Шарҳи мазмуну мундариҷаи мафҳуми «экстремизми динӣ» аҳамияти назариявию амалӣ дорад. Зеро дарки моҳияти экстремизми динӣ имкон медиҳад, ки хусусияти муҳими падидаи мазкур возеҳу равшан гардонида шавад. Инчунин шарҳи мазмун ва баррасии моҳияти ин мафҳум имкон медиҳад, ки нисбат ба падидаи мазкур ва оқибатҳои он хулосаҳои илман асоснокшуда ба вуҷуд оварда шаванд. Таҳлили адабиёти илмӣ нишон медиҳад, ки нисбат ба моҳияти «экстремизми динӣ» таърифҳои гуногун мавҷуданд. Бояд гуфт, ки дар навбати аввал дар сатҳи зарурӣ ба омӯзиши масъалаи экстремизми динӣ, ба муайян намудани хусусияти ин падида, ба паҳншавии андешаҳои экстремистӣ, ба пешгирии ин падидаи номатлуб сиёсатшиносон, ҳуқуқшиносон, файласуфон ва диншиносон машғул гардидаанд. Таҳлили адабиёти илмии соҳаҳои мазкури илм нишон медиҳад, ки намояндагони илмҳои мазкур нисбат ба моҳияти ин падида андешаи ягона надоранд. Чунин ҳолат оид ба хусусияти экстремизми динӣ натанҳо ихтилофҳои назариявиро ба вуҷуд меоварад, балки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ имкон намедиҳад, то ки бар зидди ин падидаи номатлуб ба таври бояду шояд мубориза баранд.

Албатта, барои шарҳи моҳияти экстремизми динӣ, пеш аз ҳама, моҳияти мафҳуми экстремизм бояд ба инобат гирифта шавад. Моҳияти экстремизм аз маънои этимологии он сарчашма мегирад. Зеро ин мафҳум аз калимаи лотинии extremus пайдо гардида, маънояш «канорӣ» мебошад. Яъне ҷонибдорӣ намудани андешаҳои канорӣ ва барои амалӣ намудани мақсадҳои сиёсии худ истифода намудани шаклҳои ғайриқонунии рафтори сиёсӣ (исёну ошуб, қатлу ғорат, террор) рафтори экстремистӣ маънидод гардидааст [8, с. 265].  Бинобар ин, экстремизмро дар маҷмӯъ ҳамчун рафтори шахсони алоҳида, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва ё рафтори умумияти мушаххас маънидод намудан мумкин аст, ки ин навъи рафтор бо анъанаҳо, урфу одатҳо ва меъёрҳои ахлоқию ҷамъиятӣ мухолифат менамоянд. Бояд тазаккур дод, ки рафтори экстремистӣ танҳо бо фаъолияти инсон алоқаманд аст. Аз ин рӯ, ин навъи рафторро дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсонӣ дидан мумкин аст. Масалан, дар муносибати байни одамон, дар муносибат бо табиат, дар муносибатҳои тағйироти ҷамъиятӣ, дар сиёсат, дар муносибатҳои динӣ ва ғ. Бояд ёддовар шуд, ки рафтори экстремистӣ ҳамчун рафтори агрессивӣ дар аксар ҳолат ҷиноят маҳсуб ёбад ҳам, он аз мафҳумҳои «ҷиноят» ва «агрессия» бо як қатор хусусияти худ фарқ карда меистад. Масалан, рафтори агрессивӣ метавонад бошуурона ва бешуурона бошад, ҳол он ки рафтори экстремистии инсон доимо бошуурона аст ва он амалишавии мақсадҳои мушаххасро пайгирӣ менамояд. Бинобар ин, бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки экстремизм ҳамчун падидаи иҷтимоӣ танҳо хоси инсонҳо аст.

Дар энсиклопедияи сотсиологие, ки аз ҷониби олимони рус Семигин Г.Ю. ва Иванов В.Н. таҳия гардидааст, сабабҳои зоҳир гардидани рафтори экстремистӣ хеле хуб баён ёфтаанд. Ба андешаи онҳо «зоҳир гардидани экстремизм дар рафтори одамон, пеш аз ҳама, натиҷаи тарбияи нодуруст ва таъсири омилҳои беруна мебошад. Ғайр аз ин, дар замони муосир омилҳои зерини зоҳиршавии экстремизмро низ нишон медиҳанд:

– омилҳои равонию ахлоқӣ (эътироф накардани мавқеи дигарон), дар сатҳи зарурӣ баҳогузорӣ карда натавонистани муҳити атроф, дар зери таъсири омилҳои писхологӣ қарор гирифтани шуури одамон ва тағйир ёфтани рафтори онҳо;

– омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ (беадолатии иҷтимоӣ, дараҷаи баланди бекорӣ, сатҳи пасти зиндагӣ);

– омилҳои идеологӣ (мавҷуд набудани идеяи умумимиллӣ ва дар ҷойи он арзи ҳастӣ намудани андешаҳои экстремистӣ);

– воқеаву ҳодисаҳо (низоъҳои ҳарбӣ, буҳронҳои иҷтимоӣ, фалокатҳои гуманитарӣ)» [9, с. 799]. Ғайр аз ин, дар адабиёти илмӣ омилҳои мазкурро ба се гурӯҳи калон ҷудо менамоянд: омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию маърифатӣ, сиёсию ҳуқуқӣ.

Ҳамзамон барои шарҳи мафҳуми «экстремизми динӣ» инчунин мафҳуми дин низ бояд ба инобат гирифта шавад. Ҳар як дин, пеш аз ҳама, аз ду унсури асосии иборат мебошад: 1) маросим ва анъанаҳои мушаххас, ки дар шакли идеология ва мифология (таълимоти динӣ) зоҳир мегарданд; 2) пайравони анъанаҳои мазкур ва ташаккулдиҳандагони таълимоти динӣ. Давлат, ҷомеа ва мазҳабҳои мухталиф баъди рӯ ба рӯ гардидан бо падидаи экстремизм кӯшиш менамоянд, ки роҳи аз байн бурдани онро ҷустуҷӯ намоянд. Аммо падидаи экстремизми динӣ хеле мураккаб аст.

Одатан дар миёни пайравони мазҳаби мушаххас пайравӣ намудан аз андешаҳои экстремистӣ ҳеҷ гоҳ рафтори экстремистӣ дониста намешавад. Баръакс, пайравони ин ё он мазҳаб онро ҳамчун нигоҳ доштани афзалияти мазҳаби худ, прозелитизм (ба мазҳаби худ даъват намудани пайравони дину мазҳаби дигар), муборизаи динӣ ва монанди инҳо мепиндоранд. Аммо аз тарафи давлат ва ҷомеа муносибатҳои оштинопазири дохили як дин ва ё фаъолнокии динии агрессивӣ, ки дар муқобили умумиятҳои дигари динӣ қарор гирифтааст ва устувории ҷамъиятию сиёсиро вайрон месозад, ҳамчун рафтори экстремистӣ ва ё радикалӣ муаррифӣ мегардад [7, с. 22].

Яке аз муҳаққиқони масъалаи экстремизми динӣ Забияко А.П. дар таҳқиқоти худ моҳияти экстремизмро баҳои объективӣ додааст, ки андешаҳои ӯ то дараҷаи зарурӣ метавонад барои ифодаи ин падидаи номатлуб истифода бурда шавад. Ба андешаи ӯ, «экстремизми динӣ – навъи махсуси идеологияи динӣ ва ё фаъолияти диние мебошад, ки радикализми канорӣ хусусияти муҳими онро ифода менамояд. Бинобар ин, экстремизми динӣ бо анъанаҳои ба тозагӣ пайдогардида, муносибати оштинопазир зоҳир намуда, шиддати дохилии гурӯҳҳои динӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоиро ба вуҷуд меоварад» [2, с. 1220]. Экстремизми динӣ дар бисёре аз мавридҳо бо ҷараёнҳои зерин асоснок карда мешавад: 1) дар натиҷаи радикализатсияи арзишҳо ва меъёрҳо дар дохили як мазҳаб (масалан, анабаптизм дар дини масеҳӣ, ваҳҳобия ва салафия дар дини ислом ва ғ.); 2) дар натиҷаи муттаҳид намудани таълимоти гуногун ва дар заминаи он ба вуҷуд овардани доктринаи ягона (Ал-Қоида, гурӯҳи бо ном «давлати исломӣ», Толибон ва шохаҳои гуногуни онҳо). Ба таври пурра тағйир додани системаи арзишҳои динӣ ва қисман дигаргун намудани унсурҳои таркибии он мақсади асосии экстремизми динӣ мебошад. Бинобар ин, экстремизми динӣ аз рӯи мақсади худ дар ду шакли асосӣ зоҳир мегардад: экстремизми динии дохилимазҳабӣ ва иҷтимоӣ. Навъи якуми экстремизми динӣ бо таълимоти динӣ ва маросимҳои динии ба тозагӣ бавуҷудомада мухолифати шадид нишон дода, аз байн бурдани онҳоро мақсади худ қарор медиҳад. Навъи дуюми экстремизми динӣ тағйироти диниро барои дигаргун намудани рафтори шахсони алоҳида ва барои тағйир додани шуури ҷамъиятӣ равона менамояд. Ҳангоми таҳлили ин ду навъи экстремизми мураккаби динӣ равандҳои динию сиёсиро эҳсос намудан мумкин аст. Аввал ин, ки экстремизми дохилимазҳабӣ замоне, ки бо ҳокимияти динӣ ва ё дунявӣ дар ҳоли бархӯрд қарор мегирад, оҳиста-оҳиста шакли худро тағйир дода, дар самти радикализатсияи ҷомеа фаъолияти худро ба роҳ мемонад ва дар натиҷа дар шакли эътирози иҷтимоӣ зоҳир мегардад. Барои амалӣ намудани чунин ҳадафи худ экстремизми динӣ истифодаи як қатор воситаҳои таъсиррасониро раво мебинад. Пеш аз ҳама, аз ҷониби онҳо дар ҷомеа руҳияи нигилистӣ, махсусан нигилизми ҳуқуқию сиёсӣ тарғибу ташвиқ гардида, эътироф накардани меъёрҳои динию дунявии мушаххас ба роҳ монда мешавад.

Чӣ хеле ки дар боло таъкид гардид, экстремизми динӣ яке аз шаклҳои фаъолияти экстремистӣ дониста шуда, доимо барои баланд бардоштани афзалияти худ нисбат ба рақибон ва зиёд намудани сафи пайравону ҷонибдорони худ кӯшиш менамояд. Вобаста ба шароит ва вазъияте, ки чунин навъи фаъолият амалӣ мегардад, вай дар худ хусусияти идеологӣ мегирад. Ин аст, ки баъзан экстремизми динӣ, сиёсӣ ва миллиро ба осонӣ мушоҳида намудан мумкин аст. Тӯли солҳои охир олимону муҳаққиқон ва махсусан мақомоти қудратӣ дар муносибат бо фаъолияти экстремистӣ як қатор мафҳумҳои гуногунро истифода менамоянд. Аз ҷумла, экстремизми динию этникӣ, динию сиёсӣ, ташкилоти экстремистию террористӣ, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва ғ. ба онҳо мисол шуда метавонанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2003 Қонун дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ) қабул гардидааст, ки дар он муаллифони қонун экстремизмро баҳои умумӣ дода, бо чӣ сабаб бошад, ки шаклҳои алоҳидаи экстремизмро нишон надодаанд [4]. Махсусан, дар бораи экстремизми динӣ ҳамчун падидаи номатлуб ва дар бораи нишонаҳову оқибатҳои он ба таври мушаххас муқаррарот дида намешавад. Бо назардошти чунин вазъият, хуб мебуд, ки дар қонуни мазкур шаклҳои зоҳиршавии экстремизм ба таври мушаххас баён мешуданд ва дар атрофи экстремизми динӣ ҳамчун амали ифротӣ муқаррарот ҷойгир карда мешуд. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дониста мешавад ва дар минтақаи мазкур созмону ташкилотҳои экстремистию террористии дорои характери динӣ ба фаъолиятҳои пинҳонӣ машғул мебошанд. Бинобар ин, ба андешаи мо, ба амнияти миллӣ ва устувории сиёсии ҷомеа аз ҳама бештар таъсири омили исломӣ ва экстремизми динӣ зиёд аст.

Қайд намудан бамаврид аст, ки дар зери ниқоби экстремизми динӣ мубориза бурдан бо намояндагони дину мазҳабҳои гуногун, ҳадафмандона кӯшиши даст задан ба табаддулоти давлатӣ ва ғайриқонунӣ ғасб карда, гирифтани ҳокимият амалҳои баде мебошанд, ки аз ҷониби экстремистони динӣ зоҳир мегарданд ва мутаассифона дар ин раванди носолим қисме аз пайравони дину мазҳаби муайянро метавонанд ҷалб намоянд. Мундариҷаи фаъолияти экстремистӣ ва махсусан экстремизми динӣ аллакай дар таркиби Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷиноятҳои вазнин ворид шудааст. Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор амалҳои барои ҷомеа ва давлат хатарнок ҷойгир карда шудаанд, ки онҳоро ба таври зайл нишон додан мумкин аст: Моддаи 179. «Терроризм», Моддаи 1791 «Ҷалб кардан барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва ё мусоидати дигар барои содир намудани онҳо», Моддаи 1792 «Маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта», Моддаи 1793 «Даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва ё сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ», Моддаи 189 «Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ», Моддаи 307 «Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии ҶТ», Моддаҳои 3071-4 «Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ)», «Ташкили иттиҳоди экстремистӣ», «Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ», «Ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта» [3].

Бояд гуфт, ки мутобиқи моддаҳои мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 10-15 соли охир фаъолияти шумораи зиёди созмонҳои экстремистию террористӣ мамнуъ эълон карда шудааст ва пайравони он пайваста ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд. Айни замон аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои зерин экстремистию террористӣ дониста шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави мамлакат мамнуъ эълон гардидаанд. «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ал-Қоида», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Толибон», «Бародарони мусулмон», «Артиши Тациба», «Ҷамъияти исломии Покистон», «Ҷамъияти таблиғ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Тоҷикистони озод», «Созмони таблиғот», «Салафия», «Гурӯҳи 24», «Давлати исломӣ (ДИИШ)», «Ҷабҳат-ан-нусра» [1].

Инчунин 29-уми сентябри соли 2015 «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон террористӣ эълон гардида, фаъолияти он дар қаламрави мамлакат мамнуъ эълон мегардад [10]. Амалҳои ҷиноии ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон намунаи равшани фаъолияти экстремистию террористии дорои характери динӣ мебошад. Зеро дар моҳи сентябри соли 2015 кӯшиши амалӣ намудани табаддулоти давлатӣ бо роҳбарии генерал Назарзода Абдуҳалим ва бо иштироки аъзоёни ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон бори дигар гувоҳи он аст, ки экстремизми динию сиёсӣ хатаре мебошад, ки ба манфиатҳои ҳаётан муҳими давлату мамлакат таҳдид менамояд. Кӯшиши ба амал баровардани табаддулоти давлатии моҳи сентябри соли 2015-ро судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизов Ш.О. бо чунин далелҳо асоснок менамояд: «Ҳангоми баррасии ин парвандаи ҷиноӣ нақшаҳои тарҳрезишудаи ҳуҷуми ин гурӯҳҳои ҷинояткор ба иншооти махсусан муҳими давлатӣ, аз утоқҳои кории муовинони раиси ҲНИТ Ҳисайнов Умаралӣ Фатоҳович ва Ҳаитов Маҳмадалӣ Раҳмонович, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Борбад 1 дарёфт шуданд. Тибқи нақшаи мазкур, бояд як гурӯҳи 40 – нафараи мусаллаҳ аз ду тарафи бинои Қасри миллат, як гурӯҳи 25 – нафара ба бинои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як гурӯҳи 30 – нафара аз се тарафи бинои Вазорати корҳои дохилӣ, як гурӯҳи 25 – нафара аз се тарафи бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, як гурӯҳи 40 – нафара ба Фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва дигар гурӯҳҳои ҷиноятӣ ба биноҳои Вазорати мудофиа, Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташакили ВКД ҶТ, Кумитаи телевизион ва радио, Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, ТВ «Баҳористон», Раёсат ва шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом медоданд. Ин магар наметавонад асос барои бастани фаъолияти ҲНИТ гардад»? [11] Ба андешаи мо, сбабҳои асосии даст задани аъзоёни Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба чунин ҷинояти сиёсӣ, майлу хоҳиши ғасб намудани ҳокимият, тағйир додани сохтори конститутсионии давлат, иҷро намуани супориши хоҷагони хориҷӣ ва умуман бо роҳи ғайриқонунӣ амалӣ намудани мақсадҳои сиёсии онҳо мебошад, ки чунин амалҳои тахрибкорона хилофи манфиатҳои миллии мамлакат мебошад.  Чунин ҳолатро ба инобат гирифта, 8-уми июни соли 2016 Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар ҷаласаи навбатии худ, ки дар шаҳри Ереван баргузор гардида буд, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро расман дар феҳристи ташкилотҳои террористии байналхалқӣ шомил намуд [6]. 

Тибқи маълумоти расмӣ ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайравони созмону ташкилотҳои экстремистию террористӣ дастгир шуда, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд. Масалан, танҳо дар соли 2011 зиёда аз 50 бунёдгароии исломӣ, ки дар лагерҳои таълимии Покистону Афғонистони омода гардидаанд, дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Дар аввали соли 2011 дар вилояти Суғд 11 нафар аъзоёни фаъоли ташкилоти экстремистии «Ҳизб-ут-таҳрир» дастгир гардидаанд, ки аз миёни онҳо ду нафарашон шаҳрвандони Узбекистон мебошанд. Додгоҳ онҳоро барои барангехтани бадбинии динӣ, нажодӣ ва миллӣ, барои даъвати оммавӣ ба фаъолияти экстремистӣ, зӯроварона забт карда гирифтани ҳокимият, вайрон намудани сохтори коснтитутсионии давлат, барои ташкили гурӯҳи экстремистӣ, барои ҳамроҳ гардидан ба сафи созмону ташкилотҳое, ки фаъолияти онҳоро додгоҳ манъ намудааст, гунаҳкор дониста шуда, аз 3 то 20 сол аз озодӣ маҳрум гардонида шудаанд.  Дар охири моҳи марти соли 2011 боз 11 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пайвастан ба сафи ташкилоти экстремистии «Ҳизб-ут-таҳрир» ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда, аз 4 то 20 аз озодӣ маҳрум гардонида шудаанд. Тибқи маълумоти прокуратураи вилояти Суғд дар соли 2010 дар муносибат бо 90 нафар пайравони ташкилотҳои экстремистӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда шудаанд, ки дар миёни онҳо 42 нафарашон аъзои «Ҳизб-ут-таҳрир» мебошанд [5, с.68].

Чи гунае, ки аз баррасиҳои боло маълум гардид, рафтори экстремистии пайравони ин ё он дин ҳамчун амали экстремистӣ ва фаъолияти созмони экстремистии динӣ маънидод мегардад. Бинобар ин, экстремизми динӣ амали тахрибкоронае мебошад, ки ҳадафмандона тарҳрезӣ гардидааст. Дар шароити муосир, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдидҳои гуногун пайдо гардида истодаанд, гурӯҳҳои экстремистию террористӣ аз ҷониби як қатор давлатҳо ба вуҷуд оварда шуда, барои ҳимояи манфиатҳои миллии онҳо истифода бурда мешавад.

 

Адабиёти истифодашуда

  1. Верховный суд: в Таджикистане запрещены еще 4 террористические организации [Электронный ресурс]. URL: http://ru.sputnik-tj.com/defense_safety/20150713/1015985687.html (дата обращения: 02.12.2017 г).
  2. Забияко А.П. Экстремизм религиозный. Религиоведение. Энциклопедический словарь. – М.: Академический проект, 2006. – 1245 с.
  3. Кодексии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Кодекси амалкунанда. Санаи қабул: 15.06.2004 / Ахбори  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 с., №1467.
  4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бо экстремизм (ифротгароӣ). Қонуни амалкунанда. Санаи қабул: 8.12.2003 / Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 с., № 1146.
  5. Лаумулин М. Религиозная ситуация и угроза религиозного экстремизма в Центральной Азии / М.Лаумулин // Центральная Азия и Кавказ. Том 15. Выпуск 1. 2012. –С.60-79.
  6. ОДКБ официально объявила ПИВТ террористической организацией [электронный ресурс]. URL: https://eadaily.com/ru/news/2017/09/06/odkb-oficialno-obyavila-pivt-terroristicheskoy-organizaciey (дата обращения: 29.11.2017).
  7. Плужников Е.Н. Религиозный экстремизм в современной России: проблемы теоретической интерпретации и политической практики: дис. … канд. полит. наук: 23.00.02 / Е.Н.Плужников.–М., 2010.–166 с.
  8. Политологический словарь-справочник / Авторы-составители: Д.Е. Погорелый, В.Ю. Фесенко, К.В. Филипов. –Ростов н/Д: ООО «Наука-Спектр», 2008. – 320 с.
  9. Социологическая энциклопедия. В 2 т. Национальный общественно-научный фонд / Г.Ю.Семигин, В.Н.Иванов. – М.: Мысль, 2003. Том 2. – 863 с.
  10. Решение Верховного суда о прекращении деятельности ПИВТ [Электронный ресурс]. URL: http://ru.sputnik-tj.com/spravka/20150930/1016935817.html (дата обращения: 20.11.2017).
  11. То табаддулот се рӯз монда буд [маводи электронӣ]. URL: http://mvd.tj/index.php/tj/masoili-mubram/16208-to-tabaddulot-se-r-z-monda-bud (санаи истифодабарӣ: 25.11.2017).

 

ЭКСТРЕМИЗМИ ДИНӢ:

МАФҲУМ, МОҲИЯТ ВА ХУСУСИЯТҲОИ ОН

         Дар мақолаи мазкур муаллиф ба омӯзиши мафҳум, моҳият ва хусусияти экстремизми динӣ машғул гардида, нишонаҳои фарқкунандаи онро муайян намудааст. Ҳамчунин дар асоси таҳлили маълумоти мавҷуда ва адабиёти илмӣ мақсади пешбурди фаъолияти экстремистӣ дар мақола нишон дода шудааст. Муаллиф таъкид менамояд, ки экстремизми динӣ ва созмонҳои экстремистию террористӣ ба манфиатҳои ҳаётан муҳими мамлакат таҳдид менамоянд.

         Калидвожаҳо: экстремизм, экстремизми динӣ, радикализм, нигилизми ҳуқуқӣ, прозелитизм, ташкилоти экстремистӣ, созмонҳои террористӣ.

 

РЕЛИГИОЗНЫЙ ЭКСТРЕМИЗМ:

ПОНЯТИЕ, СУЩНОСТЬ И ЕГО ОСОБЕННОСТЬ

В данной статье автор изучает понятию, сущности и особенности религиозного экстремизма и на основе такого анализа определяет основные черты этого феномена. Также в статье на основе анализа научной литературы и существующих данных показана цель реализации экстремистской деятельности. Автор отмечает, что религиозный экстремизм и экстремистско-террористические организации угрожают жизненно важным интересам страны.

Ключевые слова: экстремизм, религиозный экстремизм, радикализм, правовой нигилизм, прозелитизм, экстремистская организация, террористические организации.   

        

RELIGIOUS EXTREMISM:

CONCEPT, ESSENCE AND ITS PECULIARITY

In this article the author studies the concept, essence and features of religious extremism and on the basis of such an analysis determines the main features of this phenomenon.  Also in the article on the basis of the analysis of scientific literature and existing data the goal of realization of extremist activity is shown. The author notes that religious extremism and extremist-terrorist organizations threaten the vital interests of the country.

Keywords: extremism, religious extremism, radicalism, legal nihilism, proselytism, extremist organization, terrorist organizations.

Сведения об авторе: Ашурзода Ҷамшеди Хуршед, Курган-Тюбинский государственный университет им. Носира Хусрава, соискатель кафедры философии и политологии.

 

Ашурзода Ҷ.Х. – омӯзгори факултети сиёсат ва идораи давлатии

Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав