Истиқлолияти миллӣ барои ҳар як мамлакат барои ворид шудан ба арсаи муносибатҳои сиёсӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ масъалаҳои гуногунро дар байни гурӯҳҳои мухталиф ба вуҷуд меоварад. Ба сифати яке аз субъектҳои муҳими фаъолнокии сиёсӣ ба таври анъана – ҷавонон ҳамчун гурӯҳи махсуси иҷтимоӣ – демографӣ маҳсуб ёфтаанд ва таълиму тарбияи ҷавонон ҳамчун қисми таркибии ин гурӯҳи ҷамъиятӣ ҳамеша дар маркази таҳқиқу омӯзиш қарор дорад.     

Масъалаи таҳлил ва таҳқиқи сиёсати давлатии ҷавонон яке аз мавзӯҳои бисёр муҳим ба ҳисоб рафта, омӯзиши масоили ҷавонон, таҳия ва тадбиқи сиёсати давлатии ҷавонон моҳияту ҷавҳари ҷавононро дар ҷаъмияти муосир муайан менамояд.

Бояд таъкид кард, ки масъалаи таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон ҳанӯз аз оғози фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти баргузори Иҷлосияи тақдирсоз, яъне Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Дар ин росто қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”, ки 13-уми марти соли 1992 сурат гирифт, далели гуфтаҳои боло буда, қабули ин санад дар ташаккули минбаъди сиёсатӣ давлатии ҷавонон пойдевори устувор гузошт. Баъдан 23юми майи соли 1997 дар ин замина таъсис ёфтани Кумитаи кор бо ҷавонон, 20-уми марти соли 1998 таъсиси Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом доданд, 10-уми майи соли 2005 таъсиси грантҳои Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон барои Иттиҳодияҳои ҷаъмиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон, 18-уми июли соли 2015 таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3-юми июли соли 2006 қабули Консепсияи миллии сиёсати  ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4-уми октябри соли 2011 қабули Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ва баҳри беҳтар намудани вазъи иҷтимоии ҷавонон тасдиқи як қатор барномаҳои давлатӣ давоми мантиқии сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муазами миллат ва аз падидаҳои нодирест барои ҷавонон, ки сиёсати кунуни Ҳукумати кишварро дар ҷодаи дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати насли наврас инъикос менамояд.

Сатҳи тадбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқоиса бо давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил бо низом, муттаасил ва пешрафта арзёбӣ гардида, таҳия ва тадбиқи он аз иродаи олии Пешвои муаззами миллат сарчашма мегирад. Тавре дар яке аз суханрониҳои худ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: Тадбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгири намуда барои амалигардии онҳо имконият фароҳам меорад.

Дар даврони ҳассос ва марҳилаи наву тақдирсоз дар байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил яке аз аввалинҳо шуда пеша намудани иқдоми қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” бори дигар собит месозад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва сохтмони ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосии стратегияи фаъолият медонад. Вобаста ба тақозои замон ва рушди ҷомеа 15-уми июли соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, дар таҳрири нав қабул карда шуд, ки ҷиҳати ҳалли масъалаҳои марбут ба ҷавонон заминаи боэътимодро фароҳам овард.

Бинобар ин, бо мақсади ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон, инчунин дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода шудааст. Ҳадаф аз таъсиси Шӯрои мазкур мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба шумор рафта, аз ҷониби Президенти мамлкат роҳбарӣ намудани Шӯро намунаи олии эҳтиром ва эътимоди мақоми олии сиёсии кишвар ба ҷавонон мебошад.

Дар замони муосир ҷавонон дар рушду инкишоф ва пешравии соҳаҳои муҳими ҳар давлат нақши калидӣ доранд. Пешвои миллат дар ҳама мулоқоту суханрониҳояшон, бахусус зимни ироаи Паёмҳо дар баробари таҳлил ва бархӯрдор гардидан аз дагар бахшу соҳаҳои муҳими кишвар ба масоили ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаи 26.12.2019  ба Маҷлиси Олии мамлакат бори дигар аз дастигириҳои ҷавонон нисбати сиёсати имрӯзаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатмандӣ намуда, қайд доштанд, ки: Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати ҳукумат боқӣмемонад.  Насли ҷавонони кишвари мо бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, этиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад.

Боиси ифтихор ва рӯҳбаландии насли соҳибистиқлолӣ кишвар аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгирии самимонаи ҷавонон нисбати сиёсати рӯзафзуни давлату ҳукумат ва хизмати содиқонаашон нисбат ба Ватани азизамон Тоҷикистон изҳори миннадорӣ намуда, чунин иброз доштанд: Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем. Ман ба ҷавонони кишвар барои дастгириашон аз сиёсати давлату ҳукумат ва хизмати содиқонаашон миннатдории самимӣ баён мекунам.

Инчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ, бори дигар аз ҷавонон даъват ба амал оварда, баён доштанд, ки: Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагардида, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд.

Албатта, дар раванди босуръати авҷ гирифтани хатарҳои замони муосир, ҷавонони имрӯза дар партави сиёсати Пешвои миллат бар зидди ҳама гуна гурӯҳҳои  террористию ифротгароӣ, ҷинояткорӣ ва амалҳои номатлуби ҷомеа муборизаи беамон бурда, дар баробари созандагию ободкорӣ ва маърифатпарварии ҳамсолони худ дар садоқати Пешвои миллат ҳамеша кушиш ба харҷ медиҳанд.

Ҳамин тариқ, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо ҷавонон метавонанд бо нерӯи зеҳнии худ дар ҳаёти сиёсии кишвар саҳми созгор гузоранд. Барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳар як ҷавони боору номуси кишварро мебояд дар худ ҳисси миллӣ ва ғурури миллӣ дошта бошанд, то ин ки дар пешрафт ва рушду нумуи ҷомеаи демократӣ саҳми арзанда гузоранд. Умед аз он дорем, ки ҷавонони кишвари мо пеш аз ҳама донишҳои сиёсии худро қавӣ гардонида, ба ин васила зиракии сиёсиро аз даст нахоҳанд дод.

 

                             

 

Набизода Эмомалӣ, омӯзгори факултети сиёсат

ва идораи давлатии ДДБ ба номи Носири Хусрав