллӣ, маҳаллӣ ва мазҳабиву нажодӣ муроот менамояд [3].

Ҳамзамон дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалии олам талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва саривақтӣ буданд. Ӯ борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид баромад карда, дар баробари проблемаҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон, масъалаҳои мубориза бо терроризму экстремизм, кочоқи маводи мухаддир, рушди нобаробари давлатҳои ҷаҳон, масъалаи таъминоти оби тоза ҷалб кардааст. Ин буд, ки пайи талошҳои пайвастаи сарвари кишвари мо ҷомеаи ҷаҳонӣ оқибат ба ҳалли қазияи Афғонистон, ки ҳамзамон ба пойгоҳи терроризм экстремизм табдил ёфтааст, рӯ овард.

Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳимтарини ояндаи инсоният низ муносибати дурбинона ва ҷиддӣ дорад. Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-юмро Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015-умро Даҳсолаи “Об – барои ҳаёт” эълон намуд ва солҳои 2018-2028 ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об “Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор” расман оғоз гардид. Ин иқдом обрӯи байналмилаии Тоҷикистонро боз ҳам боло бурд, зеро “Дар шароити таъғйирёбии иқлим захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилотҳоии асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст [4].

Бузургтарин руйдоди аҳамияти умумимиллӣ ва байналмилалидошта ин оғози бунёди сарбанди нерӯгоҳи барқии обии Роғун ба шумор меравад, ки дар таърихи 29-уми октябри соли 2016 бо иштироки бевоситаи Ҷаноби олӣ амалӣ гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан пушти чанбари булдозерӣ пуриқтидор нишаста, аз соати 10:00 то 11:30-субҳи 29-уми октябр маҷрои дарёи Вахши пуртуғёнро маҳкам намуданд. Дар замони муосир сохта ба истифода додани нерӯгоҳи “Роғун” натанҳо барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, ҳамчунин барои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти бузурги иқтисодӣ-иҷтимоиро доро мебошад. Дар таърихи 16-уми ноябри соли 2018 дар рӯзи таҷлили рӯзи Президенти мамлакат навбати аввал, 9-уми сентябри соли 2019 дар рӯзи ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон навбати дуюми  ин иншоотӣ тақдирсози миллат  мавриди истифода қарор дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмин ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагонии мардум Ҳукумати Тоҷикистон як қатор қонунҳои дорои аҳамияти миллидоштаро  қабул намуд. 8-уми июли соли 2007 Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо” , 5-уми октябри соли 2009 Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Забони давлатӣ”, 2-юми августи соли 2011 Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул гардид, ки дар  таълиму тарбия ва пайвастагии мутақобилаи 3-ниҳоди иҷтимоӣ – оила, мактаб ва ҷомеа рӯҳу равони воқеъӣ пайдо намуд.

Бо ибтикор ва ташаббуси Пешвои миллат доираи чорабиноҳои сатҳи баланд, таҷлили “2500-солагии Истаравшан” (соли 2002), “Соли тамаддуни ориёӣ” (соли 2006), “2700-солагии Кӯлоб” (соли 2006), “Соли бузугдошти Имоми Аъзам” (соли 2009), 100-солагии академик Бобоҷон Ғафуров, “600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ” (соли-2014), “3000-солагии Ҳисори Шодмон” ва 700-солагии Мирсаид Алии Ҳамадонӣ дар сатҳи баланд ҷашн гирифта шуд. Баргузор намудани ин чорабиниҳои фарҳангӣ аҳамияти тарбиявӣ дошта, дар ташаккули худогоҳӣ, аз бар кардани таърихи миллат ва ифтихори ватандорӣ нақши бузург бозиданд” [5, 270].

 

 

 

Казаков Рустам Сафарович дотсенти факултети

таърих ва ҳуқуқи ДДБ ба номи Носири Хусрав