Э кош, бидонистаме, ки ман кистаме,
Саргашта ба олам аз паи чистаме?
Гармуқбилам, осудаю хуш зистаме,
Варна ба ҳазор дида бигристаме.

Дил гарчи дар ин бодия бисёр шитофт,
Як мўй надонист, вале мўй шикофт,
Андар дили ман ҳазор хуршед битофт,
В-охир ба камол заррае роҳ наёфт.

Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал,
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.

Бо ин ду-се нодон, ки чунин медонанд
Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон ононанд,
Хар бош, ки ин ҷамоат аз фарти харӣ
Ҳар к-ў на хар аст, кофираш мехонанд.

Куфри чу мане газофу осон набвад,
Маҳкамтар аз имони ман имон набвад,
Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир?
Пас дар ҳама даҳр як мусулмон набвад.

РУБОИЁТИ БА ИБНИ СИНО НИСБАТ ДОДАШУДА
Май ҳосили умри ҷовидонист, бидеҳ!
Сармояи лаззати ҷовонист, бидеҳ!
Сўзанда чу оташ аст, лекин ғамро
Созанда чу оби зиндагонист, бидеҳ!

То бодаи ишқ дар қадаҳ рехтаанд,
В-андар паи ишқ ошиқ ангехтаанд,
Бо ҷону равони Буалӣ меҳри Алӣ
Чун ширу шакар баҳам даромехтаанд.

Дар парда сухан нест, ки маълум нашуд,
Кам монд зи асрор, ки мафҳум нашуд,
Дар маърифатат чу нек фикре кардам,
Маълумам шуд, ки ҳеҷ. маълум нашуд.

Ҳаргиз дили ман зи илм маҳрум нашуд,
Кам монд зи асрор, ки маълум нашуд,
Ҳафтодуду сол илм ҳосил кардам,
Маълумам шуд, ки ҳеҷ, маълум нашуд.

3-он пеш, ки аз ҷаҳон фурў монӣ фард,
Он беҳ ки набоядат пушаймонӣ ху(ва)рд.
Имрўз бикун, чу метавонӣ коре,
Фардо чй кунӣ, ки ҳеҷ натвонӣ кард.

Эй нафс, ки бастаи ҳавою ҳавасӣ,
Биштоб, ки дар ҳимояти як нафасӣ,
Дунё маталаб, ҷоҳ маҷў, ишва махар,
К-аз дўст бароию ба душман нарасӣ.

Май душмани масту дўст бо ҳушьёр аст,
Андак — тарёку беш — заҳри мор аст,
Дар бисёраш мазаррати андак ҳаст,
Дар андаки ў манфиати бисёр аст.

Бингар, зи чаҳон чӣ тарф барбастам? Ҳеҷ.
В-аз ҳосили айём чӣ дар дастам? Ҳеҷ.
Шамъи тарабам гир, чу биншастам, ҳеҷ.
Худ ҷоми ҷамам гир, чу бишкастам,-ҳеҷ.

Бо душмани ман чу дўст бисёр нишаст,
Бо дўст набоядам дигарбор нишаст:
Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт,
Бигрез аз он магас, ки бар мор нишаст.

Чун пир шудӣ, кори ҷавон натвон кард,
Пирет ба кофирӣ ниҳон натвон кард,
Дар зулмати шаб ҳар он чи кардӣ—кардӣ,
Дар равшании рўз ҳамон натвон кард.