Имрӯзҳо ҷомеаи  ҷаҳонро  гурӯҳҳои  ифротгароёнаи  экстремистӣ ва  террористӣ, ки  мақсадашон  нопок  аст,  фаро  гирифтаанд. Ин  гурӯҳҳои  ифротгароён бо мақсадҳои нопоки худ, ҳатто баъзе далатҳои  мустақилро  ба хок  яксон  намуданд, ки ин боиси нигаронии давлатҳо гардидааст.  Аз ин рӯ,  тамоми  давлатҳои  руӣи  дунё  аз мақсадҳои  нопоки  ин  ташкилоту созмонҳои террористиву экстремистӣ ба хуби огоҳанд. Экстромизм бошад маънои бетарафиро дошта, мақсади муаӣяне надорад ва ба кадом самте, ки хоҳад равона мегардад. Экстремизм яке аз навъҳои фаъолияти сиёсии иртиҷоӣ мебошад. Он барои амалӣ гардонидани мақсадҳои авантюристӣ моҷарогароӣ, зӯригарии ҷисмонӣ, услубҳои ҳарбӣ, террор ва фитнаро истифода мебарад. Экстремизм самти осоиштагӣ, конститутсионии ҳалли зиддиятҳои сиёсиро мушкил гардонида, террорро васеъ истифода мебарад. Он ба муқовиматомез гардидани зиддиятҳои муносибатҳои байналмилалӣ оварда мерасонад ва вонамуд месозад, ки масъалаҳоро ҳал менамояд. Ифротгароӣ бошад падидаи бисёр хатарноки иҷтимоӣ аст. Дар солҳои охир дилбастани ҷавонони сабукфикр ва бемаърифат ба ифротгароӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон тақвият ёфтааст. Ин падидаи хатарнокифротгароӣ омили аслии нооромӣ, бесуботӣ ва беназмӣ дар дилхоҳ ҷомеа мегардад. Таҳлил ва баррасии иттилооти ҳамарӯзаи моҳворавӣ  нишон  медиҳад, ки имрӯзҳо бештар баҳсу мунозираҳои ҷавонони диндор дар сомонаҳои интернетӣ ва мессенҷерҳои мухобиротӣ, ба монанди «OK», «Facebook», «Skype», «VK», «YouTube», «Viber», «whats-App», «Imo», «Telegrаm» ва инчунин ба монанди инҳо дигар сомонаҳои шахсӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки сафи ҷавонони ифротгаро ва тундгаро рӯз то рӯз меафзояд. Мутаассифона, дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди он бисёре аз навҷавонон ва ноболиғони дар муҳоҷирати иҷборӣ қарордошта, ногузир дар зери ғояҳои ифрот ва тундгароии динӣ афтода буданд. Инчунин ба монанди Миссионер ва мубаллиғони ҳаракатҳои моҳияти экстремистӣ ва террористӣ доштаи шабакаи ал-Қоида, Салафия, Байъат, ал-Ҷиҳод, Ансоруллоҳ ва Ҳаракати Исломии Ӯзбекистону Ҳизб-ут-Таҳрир, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва Рофизиён аз ин фурсат истифода бурда, ба баҳонаи таълими дини мубини ислом ҷавонони тоҷикро дар ҳавзаҳои идеологӣ ва мафкуравии худ ба камол расониданд.  Аксари ҷавононе, ки маълумоти диниро андар хориҷи кишвар назди ифротманишинон ва тундгароёни хилофатсоз сабақ омӯхтаанд, имрӯз худ аз мубаллиғони аршади ғоя ва ақидаи ифрот ва тундгароии динӣ гаштаанд. Илова ба ин, тоифаи мубаллиғ мағзи дигар ҷавонони сабукфикр ва бехабар аз улуми диниро бардурӯғ ва ғаразнок дар зери шиорҳои «ҷиҳоди исломӣ» ва «амри маъруф ва наҳий мункар» шустушӯ намудаанд. Ҳамин аст ки ҷавонони дорои мафкураи ифротидошта аз қабул ва шинохти дини мубини ислом, ки сарчашмаи сулҳу субот ва маҳзари покию иффат ва махзани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ мебошад, оҷиз ва маҳрум мондаанд. Дар баробари ин, ифротгароёни мутаассиб бо тавсия ва супориши хоҷагони хориҷӣ ва дохилияшон низоми демократӣ ва дунявӣ доштани сохтори конститутсионии давлатҳоро куфр ва бидъат ҳукм намуда, талош доранд, ки ҷавонони мусалмонро дар рӯҳияи ватанбадибинӣ ба воя расонанд.  Тавре, ки Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат,  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  гуфтааст: “Баъзе қувваҳои  экстремистӣ ва террористӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсии худ  таҳти шиорҳои исломи ба кирдорҳои ношоиста даст зада, дини исломро  бадном месозанд”.  Зуҳуроти  мушкили  гуногунҷабҳаи ҳаёти  иҷтимоии  терроризм  рӯз  то  рӯз  дар  паси  номи  дини  ислом  худро пурқувваттар гардонида истодааст, ки ба воситаи ин  идеалогияи  диннӣ як қатор ҷавонон ва наврасонро ба вартаи марг мекашонад. Бисёре аз ҷавонон баъди хатми мактаби миёна ба хотири шароити пасти зиндагӣ ба давлатҳои бегона ба монанди Русия, Туркия, Қазоқистон ва ғайраҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар мекунанд ва баъди гузаштани якчанд моҳи корӣ дар давлати бегона аз ҷониби корфармоён ба кормандони ҷавон музди ками меҳнат дода шуда, яъне маблағӣ кофи мутобиқи корашон дода намешавад. Бо мақсади пулӣ бештар ба даст овардан ва шароити зиндагиро хуб намудан, муҳоҷирони ҷавон бо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳои мухобиротӣ бо ҳар гуна шахсони бегонаю ношинос ҳамчун дӯст суҳбат намуда, аз онҳо талаби ҷойи кори хуб ва музди баланди меҳнат менамоянд, лекин ин ҷавонони сабукфикр намедонанд, ки дар паси гушии телефон, кӣ ва чӣ гуна шахс ба онҳо ҳамсуҳбат шуда истодааст. Ногуфта намонад, ки чунин ҷавонони бе фикру андеша фирефтаи ин гуна гурӯҳҳои ифротӣ мешаванд, чунки ба чунин ҷавонон маблағҳои ҳаҷми калондошта пешниҳод менамоянд ва онҳоро мағзшуйи намуда, боварии  онҳоро ба даст оварда шомили гурӯҳҳояшон менамоянд. Бояд қайд кард, ки ин ҷавонон барои маблағи ночизе шуда аз баҳри  ҷони худ ва ҳатто аз баҳри ҷони падару модарашон ҳам мегузаранд ва пулро аз ҳама муҳим мешуморанд. Албатта, тақвият ёфтани ин падидаи номатлуб дар ҷомеаи имрӯзаи мо дар замони муосир боиси нигаронӣ аст.

Мусаллам аст, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон созмонҳои гуногуни ҷавонон, чун Иттифоқи ҷавонон, Ҷамъияти ҷавонони эҷодкор, Ҷамъияти ҷавонони ҳуқуқдон, Маркази экологҳои ҷавон ва ғайра ба вуҷуд омаданд. Бояд гуфт, ки ҳадафи меҳварии ин созмонҳои ҷавонон, пеш аз ҳама, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, худшиносии миллӣ, тарбия дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи истиқлолият, тақвият бахшидан ба иқтисоди солими миллӣ ва пешгирии ҷавонон аз ҳама гуна навъи ҷиноят ва ҷинояткорӣ мебошад. Ин созмонҳо барои такомули шахсияти ҷавонон судманд ва муҳим ҳастанд. Чунончӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  гуфтааст: «Ҷавонон ояндаи миллат ва давлатанд». Ҷавонони солимақл, соҳибистеъдод ва ҳушманд ифтихор ва сармояи хушбахтӣ ва саъодатмандии ҷомеа мебошанд. Аммо ҷавонони ифротгаро ва тундхӯйи ситезаҷӯ доғи дили падару модарон, дарди сари ҷомеа ва омили хушунат, низоъ ва фитнаҳои навбатӣ хоҳанд гашт. 

 УСМОНҶОН  Самиев, донишҷӯйи  соли чоруми факултети сиёсат 

ва  идораи  давлатии ДДБ ба номи Носири Хусрав