Вақте ки 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълон дошт, кишварҳои мухталифи ҷаҳон  Тоҷикистонро давра ба давра ҳамчун давлати мустақил эътироф намуданд.  Аз замоне, ки Истиқлолият дар Тоҷикистон пойдор шуд, давлат роҳи рушди  минбаъдаи худро бо кишварҳои демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мувофиқ сохт.  Дар тӯли 26-соли Истиқлолият Тоҷикистон  ба бисёр даствоардҳлои бузург ноил гардид. Имрӯз ҳар як тоҷик аз он ифтихор менамояд, ки соҳиби давлати обод ва озод мебошад. Лекин, мутаасифона,  вақтҳои охир дар хориҷи кишвар, яъне дар Сурияву Ироқ ва бархеи дигар кишварҳои ҷангзада ба сафи созмонҳои ифротию террористии бо ном “Давлати исломии Ироқу Шом” пайвастани як гурӯҳ ҷавонони тоҷик ба чашм мерасад. Ҳанӯз ҳам омилҳои гуногуни иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вуҷуд доранд, ки боиси роҳгум задани ҷавонон ва бо ифротиён пайвастани онҳо мешавад.

Асоси шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ин надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ  нисбати мероси маънавӣ-фарҳангии хеш, бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.

Иллатҳои сар задани чунин падидаҳои номатлуб, хатари тафриқаандозӣ ва ҷудоӣ дар байни мусалмонони кишвар дар солҳои охир, ин дар ҷомеаи мо пайдо шудани иғвоангезӣ, ҳизбгароиву гурӯҳбандӣ дар фазои кишвар мебошад. Мо худ дарк мекунем, ки  таҳкими сулҳу субот мубориза ба ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ метавонанд ғояҳои давлатро заиф гардонанд, аз фаъолияти муътадилу мунтазами кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохтори низомӣ вобастагии мустақил дорад. Дар замони мо ҳама ҷо пур аз густариши экстремизм, терроризм мебошад, дар  ин бора дар ҳама ҷо зиёд ҳарф мезананду менависанд. Асосан  маънои аслии “экстремизм” ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои аз ҳад гузаштан мебошад. Экстремист шахсе мебошад, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравиро роҳ медиҳад. Ин зуҳурот метавонад, ки дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон ба миён ояд.

Қайд намудан зарур аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.

Сабаби  пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан, ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии истиқлолияти миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин паёомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ бояд эмин нигоҳ дошт.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Ҷавонони азиз! Ояндаи Тоҷикистон дар дасти Шумост, биёед ба ҷаҳониён исбот намоед, ки миллати тоҷик-миллати сулҳпарвару меҳанпараст мебошад ва кӯшиш намоед, ки истиқлолияти  миллати худро то абад ҷовидон нигоҳ доред ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳед”. Ҷавобан, ба ин гуфтаҳои сарвари давлат ҷавонон, бояд ки масъулияти тақдири давлат ва миллатро бар дӯши худ гирифта, бояд халқамонро ҳамеша дар муттаҳидӣ ва бо бунёдкориву созандагӣ раҳнамо сохта, Истиқлолияти  кишвари азизамонро чун гавҳараки чашм нигоҳ доранд.

 

Файзова Зуҳал – ҷонишини декан оид ба

таълими факултети забони англисии ДДБ ба номи Носири Хусрав