Дар зиндагӣ чунин қабул шудааст, ки вақте ҳар як инсон ба олами ҳастӣ қадам мегузорад, ҳамзамон ӯ ба ин дунё баҳри иҷрои рисолати муайяне меояд. Аммо барои он ки ӯ рисолати хешро дар ин олам ба тамом иҷро намояд, лозим меояд, ки дар давоми ҳаёти худ меҳнат ва заҳмати зиёдеро ба сомон расонад. Агар не, ӯ на танҳо рисолат, ҳатто кори одиеро наметавонад ба анҷом расонад.

          Нафароне, ки дар зиндагӣ рисолати хешро ба хубӣ дарк мекунанду барои ба ҷо овардани он илму дониш, ақлу хирад ва қуввати худро барои хизмат ба халқу миллат ва Ватан дареғ намедоранд, онҳо монанди хуршеди дурахшоне ҳастанд, ки ба василаи худсӯзиву худафрӯзӣ бо фурӯғи нурпошу ҷонбахшаш ба инсонҳои дигар нуру зиё бахшида, роҳи ҳамзамонону ояндагонро ҳамеша равшан месозанд.

          Яке аз чунин мардони илму маорифи Тоҷикистони азизи мо, ки зиёда аз шаст соли умри ширини хешро сарфи таълиму тарбия ва таҳқиқу пажӯҳиш дар риштаи педагогика, психология ва методикаи таълим кардааст, ин устоди азизу гиромӣ, сахтгиру серталаб ва ҳамзамон орому ботамкин, ғамхору дилсӯз – Муҳаммадулло Лутфуллозода мебошад. Аз ин сифатҳои устод, ҳангоми суҳбат ва ҳамкорӣ бо ӯ ҳар як нафар ба хубӣ огоҳ мегардад. Зеро дар боби сифатҳои неки устод дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо бисёр навиштаанду хоҳанд навишт. Дар боби аҳвол, осор ва эҷодиёти педагогиву маорифпарварии устод китобҳои зиёд ба табъ расидаву рисолаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ таҳия гардидаанд.             

          Бояд тазаккур дод, ки ба аҳли илму назар, устодону омӯзгорон, шогирдону хонандагони азизу арҷманд маълум аст, ки устод Муҳаммадулло Лутфуллозода дар тӯли ҳаёт ва фаъолияти пурсамари хеш асарҳои илмӣ, таълимиву тарбиявӣ ва методии бешумореро ба анҷом расонида, ба дасти хонандагон ва ҳаводорони серталабу гиромӣ расонидаанд. Аз иншо кардани мақолаи мазкур ҳадаф ва манзури мо на он аст, ки дар бораи аҳвол ва осори устод ба хонандагони гиромиқадр маълумот расонем, балки дар доираи яке аз асарҳои бузурги ӯ «Педагогикаи миллии халқи тоҷик» таассурот ва андешаҳои хешро, қадре ҳам бошад, изҳор намоем.

          Асари бузургҳаҷми устод – «Педагогикаи миллии халқи тоҷик» барои халқи тоҷик ва махсусан соҳаи илми педагогикаи миллӣ, таҳқиқоти бунёдӣ ба ҳисоб рафта, яке аз масъалаҳои доғи замонро дар бар мегирад ва дар раванди эҳё намудани педагогикаи миллӣ шароит муҳайё месозад, то ки ҳар як шахс дар қабул ва интихоб намудани мақсад, моҳият ва мазмуни таълиму тарбия мустақил ва озод бошад. Чунончи, вазъи ҷомеаи муосир тақозои онро дорад, ки мавзӯи омӯзиш, таҳлил ва таҳқиқи мақсад, моҳият ва мазмуни таълиму тарбия бояд, пеш аз ҳама, ба манфиати имрӯз ва фардои ташаккул ва рушди илму маорифи миллии ҷомеаи навини Тоҷикистон равона карда шуда бошад. Имрӯз, дар шароити ҷомеаи навини мо, бояд шароите ба амал бароварда шавад, ки ташаккул ва рушди ҳаматарафаи шахсияти ҳар як шаҳрванд таъмин шавад. Ин маънои онро дорад, ки ҳар як фард имкон пайдо кунад, то қобилияти зеҳниву фикрии ӯ рушд ёфта, ҳисси инсондӯстӣ, ватандорӣ, ифтихори миллӣ, худогоҳӣ, худшиносӣ ва дигар сифатҳои ахлоқи волои инсонӣ ривоҷ ёбад. Дар ин замина, устод ба он кӯшидааст, ки ба арзишҳои илмӣ, маънавӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии миллии тоҷик ва башарӣ такя намояд. Асари «Педагогикаи миллии халқи тоҷик» маҳз дар асоси принсипи риояи арзишҳои беҳтарини миллӣ ва башарӣ нигошта шудааст.

          Китоби «Педагогикаи миллии халқи тоҷик» аз 5 қисм, 25 боб ва 113 зербоб (параграф) иборат мебошад. Қисматҳои асар масъалаҳои муҳимми педагогикаи миллии халқи тоҷикро, ба монанди: асосҳои умумии педагогикаи миллии халқи тоҷик; инсон, ҳуқуқ, арзишҳо ва сиҳатию саломатии он; назария ва амалияи тарбияи инсон; масъалаҳои умумии дидактика, назария ва амалияи таълим ва таҳсилот; асосҳои умумии мактабшиносиро дар бар мегирад. Аз нуктаҳои матраҳгаштаи асар чунин бармеояд, ки устод Муҳаммадулло Лутфуллозода дар рафти баррасии масъалаҳо, пеш аз ҳама, ба арзишҳои миллии халқи тоҷик такя карда, ба он кӯшидааст, ки дар навбати аввал, ба мазмун, моҳият ва муҳтавои асар рӯҳи миллӣ бахшад ва сипас таваҷҷуҳи хонандаро ба масъалаҳои умдаи замони муосир, ташаккул ва рушди қобилияти фикриву зеҳнӣ, тафаккур, худомӯзӣ, худтарбиякунӣ, омӯзиши мустақилона, маърифатнокӣ, муайян кардани мавқеи хеш дар зиндагӣ ва умуман тайёр будан ба ҳаёти мустақилона ва амсоли инҳо равона кардааст.

          Чун ҳамешагӣ устод М. Лутфуллозода ба осори ниёгони бузурги хеш такя карда, аз оғози китоб то ба охир як мавзӯъ-мавзӯи инсон, яъне таълиму тарбияи инсонро меҳвар қарор додааст. Дар ин хусус, худи муаллиф дар пешгуфтори китоб чунин овардааст: «Асоси китобро мантиқи зиндагӣ ташкил медиҳад: пас аз баёни асосҳои умумии педагогика… меравем ба суроғи худи инсон, ҳуқуқ, арзишҳо ва сиҳатию саломатии он, дуюм тарбияи инсон, сеюм таълими инсон…»[1].

          Тавре ки мушоҳида мегардад, мақсад, моҳият ва муҳтавои китоби мазкур барои инсон ва манфиатҳои инсон равона карда шудааст. Ин нукта, пеш аз ҳама, ҷавҳари педагогикаи миллии халқи тоҷикро ташкил дода, аз сифати баланди инсондӯстии муаллифи китоб дарак медиҳад.

          Устод М. Лутфуллозода дар асари хеш ба илм, дониш, ақл, хирад, сабру таҳаммули инсонӣ, ки ба мардуми тоҷик ва умуман ориёитабор хос аст, такя карда, хонандаро ба он даъват кардааст, ки аз мушкилиҳо натарсидаву наҳаросида, бо ёрии илму дониш ва ақлу хиради бобоӣ ҳамеша ба сӯи мақсад равона бошанд. Ба андешаи худи устод, «Ақл, дониш, ҳиммат ва ҳувияти шумо ҳама гуна мушкилотро паси сар карда, роҳи мустақилеро мунаввар месозад, ба дил неру мебахшад»[2]. Чи тавре худи устод дар ин ҷо аз номи бузургони гузашта овардаанд:

                        Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,

                        Агар хоре бувад, гулдаста гардад[3].                  

            Ба аҳли илму ақлу хирад равшан аст, ки мавзӯи инсондӯстиву инсонгароӣ яке аз арзишҳои муқаддастарини офаридаҳои маънавии тафаккури инсонӣ аз он замон, ки ӯ ба ақл омадааст, ба ҳисоб рафта, ояндаи дурахшони одамият ба он бастагӣ дорад ва дар ташаккул ва рушди масъалаи мавриди назар фарзандони фарзонаи мардуми форсу тоҷик саҳми босазо доранд.

            Академик Лутфуллозода М. дар қисмати аввали китоб масоили омӯзгори замони муосир, ҳувият ва талабот нисбат ба ӯ, мафҳуми педагогика ҳамчун илм, педагогикаи миллӣ, қонуниятҳо, вазифаҳо, методҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, сарчашмаҳои педагогикаи миллӣ ва ғайраро ба миён гузошта, барҳақ сухани аввалро аз осори ниёгони бузурги гузаштаамон оғоз кардааст. Дар асл ҳам, чи тавре ки устод таъкид мекунанд, мутафаккирони бузурги халқи тоҷику форс дар рушди ҷаҳони маънавӣ ва ҷомеаи мутамаддини олам хишти аввалро гузошта, ба ҳамаи эшон ҳаққи устодӣ доранд. Чунки суханоне, ки онҳо гуфтаанд, на фақат ба халқи тоҷик, балки ба тамоми аҳли башар тааллуқ дорад. Масалан, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фармудааст:

                        То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

                        Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.

                        Мардумони бихрад андар ҳар замон,

                        Роҳи донишро ба ҳар гуна забон[4].

                         Ё Абдураҳмони Ҷомӣ овардаанд:

                        Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

                        Шавад тира аз бехирад рӯзгор[5].    

            Устод М. Лутфуллозода китоби хешро мақсаднок бо осори ниёгони бузургамон оғоз бахшида, масъалаи омӯзгор ва сифати онро баррасӣ кардаанд, ки барои омӯзгорони имрӯзу фардои миллати тоҷик маҳз эшон намунаи ибрат шуда метавонанд. Агар мо – омӯзгорон хоҳони он бошем, ки илм, фарҳанг, ахлоқ ва ҷомеаи муосири мо пешрафт бошад, бояд такя ба афкор ва нишондодҳою панду андарзҳои ниёгони бузургамон карда, зиндагии хешро дар амал роҳандозӣ намоем. Чунки зиндагӣ, кору пайкор ва осори гаронбаҳои ҳамаи онҳо барои мо ҳамчун роҳнамои саодатманди ҳаёту мамоти ҳамешагии мо ҳоҳад монд.

            Ба андешаи устод М. Лутфуллозода, мо имрӯз ба таълиму тарбияи насле машғул мебошем, ки ояндаи давлату миллат дар дасти онҳост. Бинобар ин, моро зарур аст, таълиму тарбияро ба тарзу усуле ба роҳ монем, ки пеш аз ҳама, дар доираи арзишҳои миллии халқи тоҷик бошад ва сипас моҳияту муҳтавои он бо арзишҳои пешоҳанги башарӣ ҳамоҳанг гардад.

            Дар ин ҷо бояд ҳамин нуктаро таъкид намоем, ки барои омӯзиш ва муайян намудани моҳият, муҳтаво ва мақсади арзишҳои миллии халқи тоҷик ва дуруст ба роҳ мондани раванди тарбия ва таълими насли оянда, роҳҳо ва тарзу усули ҳамоҳанг сохтан ба арзишҳои пешоҳанги башарӣ маҳз илми педагогика метавонад нақши калидиро бозад. Устод М. Лутфуллозода маҳз аз ҳамин назар кӯшидааст, то ин ки масоили педагогикаи миллии халқи тоҷикро пешниҳод намояд. Мақсад аз иншо намудани чунин китоб боз аз он иборат аст, ки раванди тарбия ва таълими насли ояндаи Тоҷикистон нахуст дар асоси арзишҳои миллии халқи тоҷик сурат гирифта, сипас ба арзишҳои умумибашарӣ омехта гардад. Маҳз чунин муносибат ва тарзи ҳалли масъала имкон фароҳам меоварад, ки шахси ҳаматарафа рушдёфта ва инсони комилро ба воя расонем.  

            Дар ҳамин росто академик М. Лутфуллозода оид ба масъалаи талабот ба омӯзгори муосирро мавриди таҳлил қарор дода, таъкид менамоянд, ки омӯзгор бояд як умр шогирдон, касби худ, халқу миллат ва ватани худро дӯст дорад. Омӯзгоре, ки дар дил чунин меҳрро надораду чунин меҳрро намепарварад, ӯ ҳеҷ гоҳ муаллими ҳақиқӣ шуда наметавонад. Дар диле, ки чунин меҳр аланга намезанад, дар диле, ки барои чунин меҳр ҷой нест, чунин дил қудрати онро надорад, ки баҳри халқу миллат ва ватани худ кори шоистаеро ба сомон расонад. Бо мақсади баланд бардоштани савияи касбии омӯзгор устод М. Лутфуллозода аз ҳама гуна шаклҳои такмили ихтисоси омӯзгор роҳи худомӯзиро тавсия дода, асоси худомӯзии муаллимро тариқи зайл пешкаш намудаанд: «Асоси худомӯзии муаллимро далелҳои зерин ташкил медиҳад: ҳирси донишомӯзӣ, дӯст доштани бачаҳо, хоҳиши васеъ намудани доираи назар ва ҷаҳонбинӣ, мутахассиси баланд шудан ва ғайра»[6].  

            Ба ақидаи устод М. Лутфуллозода бо мурури замон мазмуни таҳсилот, шаклҳо, роҳҳо, тарзу усул ва роҳу равиши таълим ба тағйирот дучор гашт. Ҷомеа низ дар ин асос дархост ва талаботи нав ба навро пеш мегузарад. Дар ин асно омӯзгори муосир бояд мазмун, шаклҳо, роҳҳо, тарзу усул ва муносибати худро нисбат ба таълиму тарбияи хонандагон омӯхта, таҳлил карда, аз диди нав роҳандозӣ намояд.

            Қисмати дуюми китоб, бобҳои 3,4,5,6-ро дар бар гирифта, масъалаҳои инсон, мақом ва сиришти он, эъломияи умумии ҳуқуқи башар, арзишҳои ҷовидонаи маънавии миллати тоҷик ва саломатии миллат -сарвати давлат мавриди таҳлил ва таҳқиқ қарор гирифтааст.

            Чи тавре мо шоҳид ҳастем, рӯз аз рӯз ва беш аз пеш дар ҷомеаи инсонӣ қадру қимат ва маъниву мақоми инсон хароб гашта, ҷаҳони маънавӣ ва олами ахлоқии ӯ оҳиста-оҳиста рӯ ба таназзул ниҳода истодааст. Ҳол он ки инсон дар олами ҳастӣ ягона мавҷудоте мебошад, ки бо василаи илму дониш, ақлу хирад ва ихтироъкорӣ ба арши баланди шуури олӣ расидааст. Дар боби мақому манзалати инсон садҳо асару достонҳо ба иншо расидаанд. Барои исботи фикри манзуршуда рубоие аз мутафаккири бузурги халқи тоҷик Умари Хаём пешниҳод менамоем:

                        Мақсуд зи ҷумла офариниш моем,

                        Дар чашми хирад ҷавҳари биниш моем.

                        Ин доираи ҷаҳон чу ангуштарист,

                        Бе ҳеҷ шаке, нақши нигинаш моем[7].

            Академик Лутфуллозода М. дар қисмати мутазаккира низ ба осори нодири ниёгонамон такя карда, инсон, маънӣ, мақом, симо, дил, хушбахтӣ, ризқу рӯзӣ, зебоиву фазилатҳо, қувваи ақлу фаросат, неру ва тавоноии онро ба риштаи таҳлил кашида, ӯро меъмори муъҷизаҳои олам ҳисобидааст.

            Устод инсонро баҳои баланд дода, таъкид менамояд, ки: «…инсонро ду масъулият аст: яке сазовори номи одамӣ бошад ва агар набошад, то ба охири умр бар он бикӯшад, дигаре сифатҳои одаму одамгариро аз даст надиҳад. Зеро байни ӯву махлуқоти дигар, аз ҷумла маймуну ҳайвон, як қадам роҳ аст»[8].

            Масъалаи дигаре, ки устоди арҷманд мавриди баррасӣ қарор додаанд, ин симои инсон мебошад. Ба андешаи ӯ, инсон бояд соҳиби ҳам сурати зебо ва ҳам сирати зебо бошад. Ба ин мазмун устод таъкид менамоянд, ки барои инсон муҳим он аст, ки сурат ва сирати хешро таҳти назар гирад, то онҳо ҳамеша пуркунанда ва ҳамоҳанги якдигар бошанд.

            Сифати дигаре, ки устод Лутфуллозода М. дар китоби мазкур мавриди таҳлил қарор додааст, ин ақлу хирад ва фаҳму фаросат ва фазилатҳои инсонӣ мебошад. Инсон дар рафти зиндагӣ ҳамеша кӯшиш менамояд, ки ба василаи ақлу хирад ва фаҳму фаросат сатҳу сифати зиндагиро беҳтар намояд, аз таҷрибаи рӯзгори хеш ва дигарон омӯзад ва ҳамеша барои ободии кишвар ва халқу миллати худ хизмат намояд.

            Ба андешаи мо, масъалаҳое, ки устод Муҳаммадулло Лутфуллозода мавриди таҳлил ва таҳқиқ қарор додааст, ҳар як фарди инсондӯст ва ватандӯстро водор месозад, ки зиндагии орому осударо пешаи худ сохта, дар рушду нумӯъ ва пешрафти ҳаёти халқу миллати хеш саҳмгузор бошад.

            Дар қисмати сеюми китоб устод Муҳаммадулло Лутфуллозода масъалаҳои муҳимми тарбияи инсонро дар шароити рушди ҷомеаи муосир ба мисли, тарбия ва ҳикмати он аз диди ниёгон, ҷомеаи муосири Тоҷикистон ва заминаҳои тарбия, мавқеи педагогикаи мардумӣ ва ҷашнҳои миллӣ дар тарбия, тарбияи ватандӯстӣ, тарбияи накукорӣ ва гуманистӣ, тарбияи андӯхтани касбу ҳунар, шавқу рағбат ба техника ва технологияи муосир, тарбияи сабру таҳаммул ва дарки ҷаҳонгароӣ, усул ва тарзҳои тарбия ва монанди инҳоро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

            Дар ин қисмат муаллиф таваҷҷуҳи хонандаро ба масъалаи мафҳуф ва моҳияти тарбияи инсон ҷалб намуда, дар ин раванд ҳифзи сиҳатию саломатиро дар мадди аввал мегузарад. Ӯ аз осори ниёгони бузурги халқи тоҷик далелҳо оварда, исбот кардааст, ки барои инсон ва тарбияи дурусти он аз ҳама чизи қиматтарин ин сиҳативу саломатӣ мебошад. Аз қадимулайём, вақте ки инсон худро шинохту эътироф кард, баҳри ҳифзи саломатии хеш талош кардааст.

            Нуктаи дигаре, ки муаллиф таъкид кардааст, ин дар ҷойи аввал (чи тавре, ки анъана шуда буд) «Дидактика» ё «Назарияи таълим»-ро мегузоштанд ва баъдан «Назарияи тарбия»-ро. Устод ин қолаби доимиро шикаста, аввал «Назарияи тарбия»-ро гузоштаанд. Барои исботи андеша ва мавқеи хеш устод М. Лутфуллозода чор андешаеро пеш оварда, исбот кардаанд, ки ҷойи тарбия пеш аз таълим ва таҳсил мебошад.

            Муаллифи китоби «Педагогикаи миллии халқи тоҷик» мутмаин аст, ки агар тамоми кӯшишу заҳматҳои тарбияи инсон ба ҳифзи сиҳату саломатӣ ва риоияи талаботи даврабандии синнусолии ӯ равона карда шавад, ин маънои онро дорад, ки яке аз муҳимтарин қонунмандии тарбия риоя карда шуда, дар натиҷа сатҳу сифати тарбия то ҳадди назаррас беҳ мегардад.

            Устод Муҳаммадулло Лутфуллозода мулоҳизаҳои хешро дар доираи дархости ҷомеа ва рукнҳои тарбия, унсурҳои таркибии тарбия, андешаи миллӣ, тарбияи худогоҳӣ, ваҳдат, ҳувият ва ифтихори миллӣ, накукорӣ ва гуманизм, тарбияи ватандӯстӣ, зебоиписандӣ, муаммои мушкилоти тарбия ва ғайра барои хонандагон арзонӣ дошта, нақши андешаи миллиро дар раванди тарбияи насли наврас ва бунёди давлати соҳибистиқлол қайд карда, чунин овардааст: «Тафаккури миллӣ+ақлу хиради азалӣ+андешаи миллӣ+ҷомеаи мутамаддин. Қисмҳои модулпораҳои алоҳида набуда, мантиқан бо ҳам алоқаманданд ва дархости яке аз дигаре бармеояд. Фақат моро лозим меояд, ки дар вақти тарбия аз ин мантиқ моҳирона истифода барем»[9].  

            Ба қавли академик Муҳаммадулло Лутфуллозода, дар амалӣ намудани масъалаи тарбияи инсон, пеш аз ҳама, ташаккул ва рушди ҳисси инсондӯстӣ (гуманизм) ва ватандӯстии ӯро парвариш ва ривоҷ додан зарур аст, чунки бе он ки дар вуҷуд ва қалби ӯ ҳисси инсонгароӣ ва ватандориро ҷойгир нанамоем, ба камол расонидани инсон номумкин аст.

            Академик Муҳаммадулло Лутфуллозода дар қисмати чоруми китоби хеш назаре ба масъалаи пайдоиши моҳият ва мафҳуми дидактика, категорияҳо ва қонуниятҳо, равияҳо, принсипҳо ва тавсифи онҳо, мафҳум, моҳият ва хусусиятҳои психологии таълим карда, кӯшиш ба харҷ додаанд, ки масъалаҳои умдаи дидактикаи муосири педагогикаи миллиро мавриди таҳлил ва баъдан, баҳри дар амал истифода намудани он чораандешӣ намоянд.

            То ҷое, ки ба мо маълум аст, дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар масъалаҳои илму маориф ба масъалаи дурнамои рушди маориф таваҷҷуҳи хосса дода шудааст. Дар радифи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асари мазкури устод мавзӯъҳое мавриди таҳлил ва таҳқиқ қарор гирифтаанд, ки бевосита масъалаҳои мақоми мактабҳои муосир, баланд бардоштани сатҳу сифати раванди таълим, муайян намудани ғояҳои асосии давлатдории миллӣ, сифатнокии нақша ва барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, истифодаи тарзу усулҳои фаъоли таълим, шаклҳо, роҳҳо ва воситаҳои ташаккул ва рушди қобилияти фикрӣ ва зеҳнии хонандагонро дар бар мегирад.

            Дар ин росто, асари «Педагогикаи миллии халқи тоҷик»-и устод Муҳаммадулло Лутфуллозода метавонад ҳамчун роҳнамое дар тартиб ва таълифи барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ хизмати шоистаеро ба ҷо биорад.       

            Нукоти муҳимми дигаре дар китоб ба назар мерасад, ки онҳо муайян намудани мақсад ва вазифаҳои таҳсилоти умумӣ буда, мавзӯъҳои муҳимми педагогикаи муосир, нақшаи таълим, барномаи таълимӣ, салоҳиятнокии хонандагон, тарзу усулҳои фаъоли таълим ва дар охири ҳар як боб саволу супоришҳо мебошанд. Ба чунин тарз зери фармони қалам додани китоб аз тарафи устод ба омӯзгорон имкон медиҳад, ки онҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд ва тибқи талабот ташкил карда гузаронидани дарси муосир аз ин роҳнамои беминнат кор гиранд.

            Академик Муҳаммадулло Лутфуллозода дар «Педагогикаи миллии халқи тоҷик» дар асоси далелу арқом, мисолҳои ҳаётӣ ва суханони мутафаккирони бузурги халқи тоҷик то чи андоза муҳим ва зарур будани масъалаи таълиму таҳсилотро барои имрӯзу фардои миллати тоҷик дақиқ ва возеҳ исбот кардааст, ки ин дар баланд бардоштани сатҳи илму дониш, ақлу хирад, қобилияти фикрию зеҳнӣ, ташаккул ва рушди ҷаҳонбинии илмӣ, интихоби дурусти касбу ҳунар ва сифатҳои ахлоқии наслҳои ояндаи миллати тоҷик нақши бениҳоят арзандаро мебозад.

            Ҳамчунин дар қисмати мазкур академик Муҳаммадулло Лутфуллозода ба дигар масъалаҳои муҳимми раванди таълим ба монанди усулу тарз, воситаҳои таълим, таълими ҳамгиро ва тафриқа, тайёрии муаллим ба дарс таваҷҷуҳ карда, ба мавзӯи дарс, моҳият ва мазмуни он бештар таваққуф кардаанд. Бояд зикр намуд, ки сабаби ба дарс диққати махсус додани устод дар он аст, ки дар баробари муҳим будани паҳлуҳои раванди таълим андешаҳои муаллиф оид ба дарс мафҳум, моҳият, мақсад, ташкил, типҳо, устохонбандӣ, тайёрии омӯзгор ба он ва ғайра арзишманданд.

            Ҳамин тавр, дар қисмати «Дидактика» тамоми самтҳои «Назарияи таълим» дар заминаи илми педагогикаи муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд, ки барои пешрафти педагогикаи миллии халқи тоҷик метавонад таъсири мусбат расонида, мақоми хоссаро касб кунад.

            Дар қисмати панҷуми китоби «Педагогикаи миллии халқи тоҷик» устод Муҳаммадулло Лутфуллозода ҳуҷҷатҳои расмии давлатиро ба эътибор гирифта, дар асоси Қонунҳо, Консепсия, Стандарти давлатӣ оинномаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳамчун ҳуҷҷатҳои маорифсози Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар кардааст.

            Масъалаи дигаре, ки муаллиф дар ин қисмати китоб мавриди баррасӣ қарор додааст, ин мактабу мактабшиносӣ мебошад. Устод дар баробари фаъолияти мактаб ва ниҳодҳои (сохторҳо) он таваҷҷуҳ зоҳир кардан боз ба масъалаҳои дигари муҳимми роҳбарию ташкилии мактаб, аз ҷумла директори мактаб ва сифатҳои маънавии ӯ, Шӯрои педагогӣ ва нақши он дар ташкил ва танзими фаъолияти омӯзгорони мактаб, ташкил ва гузаронидани корҳои методӣ, иттиҳодияҳои методӣ ва вазифаҳои он, ҳуҷҷатнигории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷомеаи муосир аз диди илми педагогикаи муосир таваққуф кардааст. Устод, низоми мактабдориву мактабшиносиро бо як маҳорати баланд, мувофиқ ба талаботи қонунгузории ҷории Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҷавобгӯ ба назария ва амалияи мактаби миллии тоҷик коркард намуда баромадааст.

            Дар ин ҷо бояд зикр кард, ки дар илми педагогикаи муосири халқи тоҷик асари «Педагогикаи миллии халқи тоҷик»-и академик Муҳаммадулло Лутфуллозода китоби аввалин дар ин самт ба ҳисоб рафта, ҳамчун махзани маърифат ва тарбияву таълими миллии тоҷик месазад, ки китоби рӯимизии ҳар як омӯзгори Тоҷикистон бошад.

            Китоби «Педагогикаи миллии халқи тоҷик»-и устод Муҳаммадулло Лутфуллозода ҳамон масъалаҳо ва мавзӯҳои таълиму тарбиявиеро дар назар гирифтааст, ки дархӯри ҷомеаи муосири навини Тоҷикистон буда, ба кулли мардуми ҷумҳурӣ тааллуқ ва пайвастагӣ дорад.

            Аз гуфтаҳои боло маълум гашт, ки ин китоб хеле арзишманд буда, ҳарчанд, ки мо майлу хоҳиши арзёбии бештаре роҷеъ ба он дошта бошем ҳам, аммо наметавон, ки моҳият ва мазмуни ин асари бузургро дар доираи як мақола фаро гирем. Чунончи аз худи асар бармеояд, китоб мағз андар мағз аз одаму одамгарӣ, инсондӯстиву инсонгароӣ сероб буда, ҳар як хонандаро ба сӯи қуллаи баландтарини худогоҳиву худшиносӣ ва ифтихори миллӣ мебарад.

            Ба андешаи мо, нашри силсилавии китоби «Педагогикаи миллии халқи тоҷик» дар пешрафт ва баланд бардоштани сифати тарбия ва таълими хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва ба сифати роҳнамои хубе барои муҳаққиқон, пажӯҳишгарон ва омӯзгорону донишҷӯён дорои арзиш аст.

            Нуктаи муҳимми дигар он аст, ки академик Муҳаммадулло Лутфуллозода бо нашри чунин асари бузурги хеш – «Педагогикаи миллии халқи тоҷик» ғояҳо ва афкори педагогии мутафаккирони бузурги ниёгони хешро идома хоҳад бахшид.

            Хурсандовар он аст, ки дар таърихи 15-уми майи соли ҷорӣ синни мубораки устоди азизу гиромии мо академик Муҳаммадулло Лутфуллозода ба ҳаштоду панҷ мерасад. Ба ин муносибат устоди арҷманду гиромиамро муборак гуфта, ба ӯ сиҳату саломатӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам.          

                                                                                       

Абдураҳимзода Қудратулло Саид – профессор,

Қодири Илҳом – саромӯзгори Донишгоҳи

давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав