Яке аз неъмат ва ихтирооти бузурги дунё китоб аст. Китоб ягона ганҷи муқаддас, мунис ва ғамгусори халқ аст. Чӣ тавре ки гул ба об ниёз дорад, инсон низ ба китоб эҳтиёҷ дорад. Маҳз китоб аст, ки дӯстии қалбҳоро поянда асту адолат ҳукмфармост.

         Китоб барои ақл ба мисли тамрини ҷисмонӣ барои бадан аҳамияти хоса дорад. Китоб дӯстест, ки аз ҳамнишинӣ аз он тарк ё ҳазар намекунад. Ин ганҷи ноёб метавонад қулфу гиреҳҳои бесаводиро барҳам зада, ба як фикру тафаккури баланд инсонро ба роҳи дуруст ҳидоят намояд. Китоб калиди тиллоии кохи донишу хирад аст, ки касе онро ба даст овараду вориди ин кох шавад, бохираду солор ва хирадманд мегардад. Ҳар қадаре ки ба ин ганҷи ноёб назар кунем, ҳамон қадар хираду заковатат афзун хоҳад гашт. Воқеан ҳам мутолиаи китоб роҳи расидан ба орзуҳои моро осон мекунад.

         Хонае, ки китоб надорад ба манзили торику танг шабоҳат дорад, ин ганҷ зебоиро мепарастад ва меҳру садоқатро дар дил мекорад. Як китоби хуб метавонад ҳазорон дили сангину золимро чун мум нарму чун об соф гардонад. Маҳз ана ҳамин бузургии китоб аст, ки ҳама аз он қадрдонӣ мекунанду ба он арҷ мегузоранд. Аз ҷумла, дар кишвари мо бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол бо мақсади дастгирии аҳли адаб бо истифода аз Фонди Президенти кишвар беш аз 80 номгӯи осори шоирону нависандагон ба нашр мерасанд.

         Боиси таассуф аст, ки боз ҳам дар ҷомеаи мо бархе аз шахсони ҷоҳиле низ ҳастанд, ки нисбати ин ганҷи муқаддас беаҳамиятӣ зоҳир карда, китобҳоро хору залил месозанд. Ана аз куҷо сарчашма мегирад, ки ҷавонони моро бо ҳилаю найранг ба доми ғаразҳои гурӯҳҳои террористӣ гирифтор месозанд. Гурӯҳҳои террористӣ бемории марговарест, ки ҳар шахси нодону бефикрро ба доми палидонаи худ мекашад. Нодонӣ, бехирадӣ ва камфикрӣ аз куҷо сарчашма мегирад? Албатта аз бетаваҷҷуҳи зоҳир кардан нисбати китобу китобхонаҳо сарчашма мегирад. Муҳити имрӯза барои дастрас кардани китоб аз китобхонаҳо бисёр қуллай аст. Чун узви комилҳуқуқи ҷомеа ҳастем моро мебояд бо рушду густариши он ҳамқадам бошем, чун ҷаҳони имрӯза фарогири техникаву технология буда, интернет мавриди истифода қарор дорад вале наметавон гуфт, ки интернет ҷойи китобро гирифта метавонад. Агар аз як ҷиҳат интернет хабарҳои рӯзмарраро ба мо расонаду барои пайдо кардани маводу китобҳои зурурӣ ба мо мусоидат кунад, вале аз ҷиҳати дигар зараровар буда, метавонад. Мутолиаи китоб аз шабакаҳои интернетӣ моро хаста мекунад ба чашмон зарар дорад ва истифодаи он ба ҳар шахс муяссар шуда наметавонад. Яъне барои китобро дастрас кардан аз шабакаҳои интернетӣ маблағи мо сарф мешавад. Оё ин беҳтар нест, ки ба китобхона рафта китоби дилхоҳамонро ройгон дастрас карда мутолиа намоем. Албатта мутолиаи китоб дар китобхонаҳо басо шавқовар буда, барои хондани асарҳо мусоидат мекунад. Суоле ба миён меояд, ки дар замони Рӯдакиву Сино, Хайёму Бедил, Ҳофизу Саъдӣ  интернет вуҷуд надошт вале онҳо аз куҷо бохираду солор  гаштанд.

         Албатта аз мутолиаи китоб. Як китоби хуб метавонад инсонро аз ҳама гуна хавфу хатар наҷот дода, шахсро ба мартабаҳои баланд расонад, китоб шабу рӯз дар хидмати туст, дӯстест вафодору беозор ҳатто дар сафар ва дар иқомат ҳамзист, муаллимест, ки аз ту чизеро пинҳон намекунад. Ва ба ту садоқати мулкро медиҳад.

Мо ҷавонон бояд соҳибилм бошем, зеро Пешвои миллат дар ҳар Паём иброз медоранд, ки: “ҷавонон ояндаи миллатанд”, “ҷавонон нерӯи созандаанд”, “ҷавонон  набояд дониш, ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст диҳанд”. Ин ҳама гуфтаҳои Пешвои миллат аз он шаҳодат медиҳад, ки ояндаи миллат дар дасти мо ҷавонон аст, мо бояд ба он кушем, ки саҳми арзандаи худро барои пешрафти ҷомеа, барои пешравии кишвари азизамон гузорем. Боз ҳам ғамхориҳои Президенти кишвар аст, ки соли гузашта баҳри ҷавонону донишомӯзон озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро пешниҳод намуданд ва ин озмун тавонист диққати ҷавононро ба худ ҷалб намояд.

          

 

Фарзона Абдураҳмонова, донишҷӯи

курси якуми факултети филологияи тоҷик, ихтисоси рӯзноманигорӣ