Ояндаи умри миллатҳо ва давомдиҳандагони орзуву ормонҳои ҷомеъаи башарӣ ҷавонон маҳсуб меёбанд. Миллати ориёитабори тоҷик дар давоми таърихи бисёрсолаи худ ҷавонони бонангу номӯсро дар тамоми риштаҳо парвариш намудааст ки, то имрӯз таърихи башарият аз онҳо бо некӣ ёд мекунанд. Хизматҳои ҷавонони шуъҷои миллати тоҷик дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи башарӣ чун ахтарони осмони илм ва маърифати ҷаҳонӣ ҷилвагар мебошад. Аз ҷумла, Абӯали ибни Синно, Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайём ва паҳлавонону сипоҳиёни ватандӯсташаш ки номи онҳо дар таърихи давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст, сарчашмаи рӯҳу илҳоми ҷавонони имрӯзаи Тоҷикистон баҳри рушду нуми ватани азиз  ва саҳмгузорӣ дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти миллат ба ҳисоб меравад.

Бояд тазаккур дод ки бади  аз миён рафтани  давлати  бузурги  тоҷикон давлати Сомониён дигар орзуву ормони натанҳо ҷавонон, балки миллати тоҷик ба коми оташ рафт, дигар ҳақи сухан кардан ва талаб кардани манфиатҳои миллӣ барои тоҷикон аз байн рафта буд, танҳо дар зери истисмори дигар миллатҳо ҳамчун ғулом ва фармонбардор, яъне иҷрочии рӯзгори сангинро паси сар менамуд. Аммо ҳеҷ гоҳ миллати тоҷик бо вуҷуди азиятҳои вазнини кашидааш аз илму фарҳанг ва пешравии башарият қафо намондааст. Дар ин мудат фарзандонеро ба дӯнё овард ва тарбия намуд, ки сабабгори аз байн нарафтани  миллати  тоҷик гардиданд. Паҳлавонони шуҷои  тоҷик, ки дастпарвари домони поки модарони бо иффати тоҷик, ба монанди Рустами достон Спитамен, Деваштич, Темурмалик ва Восеъи диловар ки борҳо ба сари душманони миллати тоҷик, ки мехостанд миллатро аз миён баранд, сар бардошта муборизаҳои шадидеро баргузор намуданд, ки сабабгори маҳкуми душман гардида, дар ин росто худро  низ фидо карданд ва қаҳрамонона ҳалок гардиданд.

Дар қарни бист ва ибтидои қарни бистуяк дар зиндагиномаи миллати тоҷик саҳифаи наве рӯйи кор омад, ки орзуи чандинсолаи миллати тоҷик буд. Равшанфикрони  тоҷик, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистони шӯравии  ҳамонвақта якбора бади чанд соли шикаст бо ҳам омаданд, ки сабабгори якпорчагии  Тоҷикистон  гардид. Ин падидаи нек аз миён  рафтани  давлати бузурги шӯравии коммунистӣ буд, ки аз тарафи русҳо идора мешуду дигарон  ҳамчун коргару фармонбардор буданд. Баъди соҳибистиқлолии кишвар шодию нишоти  фарзандони  миллатро ҳаду  канор набуд, зеро миллат бади ҷандин солҳои зери  завлонаву ханҷари дӯшманонаш, ки асрот ё ин ки асир меноманду дубора эҳё шуду озод гардид, аммо бехабар аз он ки дар камини душманони дохилии худ қарор дошта, аз сабаби  надоштани  таҷрибаи давлатдорӣ баякбора фарзандони зархариди миллати  тоҷик  кишвари  озоди   худро ба воситаи хоҷагони ҳориҷии ҳуд ба  коми оташи ҷанги  шаҳрвандӣ  гирифтор намуданд. Ин воқеаи бисёр нангин, ки бо ташаббусҳои аҷнабиён инчунин ташкилоти терористии ҲНИТ  ва чандин гурӯҳҳои  манфиатхоҳӯ  манифатҷӯ, ки мақсади тасарруфи молу мулки мардумро дар сар мепарвариданд, ба воситаи яроқ зиндагии ҷоҳилона менамуданд, ки ба сари  мардуми дирӯз озод гардидаю  имрӯз гирифторшуда оварданд, ки дар натиҷа ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ба вуҷуд омад. Танҳо тоҷик тоҷикро қатл менамуд ҳазорон фарзандони бомаърифат мутахассисони варзидаи тоҷик навҷавонон, ки ояндаи дурахшони миллат дар чеҳраи онҳо ҷилвагар буд ба хоку хун мубадал гардонида шуданд. Дар он лаҳзаҳои бисёр вазнин  набудани як фидоии барои миллат эҳсос мешуд, аммо дере нагузашта, фарзанди фарзона, муҳтарам Эмомалӣ раҳмон ба сари қудрат омад. Ба қавли  устод Лоиқ ки мегӯяд:

                    Раҳми парвардигори мо омад,

Фотиҳа бар мазори мо омад.

                   Ҷанги девонавори мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад.

Иҷлосияи  шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон нафареро рӯи саҳнаи сиёсии овард, ки сабабгори оромию осоиштагии миллати тоҷик гардид ин сиёсатмадори ҷавон ва умедбахш Эмомалӣ Раҳмон  мебошад. Аз нахустин оғози суханаш гуфта буд, ки ман ба Шумо сулҳ меоварам. Ин ҷавони бонангу қавиирода аз корнамоиҳои  қаҳрамонони миллати  ориётабори худ руҳу илҳом  гирифта. Тоҷикистон, ки ба оташи хуну хок ва мардуми гурезаи сарсону саргардони дар мулки афғон будаашро аёдат намуд ва фикри аз ғариби  наҷот додани  онҳоро рӯи кор овард, ки дар кӯтоҳтарин  муддат  ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон  хотима бахшид ва ба мардум, ки дар хоки афғон азият мекашиданд мурҷоҷиат намуду гӯфт ба Шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як порча нонро якҷоя мехӯрем. Ин суханони таъсирбахши роҳбари ҷавон ба дилу даи мардум алалхусус  ҷавонони гурезаи мулки афғон бисёр форам афтида ба онҳо умеди дубора ба Ватан баргаштанро эҳё намуд, ки заминаи ба кишвар ва ба хонадонашонро фароҳам овард. Ба кавли шоир, ки мегӯяд:

Хоки Ватан аз тахти сулаймон  хуштар,

Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар.

Юсуф, ки ба миср подшоҳӣ мекард,

Эй кош гадо будан ба Канон хуштар.

Натиҷаи суханони  таъсиргузори роҳбари давлат мардуми хиҷраткадаро ба ватан баргардонид. Натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикистон дар муҳлтаи наонқадар тӯлонӣ ба суботи сиёсӣ мушараф гардид ва мухолифони сиёсии давлат, ки бо забони силоҳ сухан меронаданд дар паҳлӯи  Президент барои ободии кишвар иқдом намуданд ва  силоҳро дар замин гузоштанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи  давлатдории тоҷикон ягона сиёсатмадорест, ки таваҷҷуҳи пайвастаи худро ба ҷавонон зоҳир менамояд. Барои тасдиқи ин суханон метавонем мулоқотҳои ин марди наҷибро бо ҷавонон, ки ҳамасола дар “Рӯзи ҷавонон” доир менамояд  ва ҳамчун таъсисдиҳандаи як чанд иқдомҳое мебошад, ки сабабгори рушду нӯми ҷавонони  Тоҷикистон  ва то ҳанӯз идома дорад, ёдовар шуд. Таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Тоҷикистон, ки банда бе васита дар ин шӯро иштирок намудам  инчунин таъсиси Квотаи Президентӣ барои ҷавонони ноҳияҳои дурдаст ва дӯрахшандагон, ки омили соҳибилму соҳибмаърифат гардиданди ҷавонони тоҷик мебошад. Ин икдомҳои ҷавонмардона дар дилу дидаҳои ҷавонони тоҷик то абад  нақш бастааст ва ҷавонон бо ифтихор имрӯз аз чунин ҷавонмарди бохирад ҳамчун Пешво ва Президенти худ шукрона мекунанд. Воқеан ҳам  нақши  Эмомалӣ Раҳмон  дар рушду нумои ҷавонони Тоҷикистон бисёр бузург аст.  Боиси ифтихор ва сарбаландии аст ки, чор ташаббуси ҷаҳонии Эмомалӣ Раҳмон  дар соҳаи об ин сарбаландии тамоми ҷавонони Тоҷикистон дар арсаи байналмилалист.

Бунёд намудани макотибҳои олӣ ва миёна, коллеҷӯ омӯзишгоҳҳо  дар замони соҳибистиқлолии  кишвар ва ба илмомӯзӣ ҷалб намудани ҷавонон ва дастгириҳои пайвастаи онҳо дар соҳаҳои гунонгуни илм ва бо мақсади  баланд бардоштани савияи илми ҷавонон аз ҷониби Перезидент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ  таъсис дода шуд, ки дар байни олимону  муҳаққиқони  ҷавони тоҷик  сабқати  илмиро  рӯи кор овард ва беҳтаринҳо дар соҳаҳои кори худ мушарраф  гардиданд.

Дастгириҳои падаронаи Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонони Тоҷикистон бисёр умедворкунанда аст. Зеро имрӯзҳо дар тамоми мусобикаҳои варзишии байналмилалӣ  ҷавонону  вазишгарони шуҷои ватан иштирок намуда, парчами давлати ҷавонро ба боло  мебардоранд, ки ин муаррифии халқу миллат дар арсаи байналмилалист, ки ифтихори мо ҷавонони имрӯзаи кишвар мебошад.

Агар имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ифродгароии динӣ фаро гирифта ва онро нором сохтааст, ки кишвари тозаҷавони мо зери роҳбарии пансадум  мусулмони бонуфузи олами мусалмони худ Эмомалӣ Раҳмон тинҷу ором зиндагӣ намуда истодааст.  

          Ба ин  обу ба ин хоки ватан шукрона бояд кард,

           Ба пешрави марзи кӯҳан шукрона бояд кард.

          Сухан озод, дин озод, обод аст мулки мо,

          Ба пешрафти илму фан шукрона бояд кард.

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак, ҳамсолони арҷманд!

 

 

Раҳимзода Меҳроҷ, Раиси созмони ҷавонони

ДДБ ба номи Носири Хусрав