Возеҳ яке аз адибони бузурги давр буда, дар адабиёти тоҷик мавқеи махсусро ишғол менамояд. Тазкираи ӯ бо номи “Тӯҳфат-ул-аҳбоб фӣ- тазкират-ул-асҳоб” дар муддати ҳашт сол (1863-1871) тартиб дода шуда аз рӯи тақозои замон ба ҳокими аморати Бухоро амир Музаффар бахшида шудааст. Бояд қайд намуд, ки тазкираи Возеҳ ду таҳрир дорад: таҳрири мукаммали он 145 нафар шоирро дар бар мегирад, аммо таҳрири мухтасар оид ба 135 нафар шоир ахбор медиҳад. Дар тазкира оид ба бузургони илму адаб сухан рафта, ба аҳвол ва осори адибони охири асри XVIII ва асри XIX (то соли 1871) бахшида шудааст. Тазкираи Возеҳ аз рӯйи таҳрири мухтасари он соли 1914 бо саъю кӯшиши Салимбеки Иноқ дар Тошканд ба табъ расидааст. Тазкираро барои чопи сангӣ Абдулманнон Ҳоҷӣ бинни Абдулваҳҳоб ном котиб рӯнавис кардааст. Котиб бо супориши Салимбек дар охири чопи тазкираи Возеҳ ба тариқи баёз аз шеърҳои 87 нафар шоире ки баъд аз таълифи тазкира ба адабиёт дохил шудаанд, намунаҳо меорад ва баъзан тарҷумаи ҳоли шоирони ҷудогонаро мухтасар баён мекунад.

“Тӯҳфат-ул-аҳбоб” аз ҷиҳати сохт ба се қисм тақсим мешавад:

1) муқаддимаи муаллиф;

2) шарҳи ҳоли шоирон бо намунаи ашъорашон ба тартиби ҳуруфи ҳиҷо дар 26 боб;

3) хотима.

Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ дар муқаддима сабаби таълифи тазкираро чунин қайд мекунад: дар замони салтанати амирони манғит дар Мовароуннаҳр олимон ва шоирони зиёде ба майдон омадаанд вале дар ин муддат касе дар зикри онҳо тазкирае таълиф накардааст. Аз ин сабаб муаллиф ба таълифи тазкира камар бастааст.

Дар қисми асосии асар  бошад, Возеҳ шоиронро бо тартиби алифбои арабӣ ҷо ба ҷо гузоштааст. Дар тазкира асосан оид ба шоирони Бухоро, Самарқанд, Ӯротеппа, Хуҷанд маълумот дода шудааст. Вале муаллиф барои боз ҳам мукаммал намудани бобҳои тазкира ҳамчун анъана баъзе шоирони берун аз Осиёи Миёнаро низ ба он дохил намудааст: шоирони Афғонистон (2 нафар) Эрон (6 нафар) Ҳиндустон (3 нафар) ва Туркия (1 нафар). Қисми зиёди шоиронро адибони асри XIX-и Бухоро ва гӯшаю канорҳои он ташкил медиҳад. Шоиронеро ки дар тазкира дохил гардидаанд мумкин аст ба чор гурӯҳ тақсим намуд:

1) Шоироне ки то замони зиндагии муаллиф умр ба сар бурдаанд ва ё дар вақти кӯдакиаш фавтидаанд;

       2) Шоироне ки чанде пеш аз таълифи тазкира вафот кардаанд ва ё дар вақти таълифи тазкира хеле пир шуда будаанд;

       3) Шоироне ки бо муаллиф ҳамаср будаанд;

       4) Шоироне ки ҳанӯз ҷавон буда, машғули таҳсил будаанд.

       Аз мутолиаи он муайян мегардад, ки на ҳамаи шоироне ки дар тазкира дохил шудаанд, шоири касбӣ будаанд. Баъзе аз онҳо аз рӯйи шавқу ҳавас баъзан шеър мегуфтаанд. Масалан дар тазкираи Возеҳ ин гуна шоирони ҳаваскор 82 нафар қайд гардидаанд, ки онҳо қозӣ, надими дарбор, мударрис, толибилм, имому мактабдор ва савдогару косиб будаанд.

       Аз рӯйи мазмуни ғоявии эҷодиёт ва мансубияти синфӣ, шоирону адибони тазкираи Возеҳро ба се гурӯҳ тақсим кардан мумкин мешавад:

1) Намояндагони адабиёти феодалӣ, ки асосан ба дарбори амир вобаста буда, дар мадҳи амиру вазир қасидаҳо эҷод кардаанд, ашъори ҳаҷвию ҳазломез гуфтаанд;

2) Шоирони мутасаввиф қаландару дарвешон эшонҳои муридхӯр ва умуман рӯҳониёни расмии ислом мебошанд;

3) Шоироне ки ба адабиёти дарборӣ ва доираи арбоби давлат мансуб набудаанд. Аксари ин шоирон бофазлу дониш будаанд ва дар қашшоқиву муҳтоҷӣ зиндагӣ ба сар бурдаанд.

Аз ишораҳои Возеҳ маълум мешавад, ки вай осори адабии ҳамаи адибони дар тазкира дохилшударо бевосита худ мутолиа кардааст. Дар фаслҳои ба адибон бахшидашуда як принсипи умумӣ мушоҳида мегардад.

Возеҳ ҳамчун анъанаи тазкиранигорӣ аввал тахаллус пас сифатҳои шахсӣ номи падар ҷойи таваллуд ва баъзан авлоди шоирро қайд намуда, баъд аз ин аз дараҷаи дониш ба кадом илмҳо майл доштан аз касбу кори вай сухан меронад. Муаллиф пас аз ин доир ба замони зиндагӣ гоҳҳо дар хусуси соли вафот ва бо дарбор алоқа доштан ё надоштани шоир ахбор медиҳад. Дар охир баъд аз он ки ба хусусияти эҷодиёти шоир бо чанд калима ё ибора баҳо медиҳад аз ашъори шоирон намунаҳо меорад. Илова бар ин Возеҳ ба кадом забон ва дар кадом жанрҳои адабӣ шеър гуфтани шоиронро қайд менамояд. Намунаҳои аз эҷодиёти адибон овардаи Возеҳ асосан аз ғазал, рубоӣ, қитъа ва порчаҳои алоҳида иборат мебошанд. Қисми зиёди намунаҳои овардашуда аз ғазалҳои ишқӣ иборатанд.

Дар тазкираи Возеҳ агарчӣ умумӣ ва бе ҳеҷ далелу бурҳон бошад ҳам дар бораи эҷодиёти шоирон фикрҳои танқидии муаллифро низ мебинем.

Бо ин тариқа “Тӯҳфат-ул-аҳбоб фӣ-тазкират-ул-асҳоб”- и Возеҳ барои омӯхтани адабиёти охирҳои асри XVIII ва асри XIX аз сарчашмаҳои мӯътабар ва муҳимми адабӣ ҳисоб меёбад. Аз ин ҷост, ки тамоми тазкираҳои баъд аз он таълифшударо давом ва такмили тазкираи Возеҳ мешуморанд.    

 

     

                                               Пайнавишт:

  1. Айнӣ С. Намунаи адабиёти тоҷик.- Душанбе: Адиб. 2010
  2. Неъматзода Т. Дар бораи Возеҳ ва асари ӯ. “Савонеҳ-ул-масолик ва фаросих-ул-мамолик”. – Сталинобод: УДТ, 1957.
  3. Неъматзод Т. “Туҳфат-ул-аҳбоб фӣ тазкират-ул-асҳоб”.-дар кит.: Маҷмуаи илмии УДТ ба номи В.И Ленин, серияи фанҳои филологӣ, ҷилди XVI. – Сталинобод, 1959.
  4. Неъматзода Т. Возеҳ. – Душанбе: Ирфон, 1967.
  5. Сайфиев Н. Таърихи адабиёти тоҷик (асрҳои XVI-XIX ва ибтидои асри XX). – Душанбе: Бухоро, 2012.
  6. Ҳодизода Р. Адабиёти тоҷик дар нимаи дуввми асри XIX. – Душанбе: Дониш, 1968.

 

Искандар Икромов, профессори кафедраи адабиёти тоҷики

ДДБ ба номи Носири Хусрав., Озодамоҳи Рауф магистранти

курси дуюми факултети филологияи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав