Возеҳи Бухороӣ яке аз шоирон ва нависандагони забардасти нимаи дуюми асри XIX буда, бо сарвари маорифпарварони он давр Аҳмади Дониш дар як давра зиндагӣ ва эҷод кардааст. Дар таҳқиқи ҳаёт ва эҷодиёти Возеҳ ва дастраси умум гардонидани мероси адабӣ ва илмии ӯ саҳми устод Садриддин Айнӣ, Расул Ҳодизода ва Турсунбой Неъматзода хеле зиёд аст. Мероси адабӣ ва илмии ин адиби бузург бою рангин буда, мавзӯъҳои гуногунро дар бар мегирад. Возеҳ дар муддати умри дарози худ ба душвории ҳаёт ва эҳтиёҷмандию қашшоқиаш нигоҳ накарда, дар соҳаҳои гуногуни илму адаб осори зиёде ба вуҷуд овардаст. Вай мисли Аҳмади Дониш «ҳам дар сафару ҳам дар ҳазар» ҳеҷ вақт аз таҳриру таълиф боз намондааст. Бояд гуфт, ки  қариб ҳамаи асарҳои вай дар вақти зиндагиаш шуҳрати калон дошт ва дар чандин нусхаи қаламӣ дар байни аҳли илму адаб паҳн шуда буд. Аммо, мутаассифона, қисми зиёди мероси адабию илмии вай то замони мо пурра омада нарасидааст. Сабаби ин пеш аз ҳама бе бонию парастор мондани китобхонаи ӯ мебошад. Ин аст, ки Ҳашмат дар ин хусус чунин мегӯяд: «Ворисони ӯ (яъне Возеҳ) кутуби бисёре ки аз ӯ монда буд ва ҷоҳил буданд, дар маърази байъ дароварданд. Ҳақир (яъне Ҳашмат) бештаринашро аз дасти кутубфурӯшон оварда дида…».

Дар ҳақиқат, Возеҳ, ки хеле дер хонадор шуда дар пиронсолӣ фарзанд дида буд, бо сабаби паст будани рӯзгор бачаҳои худро ҳамоно хононда натавонистааст, ки онҳо ба мероси адабию илмии вай қадршиносӣ кунанд. Ғайр аз ин, агар Возеҳ дар 78-солагӣ, яъне баъди даҳ соли хонадору фарзанддор шуданаш фавтида бошад, оилаи ӯ бе ҳеҷ зоду тӯшаи зиндагӣ монда, ҳамоно китобу дастхатҳои ӯро ба ҳар кас фурӯхтаанд ва дар зарфи ду-се сол китобхонаи ӯ талаф шуда рафтааст.

Бо вуҷуди ин, қисми муҳимтарини осори адабии ӯ, хусусан чандин асари мансури ӯ то замони мо маҳфуз мондааст, ки аз рӯи он дар бораи эҷодиёти Возеҳ тасаввуроти мукаммалтаре ҳосил кардан мумкин аст.

         Дар тазкираҳои Шаръӣ, Афзал ва Муҳтарам номгӯи асарҳои Возеҳ оварда шудааст, ки шумораи умумии онҳо ба ёздаҳ мерасад. Аммо аз ҳамин номгӯи мухтасар ҳам ҳамаи асарҳои Возеҳ ба мо омада нарасидааст. Номгӯй ва вазъияти осори боқимондаи илмию адабии Возеҳ ба қарори зерин аст:

  1. «Тӯҳфат-ул-аҳбоб фӣ тазкират-ил-асҳоб» – тазкираи машҳури Возеҳ бо ин тазкирааш анъанаи тазкиранвисиро дар Осиёи миёна, ки муддате рӯ ба завол оварда буд аз нав зинда кардааст. Дар ин тазкира дар бораи шоирон ва нависандагони асрҳои XVIII-XIX маълумоти мушаххас дода шудааст. Роҷеъ ба ин тазкира адабиётшиносон Р. Ҳодизода ва Т. Неъматзода таҳқиқоти мукаммал анҷом додаанд.
  2. «Савонеҳ-ул-масолик ва фаросих-ул-мамолик». Ин асар бо номи номи «Ғароиб-ул-хабар фӣ аҷоиби-с-сафар» низ шуҳрат дорад. Дар ин асар бештар ақидаҳои маорифпарварии Возеҳ ифода ёфтааст. Аз ин асар чандин нусхаи хаттӣ то замони мо расидааст.
  3. «Кони лаззат ва хони неъмат» ин асар дар бораи тарзу усули тайёр намудани таом, ширинӣ ва нонҳои гуногуне, ки дар байни мардуми Осиёи Миёна (хусусан тоҷику ӯзбек) расм буд, маълумот медиҳад.

Асар аз муқаддима, ду матлаб ва як хотима иборат аст. Дар муқаддима тарзи пухтани нонҳо баён шудааст. Матлаби аввал – иборат аз 22 боб аст, ки дар онҳо ба тартиби алифбо номи 109 хел таом ва усули тайёр кардани он зикр ёфтааст; матлаби дуввум – 20 боб дорад, ки дар он номи 169 хел ҳалво ва тарзи пухтани онҳо оварда шудааст. Хотимаи асар ду фасл дорад: дар фасли аввал тарзи ҳозир кардани шарбат ва обҳои (маҳлулот) ширин, дар фасли дуввум тариқи пухтани мураббоҳо баён ёфтааст. Ин асари Возеҳ аз ҷиҳати маълумоти этнографӣ ва тибби халқии мардуми тоҷик аҳамияти ниҳоят калон дорад.

  1. «Ақоид-ун-нисо» – асарест дар бораи урфу одат ва хурофотҳое, ки дар байни занони нохондаи Бухорои феодалӣ ҷорӣ буд.
  2. Ашъори лирикии Возеҳ. Назар ба маълумоти сарчашмаҳо Возеҳ се девони ашъор бо забонҳои форсӣ-тоҷикӣ, арабӣ ва туркӣ доштааст. Мутаассифона, девонҳои мазкур то замони мо пурра нарасидаанд. Бештар шеърҳои тоҷикии ӯ дар шаклҳои қасида, ғазал, қитъа ва рубоӣ ба мо дастрас шудаанд. Баъзе қасида ва қитъаҳои ӯ мазмуни шикоятӣ ва танқидӣ дошта, дар пайравии Анварӣ навишта шудаанд.
  3. «Шақоиқ-уд-дақоиқ» – дар бораи илмҳои гуногун ва шахсоне, ки ба ин илмҳо машғул будаанд, баҳс мекунад. Аз ин асар ҳоло ягон нусха дар даст надорем.
  4. «Ароис-ул-абкор ва наводир-ул-афкор» – ин асари бадеиест, ки дар он ҳикояҳои гуногун ба насру назми форсию арабӣ навишта шудааст. Ин асар низ то замони мо нарасидааст.
  5. «Тӯҳфаи амония» – рисолаест, ки ба илми тиб бахшида шудааст.
  6. Тарҷумаи туркии (ӯзбекии) рисолаи Ҳотамшайхи Ба-хой – «Дар аҳволи устурлоб».
  7. Тарҷумаи тоҷикии рисолаи тиббии Муҳаммад Закариё «Баръ-ус-соат». Аз ин ду асар ҳам ҳоло нусхае боқӣ намондааст.

Таҳқиқи муфассали асарҳои мазкур яке аз вазифаҳои муҳимми адабиётшиносии имрӯзаи тоҷик ба шумор меравад.

 

 

 

Икромов Искандар, профессори кафедраи адабиёти тоҷики

ДДБ ба номи Носири Хусрав., Озодамоҳи Рауф, магистри соли

дуюми факултети филологияи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав