Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявии донишҷӯён ва пурсамар гардонидани сатҳи сифати таълими онҳо  дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” фаъолияти озмоишгоҳҳо нақши муҳим доранд. Бинобар сабаби хубтар ба роҳ мондани  таълим дар факултети химия ва биология озмоишгоҳҳои илмию таълимӣ фаъолият доранд, ки рӯз то рӯз шумораи онҳо зиёд гашта истодааст. Аз ҷумла, лабораторияи илмӣ-таҳқиқотӣ барои магистрантон, лабораторияи химияи умумӣ, лабораторияи биохимиявӣ, лабораторияи химияи органикӣ барои омӯзишу такмили дониши донишҷӯён мавҷуд буда, таъсиргузорӣ ба дониши омӯхтаи онҳо мебошад.

Имрӯз  бо истифода аз лабораторияҳо омӯзиш ва сатҳу сифати таълим дар донишгоҳ боло рафта, шумораи кадрҳои ихтисосманд афзун шуда истодааст. Дар робита ба ин бо зиёд гаштани омӯзгорони таҷрибадору донишҷӯёни ҳавасманд кафедраи химияи умумиро ба ду қисмат ҷудо намуданд. Яке кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ дигараш бошад химияи органикӣ ва биологияи тиббӣ. Кафедраҳои мазкур  ихтисосҳои химия, биология, химияи тадбиқӣ ва биохимияи тиббиро доро буда, донишҷӯён дарсҳои амалиро дар лабораторияҳо бо истифода аз лавозимоти зарурӣ мегузаронанд.

Бо ташаббус ва ғамхориҳои раёсати донишгоҳ дар факултет фаъолияти озмоишгоҳҳо аз пештар дида бештар вусъат ёфта, барои азхуднамоии донишу омӯзиши донишҳои амалии донишҷӯён  мусоидат менамояд. Вобаста ба ин, озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ пурра мавриди истифода қарор дошта, дар он аспирантон ва магистрон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотии хеш машғул мебошанд. Ҳамчунин дар назди донишгоҳ қитъаи замин барои бунёди корҳои таҷрибавӣ, аз ҷумла шинонидани гандум, пахта ва дигар машғулиятҳои заминдорӣ ҷудо гардидааст, ки дар он донишҷӯён таҷрибҳои амалӣ мегузаронанд. Дар синфхонаҳои озмоишӣ, асбобу анҷомҳои лавозимотӣ бахусус штатив, штативи металӣ, пробирка (шишанайча), колбаҳо, стаканҳои химиявӣ, мензурка, қифҳо, бюретка, пипетка, банкаҳои реактивӣ, уғурча бо уғурдастаҳо, найчаҳои шишагиву резинӣ, слиндр,  аппарати кипп, коғази филтр, пахта, парафин, газчароғ ва дигар моддаҳои гуногуни химиявӣ барои дастрасӣ дар дарсҳои амалӣ муҳайё гардидаанд. Мавриди зикр аст, ки бо ёрии омӯзгорону донишҷӯён муляжҳо, коллексияҳо, макетҳо, ҷадвалҳо ва дигар таҷҳизоти лозимӣ омода шуда, зимни истифода қарор доранд. Озмоишгоҳҳои факултети химия ва биология ғайр аз ин бо таблитсаву схемаҳо, шиору овезаҳо ва расмҳои девории олимони намоёни соҳаи химия муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

         Албатта ҳар дониши назариявӣ баъди дар амалия собит гардидан мустаҳкам мегардад, ба ин хотир пурра фаъолият намудани озмоишгоҳҳо метавонанд дар болоравии сатҳи дониши донишҷӯён мусоидат намоянд.

                                                                           

 

Озода Рауфӣ, магистри факултети филологияи

тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав