Ба оламиён муаррифӣ кардани осори илмву адабӣ ва намунаҳои фарҳанги тоҷикон ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор, соҳиби девону дафтар аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад.

                                                                                        Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҳама давру замон адабиёти бадеӣ ҳамчун ойинаи фарҳангу маданияти мардум таҷассумгари орзуву омол ва андешаву орои ниёгон буда, барои такмили маърифату ҷаҳонбинӣ, ахлоқу одоб ва расму оини аҳли башар мусоидат менамояд. Агар ба мероси адабӣ ва эҷодиёти аҳли илму адаби форс-тоҷик таваҷҷуҳ намоем, бараъло ҳувайдост, ки масъалаи тарбияи инсони некманишу хайрхоҳ, иҷтиноб аз таассуби динӣ ва васфу тарғиби фарҳанги миллӣ мавзӯи меҳварии осори онҳоро ташкил медиҳад. Махсусан, масоили таассуб ва таассубгароӣ, ки имрӯз на танҳо тоҷикон, балки ҷомеаи тараққипарвари ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, дар адабиёти мо мавриди таваҷҷуҳи донишварону мутафаккирон қарор гирифта, садҳо фозилони даҳр аз дасти мутаассибони хирад бохта, зиндагиашонро бо ранҷу озурдагӣ ва сахтиҳо сипарӣ намудаанд. Аз сарнавишти адибони фарҳехтаву хирадманди мо, ба монанди Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Ҳофизи Шерозӣ, Бадриддин Ҳилолӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон маълум мегардад, ки дар ҷомеаи гузашта ин тамоюли хатарзо ва дастгоҳи харобиовари ҷомеаи мутараққӣ чӣ ранҷу мушкилиҳо ва балоҳое ба сари равшанфикрон ва пешбарандагони ҷомеа овардааст. Аз дарбор ронда шудан ва дар охири умр ба сахтиҳо гирифтор шудани Рӯдакӣ, умри худро дар ғурбату азоб гузаронидани Ибни Синову Носири Хусрав, ба сахтӣ кушта шудани Ҳилолӣ натиҷаи амалҳои мутаассибони сияҳдилу сияҳкори дар ниқоби дину мазҳабҳои шиъиву суннӣ амалкунанда мебошад.

Таассуби динӣ беш аз пеш дар замони вуруду ҳамлаи араб зери дирафши дини ислом амал карда, то имрӯз на танҳо дар байни мардуми форстабор, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ боиси мавҷудияти низоъву тафриқа ва ихтилофу бадбиниҳо гаштааст.

Дар мавриде, ки мо роҷеъ ба хурофот ва таассуб ҳарф мезанем, аз манфиат холӣ нест, ки мо чӣ маъно доштани ин мафҳумҳоро ёдрас намоем. Дар китоби дуҷилдаи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» вожаи «хурофот» – ақида ва фикрҳои пучу беасос, вожаи «хурофотпарастӣ»- пайравӣ ва боварӣ ба ақидаҳои хурофотӣ ва мавҳумот маънидод шудаанд. «Таассуб» бошад, бо се маънӣ тавзеҳ дода шудааст:

  1. Тарафдорӣ ё душмании бисёр нисбат ба шахс;
  2. Ҳимоят ва ҷонибдорӣ, орият;
  3. Тарафдорӣ аз ақоиди динӣ ва маросими кӯҳнаи миллӣ, фанатизм, кинаҷӯӣ.

Хурофот ва таассуб ҳанӯз аз давраи қадим дар шаклҳои гуногун дар ҷомеа роиҷ гардида, азбаски ба он бовар доштанд, дар ин замина мақсаду манфиати ниҳонии гурӯҳи муайяни одамон амалӣ мегардид.

Тадриҷан хурофот ва таассуб ба афкори сиёсӣ махлут гардида, тавонистааст ба оину эътиқоди мардум таъсир расонида, бар решаи ташаккули халқу миллатҳо газанд расонад. Саъдии бузургвор дар ин бора мефармояд:

Миллатеро рафт чун оин зи даст,

Мисли хок аъзои ӯ аз ҳам шикаст.

Беҳуда нест, ки зимни суханрониҳояшон аз минбарҳои гуногун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо чунин ҳушдор додаанд: «Агар миллатеро аз байн бурдан хоҳанд, аввал забон ва сипас фарҳанги ӯро нест мекунанд».

Имрӯз ин падидаи номатлуб, яъне таассубу хурофот дар ҷомеаи ҷаҳонӣ хатарҳои зиёде эҷод карда истодааст ва метавонад на танҳо ба як миллату халқият, балки ба нестии аксари миллатҳову давлатҳо оварда расонад. Масалан, натиҷаи хурофатпарастӣ ва таассуб ба он оварда расонд, ки мардуми мусалмони мамлакати як вақтҳо тараққикардаи Сурия ба андешаҳои ифротии гурӯҳе дода шуда, аз ҳам пош хӯрд. Имрӯз ҷангҷӯёни созмони террористии бо ном «Давлати исломӣ» бо такя ба таассубу хурофоти одамон хатари бузургеро барои мардуми ҷаҳон эҷод кардааст. Саъдии Шерозӣ гӯё аз ҳоли имрӯзаи кишварҳои мусалмонии Шарқ изҳори таассуф намуда, садҳо сол пеш гуфтааст:

Ҳайфи умре, ки ҳама дар пайи ғафлат гузарад,

Ба гирифтории дунёву ба кулфат гузарад.

Боиси таассуф аст, ки дарде, ки кишварҳои Шарқи Наздик имрӯз ба он дучор гардидаанд, ба тамоми халқҳои сайёраи замин бетаъсир намондааст. Тоҷикистони азизи мо низ, ки аз ҷониби аҳли башар чун давлати демокративу дунявӣ эътироф гардида, як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонист, аз ин мушкилот истисно нест. Ҳодисаи нангине, ки дар аввали моҳи сентябри соли 2015 туфайли даст ба ҷинояти зидди давлат ва миллат задани гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпешаи Абдуҳалим Назарзода рух дод, дасисабозиҳои собиқ раиси Ҳизби Назҳати Исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва пайравони ӯ гувоҳи гуфтаҳои болост. Ин амалҳо далолат бар он менамоянд, ки ҳанӯз гурӯҳҳо ва нафароне мавҷуданд, ки тинҷию оромии кишвар ва мардум барояшон арзише надорад. Ба хотири ба даст овардани манфиати шахсии худ чунин нафарон тайёранд, ки аз хурофотпарастию бегонапарастии иддае аз мардум истифода карда, суботу оромии ин сарзаминро барҳам зананд. Бобо Афзали Кошонӣ чандин сол муқаддам чунин падидаи номатлубро мушоҳида намуда, барҳақ гуфтааст:

Пайваста дилам зи неши хешон реш аст,

Пурҷавру ҷафову ғуссаву ташвиш аст.

Бегона ба бегона надорад коре,

Хеш аст, ки дар пайи шикасти хеш аст.

Хушбахтона, имрӯз давлати Тоҷикистон муқтадир аст ва ҳаргиз намегузорад, ки ин гуна ашхос ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд. Тири ин гуна ҷинояткорон ҳамеша хок хоҳад хӯрд, зеро, ба қавли Умари Хайём:

Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад,

Як бад накунад, то ба худаш сад нарасад.

Ман неки ту хоҳаму ту хоҳӣ бади ман,

Ту нек набинию ба ман бад нарасад.

Мавриди зикр аст, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат аз рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё изҳори таассуф намуда, таъкид менамоянд, ки мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Шайх Саъдӣ дар ин маврид таъкид менамояд:

Банӣ одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Гуфтан ба маврид аст, ки тақлиди кӯркӯрона ва беасос низ, ки боиси аз байн рафтани фарҳангҳо, миллатҳо ва давлатҳои том мегарданд, натиҷаи хурофоту таассуб ва нодонию ҷаҳолат аст. Ҳамагон, шоҳидем, ки бегонапарастӣ, тақлид ба арзишҳои бегона мардуми Сурияро ба чӣ фалокате рӯ ба рӯ кард. Садҳо ҳазор кушта шуданд, шаҳрҳои обод харобу валангор гардиданд. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар ин бора барҳақ фармудааст:

Халқро тақлидашон барбод дод,

Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод.

Бале, андешаҳои ноҷо ва ботил, ки тақлидкорона садо медиҳанд, боиси аз байн рафтани фарҳанг, рамсу оин ва гаравидан ба оинҳои бегона мегарданд. Адибони форс-тоҷик садҳо сол муқаддам ин маризии ҷомеаро пешгӯӣ намуда, дар асарҳои хеш бегонапарастӣ ва тақлидкориро сахт маҳкум намудаанд. Таъкидоти бузургони илму адаб бар он далолат менамояд, ки андешаҳои ифротӣ маҳз имрӯз ба вуҷуд наомадаанд, ин дарахт решаи куҳан ва маҳкам дорад ва то имрӯз бо меваҳои заҳрогини хеш афкори мардумро вайрон, оромӣ ва суботи ҷомеаро коста ва нафарони гумроҳгардидаро хонабардӯш месозад. Аз ин падида чӣ давлатҳои мутараққӣ, чӣ давлатҳои рӯ ба инкишоф ва чӣ кишварҳои қафомонда яксон зарар мебинанд.

Имрӯзҳо, баъзе ашхоси гумроҳ афкори ифротиро пешаву пайгирӣ ва тарғиб намуда, барои мардуми сайёра хатари бузургеро эҷод карда истодаанд. Афсӯс, ки ин ҳамаро ба дини мубини Ислом нисбат медиҳанд, то мардум бовар кунанд, мутаасифона, баъзе мардуми соддаву ноогоҳ бовар мекунанд. Ҳол он ки Ислом зидди ҳама гуна хурофоту таассуб, зидди исрофкорӣ, дурӯғу газзоф, бадкирдорӣ, мардумозорӣ, одамкушӣ ва харобкорӣ буда, тибқи ҳадиси набавӣ беҳтарин мусалмон касест, ки аз дасту забони ӯ касе озор набинад. Бобо Афзали Кошонӣ ба ин маънӣ ишора намуда, мусулмониро на дар омӯзиши улуми динӣ, балки риояи ахлоқи исломӣ медонад ва одамиро аз бадӣ парҳез медиҳад:

Эй дил ту даме мутеи Субҳон нашудӣ,

В-аз кардаи ҳеҷ бад пушаймон нашудӣ.

Қозиву фақеҳу муфтиву донишманд,

Ин ҷумла шудӣ, вале мусулмон нашудӣ.

Зимни баррасии ин мавзӯъ суоле зеҳни ҳар як фарди солимфикрро машғул медорад, ки чӣ бояд кард, то ҷомеа ва Ватани азизи хешро аз ин омилҳои номатлубе, ки оқибат ба маҳв гардидани давлату миллатҳо мерасонад, ҳифз намоем?

Ба андешаи ин ҷониб, яке аз рукнҳои асосии ҳар давлати дунявӣ ва пешгирии таассуби диниву бегонапарстӣ ин рӯ овардан ба фарҳангу арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маънавиёти мардум ва ақлгароӣ мебошад. Ба хотири даст ёфтан ба ин мақсад, тибқи амрномаи Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон эълон гардидани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз ҷумлаи беҳтарин тадбирҳоест, ки баҳри худшиносӣ, эҳёи фарҳанги китобдориву китобхонии мардуми мо мусоидат менамояд. Дар сатҳи олӣ амалӣ гардонидани ин фармон на танҳо сатҳи маданияту маънавёти миллии моро ба маротиб боло мебардорад, балки рушди минбаъдаи давлату миллати моро дар ҳама ҷабҳаҳои хоҷагии халқ таъмин менамояд.

Аз худ номи нек гузоштан аз ҷумлаи масъалаҳои дигаре мебошад, мардумро аз кирдори бад ва таассуби динӣ пешгирӣ намуда, баҳри таъмини абадияти миллат мусоидат менамояд. Аз ин ҷост, ки тарғиби некномиву накӯкорӣ ба аҳли башар он қадар дар оину фарҳанги тоисломии ниёгони мо аҳамият дорад, ки ҳанӯз дар китоби мазҳабии «Авесто» таъбири «Рафтори нек, гуфтори нек, пиндори нек» ҳамчун меъёри ахлоқу дини мардум таъкид гардида, тараннуми он дар одобу маданияти миллии мо ҷойгоҳи вижае касб намудааст. Чунончи, дар ривояте омадааст, ки Анушервони Одил дар боргоҳи худ чил нафар донишмандону ҳакимонро ҷамъ оварда, зимни суҳбат мунтазам аз онҳо нуктаҳои ҳакимона ва дастури давлатдориву раиятпарварӣ меомӯхт. Боре зимни суҳбат яке аз ҳакимон гуфт: «Бад макун ва бад маяндеш, то бадӣ н-оядат пеш» ва ҳакими дигар илова намуд: «Некӣ куну нек андеш, то туро некӣ ояд пеш». Анушервон фармуд, то ба ҳакими аввал ҳазор динор ва ба дигарӣ ду ҳазор динор инъом диҳанд. Чун аз ӯ сабаби тафриқаи мукофот пурсиданд, ҷавоб дод: «Аввалӣ аз бадӣ гуфт ва дуюмӣ аз хубӣ». Аз мазмуни ин нақл бармеояд, ки таваҷҷуҳи ниёгони мо ба ин масъала хеле ҷиддӣ буда, ҳатто мардумро аз гуфтану шунидани лафзи бадӣ парҳез мефармудаанд. Аз ин хотир, дар гуфтори ҳакими дуюм садо додани вожаи «некӣ» мӯҷиби гаронарзишии нуктаи ӯ гардидааст.

Дар дини мубини ислом низ тарғиби аъмоли хайр, аз ҷумла поктинатӣ, накукорӣ, некномӣ ва хайрхоҳиву некандешӣ ҷойгоҳи волое дошта, дар саросари оёти Қуръони маҷид ва аҳодиси набавӣ подоши мукофоти аъмоли неку бад баррасӣ мегардад.

Ақлгароӣ ва бо чашми хирад ба ҳар падида назар афкандан аз ҷумлаи тадбирҳои дигаре аст, ки метавонад моро аз таассубу бегонапарастӣ эмин нигоҳ дорад. Зимни руҷуъ ба луғатномаҳо дармеёбем, ки вожаи ақл аз лиҳози луғавӣ ба ду маъно ба кор рафтааст: яке наҳй, манъ, ҳабс ва имсок, дигаре фаҳм дарк, қобилияти дарёфи неку бад. Дар асоси ин тафсирҳо мантиқан метавон гуфт, ки ақл қобилиятест, ки инсон тавассути он некро аз бад имтиёз бахшида, ҳавои нафси худро ҳабс месозад ва ба ин васила вуҷуди худро аз бадиҳо парҳез медиҳад. Аз ин ҷост, ки тавсифи ақл ва тарғиби ақлгароӣ дар адабиёти мо ҷойгоҳи хосаеро ишғол менамояд. Масалан, Ҳаким Саноӣ олами фониро чун боргоҳи андуҳу ғам қаламдод намуда, таъкид месозад, ки ақл ягона мудаббирест, ки Худованд онро баҳри чорасозии инсон, василаи раҳоии ӯ аз ҳама гуна ҷаҳолату таассуб офаридааст:

З-он дар ин боргоҳи андуҳу ғам

Аз пайи шодии банӣ Одам,

Иллати фаҳму ваҳму ҳуш омад,

Ки бараҳна бараҳнапӯш омад.

Ақл дар роҳи ҳақ далели ту бас,

Ақл дар ҷойгаҳ Халили ту бас.

Аз ҷаҳолат туро раҳонад ақл,

Ба ҳақиқат туро расонад ақл.

Ақл то пешгӯи фармон аст,

Суханаш ҳамқарини Қуръон аст.

Чанг дарзан ба ақл то бираҳӣ,

В-арна гардӣ ба ҳар раҳе чу раҳӣ.

Тавре аз гуфтаҳои боло ва маънии абёти бузургони адабиётамон бармеояд, тақдири миллат дар дасти фарзандони оқилу фарзонаи ӯст. Дар кишваре, ки ғоя ва арзишҳои асили миллӣ тарғиб ва дифоъ, мегарданд, мардум дар ниҳояти соҳибмаърифативу ақлгароӣ маданияту фарҳанг, расму оин ва анъанаҳои хешро гиромӣ медоранд, ҳеҷ гоҳ ба тақлиду тақлидкорӣ ё ташаккули андешаҳои ифротӣ ва расму оини бегона роҳ нахоҳанд дод.

Ободии кишвар ва осудагии ҷомеа аз некандешешӣ, ваҳдатгароӣ ва муҳаббату вафодорист, на аз хурофотпарастиву таассуб. Ин падидаҳои номатлуб миллату давлатро на ба инкишофи устувор, балки ба таназзулу инҳисор мувоҷеҳ мегардонанд. Аз ин рӯ, ба хотири бардавому барқарор ва дур аз газанд нигоҳ доштани давлати воқеан демокративу дунявии худ мо бояд ба арзишҳои умумибашарӣ, хиради азалӣ ва ҷойгоҳи волои инсоният арҷ гузорем. Ҳикмати гузаштагони худро мунтазам омӯзем, пайи тафсири дурусти Қуръон саъй варзида, ба сухани ҳар фарди мутаассиб дода нашавем. Дар интиҳо мехоҳам байти Иқболи Лоҳуриро иқтибос намоям, ки исёни қалби ӯ алайҳи муфассирону таъвилгарони мутаассиб буда, метавонад ҳушдоре баҳри ҳар яки мо бошад:

Зи ман бар сӯфию мулло саломе,

Ки пайғоми Худо доданд моро.

Вале таъвилашон бар ҳайрат андохт,

Худову Ҷабраилу Мустафоро.

 

 

 

Муҳаббат Маҳмадалиева, саромӯзгори кафедраи

адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав