Инъикоси қаҳрамониҳои диловарони ҶБВ дар очеркҳои Бахтиёри Муртазо

Шарипов Сангимурод Исматуллоевич, номзади илмҳои филологӣ, саромӯзгори кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Публитсистика, хоса очерк имкон дорад, ки тамоми соњањои љомеаро фаро гирад, мушкилоту муаммои мављударо шарњу эзоњ дињад. Ба аќидаи донишманди соҳаи публитсистика Нуриддин Бозоров «Публитсистика аслињаи тавонои муборизањои ѓоявї, воситаи тарбияи љамъиятї, ташвиќот ва тарѓибот, тарзи ташкил ва наќли ахбори иљтимої мебошад» [1, 11]. Дарвоќеъ, таъсирпазирии ин навъи эљод ба шуури љомеа аз ин дидгоњ мушаххас мегардад. Насри мустанад чун силоњи асосї барои мубориза бар зидди душман ва ноадолатињои иљтимоии замон васеъ истифода шуда, дар ин љода наќши басо муњим дорад.  «Публитсистика, – менависад профессор Мурод Муродӣ, – њамеша њамќадами замон буду њаст. Таваљљуњ ба ин соњаи эљод дар њар давру замон будааст, аммо дар марњалањои таќдирсози ватану миллат миёни дигар анвои эљод он дар мадди аввал ќарор доштааст. Аз љумла, дар замони Љанги Бузурги Ватанї, ки аѓлаби адибон ба ин соњаи эљод рў оварда, тавассути нигоштањои пуртаъсиру пурэњсоси худ, њисси ватандўстї, мењанпарастї, ва муборизахоњии мардумро бедор намуда, нафрати онњоро ба саркардагони љанг дучанд гардониданд ва ба ин васила дар ѓалаба бар фашизм мусоидат намуданд» [5]. 

Як бахши публитсистикаи Бахтиёри Муртазоро очерку ќиссањое ташкил медињад, ки дар он ќањрамонии муњофизони ватан ва мењнати мардуми аќибгоњ дар солњои Љанги Бузурги Ватанї инъикос шудааст. Очерку нигоштаҳои «Ду мактуб» (Комсомоли Тољикистон, 1963. – 13 май), «Одамшинос» (Комсомоли Тољикистон, 1965. – 28 июл), «Калтакдори сурх» (Комсомоли Тољикистон, 1974. – 6 ноябр), «Дар шоњроњи Ватан» (Садои Шарќ, 1976. – №5), «Ситораи паррон» (Адабиёт ва санъат, 1988. – 18 феврал), «Лашкари тољик, бикшо бозуи мардонаро» (Минбари халќ, 2005. – 7 май), «Чашми бедори Ватан» (Минбари халќ, 2006. – 12 июл), «Соњиби ганљинаи маърифат» (Љумњурият, 2010. – 10 феврал), «Фарзанди Кофарнињон» (дар китоби «Шасти зафар». – Душанбе. – 2005) аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Дуруст аст, ки ҳар ќадаре ки мо аз рўзи ѓалаба дур мегардем, њамон андоза моњияту ангезаи он дар вуљудамон бештар мешавад. Дар ин љанг зиёда аз 70 давлати хурду бузурги љањон иштирок намудаанд, ки ба њамаи онњо хисороти љонию молї расид. Дар ин љанги шадиди љањонї бањри њимояи хоки ватани аљдодї ва таъмини зиндагии пурсаодат садњо њазор фарзандони ѓаюр љони худро аз даст доданд, ки ќањрамонии онњо њељ гоњ аз хотирњо фаромўш намешавад. Барои далериву шуљоатмандї иштирокчиёни ин набарди шадиди љањонї бо унвонњои зиёди давлатї   аз љумла, «…11 њазору 633 нафар сарбозон бо унвони олии Ќањрамони Иттифоќи Советї, зиёда аз 7 миллион аскарон бо ордену медалњо мукофотонида шуданд» [10, 6]. Хотираи шикастнопазиру ќалби пурмуњаббати чунин афрод њамеша тимсоли некиву шуљоатмандї барои насли наврас боќї мемонад. Ин корнамоињо дар адабиёт ва публитсистика ба таври зарурї инъикос шудаанд. “Солњои баъди љанг, – менависад муҳаққиқ Сангин Гулов, – муаммои асосии насри мустанад ин тањлили омилњои ѓалабаи мардуми шўравї дар Љанги Бузурги Ватанї, часпу талоши халќ барои барќарор намудани хољагии валангор буд, вале дар њамин солњо кўшиши тањќиќи амиќи воќеият, баррасии проблемањои тоза ба тозаи зиндагї низ ба мушоњида мерасад” [2, 78]. Б. Муртазо дар тасвири ин мавзўъ њамеша ба воќеияти иљтимої такя карда, зимни он як ќатор муаммоњои сарбастаи замони худро ошкор намудааст.

Дар очеркњои Б. Муртазо инъикоси воќеањои замони љанг, њифзи марзу буми аљдодї, таъмини ѓалаба, мењнати софдилонаи мардуми аќибгоњ ва ѓайра низ љойгоњи хоса дорад. Ў дар баррасии ин мавзўъ таљрибаи ѓанї дошта, барои ифодаи андешањояш на танњо ба далелњои боэътимоду раднашавандаи таърихї, балки ба суњбати худи иштирокчиёни љанг ва наздикони онњо такя кардааст, ки дар муассирии каломаш бетаъсир нест. «Дар ин роњ мушоњида, љустуљў, дидан, мулоќот кардан ва ботини ќањрамонро омўхтан љузъиёти бунёдии» [4, 47]  очеркњои ў шудааст.

Соли 2005 бо дастгирии Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон китоби «Шасти зафар», ки натиҷаи заҳмати ањли эљоди кишварро дар солњои гуногун дар бар мегирад, чоп шуд. Дар бахши дуюм, ки осори насриро фарогир аст, очерки «Фарзанди Кофарнињон»-и Б. Муртазо низ дар шумули бењтарин нигоштањои публитсистии ба мавзўи Љанги Бузурги Ватанї алоќаманд, дохил шудааст. Мавзўи асосии очерки мазкур ќањрамонии яке аз фарзандони диёр, сокини ноҳияи Ќубодиён Ќодир Бўбиевро дар бар мегирад. Муаллиф барои муассир гардидани симо ва кору амали љавонмардонаи ќањрамон ўро на танњо дар љабњаи воќеањои солњои 1941-1945 нишон медињад, балки љасорату ќавииродагии Ќ. Бўбиевро дар солњои 1920-1935 низ ба риштаи тањќиќ мегирад. Услуб ва тасвири сањнањои љолиб аз њаёти ќањрамони очерк љолиби диќќат буда, дар шинохти рўйдоду падидањои мухталиф ва баррасии мушкилињои иљтимої мусоидат кардааст. «Услуби суханофарии вай, ки аз нигоњи субъективиаш ба њаёт ва падидањои он дарак медињад, таљаллии сатњи дарки бадеии воќеият аз љониби нигоранда мебошад» [11, 42-43].

Адиб ќањрамони худро далеру шуљоъ, муборизи роњи озодї, ватандўсту мењанпараст тасвир намуда, ўро њамеша бар зидди душман дастболо нишон медињад. Дар њама лањзањои вазнин Ќодир Бӯбиев омодааст, ки барои њифзи Ватан сина сипар кунад, то њамдиёронаш орому осуда зиндагї намоянд. «Саворон, ки суроби онњо акнун ба чашми Ќодир менамуд, андак таваќќуф карданд. Пас, њама якбора аспњоро ќамчин зада, ба њуљум даромаданд. Гранатаи Ќодир ононро бесару сомон кард. Дар њамин лањза сарњадбонон низ даррасида, ба тарафи ѓоратгарон гранатањо њаво доданд. Вайронкорон дар њалќаи дуду оташ монда буданд ва ночор њамаашон силоњњоро партофта, даст боло карданд» [7, 406]. Тасвири ин саҳна ҳар яки моро ба андешае водор месозад, ки ҳамеша Ватан ва ҳифзи он дар мадди назари шахсони меҳанпарасту далер қарор дошт ва дорад. Набояд фаромӯш намуд, ки ҳељ гоњ амали неку шоиста ва ѓамхору муњофизи халќу Ватан аз ёду хотироти касе зудуда намешавад. Барои тасвири чунин масъала аз адиб масъулияту мањорати касбї лозим аст ва ќањрамонњои очеркњои ў аз чунин хислатњо бархӯрдоранд. Чунончӣ, Асадулло Саъдуллоев ќайд мекунанд: «Ў мехоњад абадияти ному муравваљ будани рўњи родмардони диёрро бамавќеъ зикр намояд. Ќонунмандињои публитсистика ин тарзи нигоришро меписанданд» [11, 146]. Ќањрамонњои очерки мазкур њамеша барои дигарон намуна, роњнамои зиндагї ва фарди поктинату хирадпеша шинохта мешаванд, зеро онњо њамеша дар андешаи худу дигаронанд. Барои њифзи Ватан ва њимояи манфиатњои миллї омодаанд, ки љони худро ќурбон кунанд. “Масъаълаи масъулияти шањрвандї ботинан мураккаб аст. Моњияти он дар идрок ва кўшиши босамари пањн намудани манфиатњои умумимиллї, майлнокї ба њалли масъалањои минтаќа, мамлакат ва љањон, ба манфиати њамаи шањрвандон ва кулли инсоният мебошад” [9, 342].

Имтињони љиддии ќањрамонї дар майдони љанг њоло дар пеш буд ва ў њамеша талош менамуд, ки рисолат ва ќарзи фарзандии худро софдилона ва далерона иљро кунад. Тамоми роњбарону ќумондонњо ба ў бовар доштанд, зеро дар марњилањои мураккаби набард њамяроќони худро наљот медод ва душманро сарнагун мекард. Се рўз пеш як полки разведкачиён аз њудуди љойгиршавии базаи њарбї хеле дур рафта, бенишон шуданд. Ќодир ва ду њамяроќаш Седов ва Максимов вазифадор гардиданд, ки бояд њарчи зудтар аз вазъияти ин полк бохабар ва робитаро бо маркази ќисми њарбї барќарор намоянд. «Ў бо њамроњонаш аз рўи харита роњї шуда, масофаи дуреро паймуд. – Фашистон мушак парронда, роњро равшан мекарданд, – наќл менамояд Ќ. Бўбиев. – Мо баъди ин њолат ба рўйи замини пурбарфу яхбаста љафс шуда гаваккашон мерафтем. Ќарибињои субњидам полкро ёфта, љавоби номаро овардем» [7, 408]. Ќ. Бўбиев бо ин амали љавонмардонаи худ бо медали «Барои мардонагї» ќадршиносї шуд. Супориши дигар ба аскарони разведкачї аз љониби роњбари полки њарби муайян гардид. Онњо бояд мавќеи љойгиршавии душман, шумораи даќиќи яроќу аслиња ва техникаашро меомўхтанд. Ин вазифа ва ўњдадорї низ сарбаландона иљро шуд. Барои нотарсиву шуљоат ва анљоми муваффаќонаи супориш  ў ва њамсафонаш бо ордени «Шараф» сарфароз гардиданд. Ў то лањзањои охир дар майдони набард ба муќобили душман љангида, бо ордену медалњои гуногун ба зодгоњаш баргашт.

Баъди љанг Ќ. Бўбиев чун роњбари кордон шахси рўзгордида, дењќони асил дар самтњои гуногун фаъолияти пурсамар намуда, дар ободиву шукуфоии ин гўшаи диёр сањми шоиста гузошт.

Муаллиф корнамоињои воќеии ўро бо нишон додани сањнањои мухталиф, тасвири лањзањои љанг, муносибати њамяроќон ва роњбарон пурра гардонида, ба ин васила образи публитсистиеро офаридааст, ки аз синтези аносири воќеиву бадеї бархўрдор аст.

           Дарёфти њаќиќат, тањлили аснод далел ва ба ин васила пурќувват кардани мазмуну ѓояи асар аз мањорату завќ, мавќеи иљтимої ва љањонфањмии адиб вобаста аст. Чунончӣ, А. Саъдуллоев  менависад: «Роњи љустуљўи њаќиќат гуногун аст. Он чї дар зиндагї рўй медињад, ба адабиёт бо хост ва завќи санъаткор мекўчад, завќу хост бошад, дар бисёр маврид ба мавќеи иљтимоии нависанда, муносибаташ ба сохт ва идеологияи мављуда вобастагї дорад» [11, 211]. Очеркњои Б. Муртазо аз ин омил истисно набуда, балки дар онњо таъсири идеологияи замон бештар аст. Аз љумла, дар очерки «Аз Кофарнињон то Одер» чунин рўњия бараъло мушоњида мешавад. Дар ин очерк ќањрамониву матиниродагии Девонаќул Љўраев тасвир шудааст. Муаллиф лањзањои пурдањшатеро, ки дар овони кўдакии ќањрамон бо чашми сар дидаву нафраташ нисбат ба ашхоси љангљўю бадхоњ зиёд шудааст, воќеї тасвир намудааст. Ба ифодаи нависанда Девонаќул «Рўзе дар сањни њавлї, рўйи бўрё менишаст, ки ногоњ ба њавлиашон як гурўњ одамони мусаллањи туршрў зада даромаданд. Дар ин њангом падараш дар хона дастосро метофт. Одамони омада падари ўро аз хона бароварданду дар рўи њавлї, дар пеши назараш парронданд» [8, 86]. Баъди ин њодиса фикри Девонаќул ба куллї таѓйир ёфт. Њамеша банди хаёлот, сабабу омилњои ба ќатл расонидани падарро фикр мекард, аммо њељ љавоби муносиб ёфта наметавонист. Аз гуфтаи њамдењагон фањмид, ки падари ўро босмачиён куштаанд.

         Д. Љўраев дар солњои аввали љанг дар њайати полки тирандозии 633 њангоми њифзи шањри Одесса бори дигар шуљоатмандии худро исбот кард. Очеркнавис дар тасвири ќањрамонињои Девонаќул аз наќлњои бевоситааш истифода барад њам, онњоро бо асноди таърихї муќоиса мекунад, кўшиш менамояд, ки дар таљассуми симои воќеии ў ба иштибоњ роњ надињад, сањнањо, њодисањо ва муносибати дигаронро маърифатона ба ќалам медињад. Девонаќул мисли сарбозони дигар далер аст, дониши хуби њарбї дорад, барои њифзи Ватан љонфидої мекунад, њувияти ватандўстиву мардонагиро ба сарбозони љавон талќин менамояд, аз мушкилот наметарсад, дар њар гуна вазъияти мураккаб роњи њалро пайдо мекунад.

Дар шањри Бигдоши Полша њайати аскарон ба як вазъияти мураккаб рў ба рў шуданд. «Ваќте ки танкњои «фердинанд»-и фашистон ба тарафи аскарони љавон њамлавар гаштанд, онњо безобита шуда, чї кор карданашонро намедонистанд. Комсорги баталон Д. Љўраев инро пайхас намуда, дарњол хазида, ба назди онњо рафт ва ба њар яке мавќеи мувофиќро нишон дод. Сипас, худаш бастаи гранатањоро ба љойи нишонраси яке аз танкњо њаво дод. Танк оташ гирифт…Баъди даргирифтани танкњо аскарон бо комсорги худ ба њамлаи љавобї гузаштанд. Роњи оњан, ки мавќеи муњими стратегї дошт, дар ваќти муайян ишѓол карда шуд» [8, 89-90]. Ин муњориба дар њаёти ќањрамон ва њамяроќони ў хатарњои зиёд дошт ва мањз бо андешидани тадбирњои муњим ин њолат бартараф гардид. Муаллиф дар њалли ин мушкилињо, аз фаъолияти ќањрамони марказии очерк ёдовар гашта, ба ин васила симои ўро боз њам барљаста кардааст. Дар наздикии соњили Одер зимни як амалиёти муштарак «…душманон, ки ба оташфишонии разведкачиён андармон буданд, баталон фурсатро ѓанимат дониста, ба њамла гузашт. Д. Љўраев омадани њамяроќони худро дида натавонист: вай аз таркиши фаустпатрон захмї шуда, аз њуш рафта буд» [8, 81]. Баъд аз ин њодиса ў дигар натавонист дар майдони муњориба бар зидди душман биљангад. Чунин сањна ва лањзањои воќеї дар очерк хеле зиёд тасвир шуда, барои таъсирбахшї бо имкониятњои бадеї омезиш ёфтаанд. Ба ифодаи Залигин С. «Дар очерк факт њамеша воќеї ва њаќиќист, вале бофта ё тахайюл њамеша аз номи муаллиф ё бо тавсеаи ў оварда мешавад» [3, 118], ки ин њамбастагї барои муассирии калом мусоидат мекунанд.

Баъд аз љанг ў солњои дароз дар вазифањои гуногуни давлатї фаъолият намуда, дар пешрафту шукуфоии Ватани худ њиссаи арзанда гузошт. Дар шинохти муњаќќиќ, профессор Мурод Муродӣ «Як хусусияти барљастаи очеркњои Б. Муртазоев боз дар он аст, ки њамагї ба проблемањои иљтимої мубталоянд. Масъалагузорињои иљтимої водор намуда, ки ќањрамону персонажњо фаъол бошанд, дар хусуси мушкилоти ба миён омада мулоњизаву андеша ронанд ва ба ин васила дар њалли онњо сањм гузоранд» [6, 157]. Воќеан, агар аз ин нигоњ ба очеркњои Б. Муртазо мурољиат намоем, пайхас менамоем, ки ќањрамонњо фаъоланд, њамеша дар њаракатанд, афкори созанда доранд, ба дигарон хайрхоњанд, дар њалли мушкилот мекўшанд. Унсурњои гуногуни воќеият, ки барои таъсирбахшї ва боло бурдани њиссиёти хонанда лозим аст, бамаврид истифода шудааст.

  Умуман, дар очеркњои ба мавзўи Љанги Бузурги Ватанї бахшидашудаи Б. Муртазо дар баробари фаро гирифтани хусусиятњои фардии ќањрамонњо, аз аломатњои типии сарбозони замон чун ѓаюриву далерї, мардонагиву шуљоатмандї, ватандўстиву мењанпарастї, љонбозиву фидокорї холї нестанд. Ин усул имкон додааст, ки дар чунин асарњо фаъолмандии инсон ва ватандўстии ў љилои тоза пайдо кунад.

Очеркњои Б. Муртазо асосан њаёти ибратомўзи инсонњои кору пайкорро фаро гирифта, дар онњо ташаккули хислати ќањрамонон бо алоќамандии воќеияти иљтимої  ва аносири њунарї нишон дода шудааст. Дар тасвири воќеияти иљтимої публитсист ба донишу љањонбинї,  мушоњидањои шахсї, таљрибаи касбї ва амсоли ин такя карда,  масъалањои иљтимоиро дар очеркњояш њаќќонї баррасї намудааст.

 

                  

                            Рўйхати адабиёт ва манбаъњо

  1. Бозоров Н. Сафарнома њамчун жанри публитсистика (Дастури таълимї барои донишљўёни факултаи журналистика) / Н. Сафаров. – Душанбе, 2014.
  2. Гулов С. Махсусияти очерки муосири тољик / С. Гулов. – Душанбе: Дониш, 2012.
  3. Залыгин С. Работая над очерком // С. Залыгин. – Новый мир, 1954, № 2.
  4. Ќутбиддин Б. Воќеияти тасвир / Б. Қутбиддин. – Душанбе, 2014.
  5. Муродов М. Жанри одаму аламшиносї // Адабиёт ва санъат М. Муродов. – 2015, 1 октябр.
  6. Муродов М. Аз замон то замон / М. Муродов. – Душанбе: Шуљоиён, 2010.
  7. Муртазоев Б. Фарзанди Кофарнињон (дар китоби «Шасти зафар». Мураттибон Низом Ќ., Атоева Р.) / Б. Муртазоев. – Душанбе: Адиб, 2005.
  8. Муртазоев Б. Аз Кофарнињон то Одер (дар китоби “Хотирањои солњои љанг”. Сањифањои ќањрамонї. Тартибдињанда Почоев Љ.). / Б. Муртазоев. – Душанбе: Ирфон,1985.
  9. Прохоров Е.П. Введение в теорию журналистики / Е.П. Прохоров. – М.: Изд-во Московского университета, 2005.
  10. Саидањмади Њ., Бобо Н. Ќиссањои љангї / Њ. Саидањмад., Н. Бобо. – Душанбе: Ирфон, 2015.
  11. Саъдуллоев А. Хосияти адабиёт / А. Саъдуллоев. – Душанбе: Адиб, 2000.