Замоне, ки фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал роҳбари давлат интихоб шуд, Тоҷикистони тозаистиқлол рӯзҳои даҳшатборро ба сар мебурд. Ҷангу низоъҳои хунини миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва нестшавии миллати тоҷик таҳдид мекард.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷассорати фавқулодда кишварро аз вартаи фалокат берун овард, мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба ватан баргардонид. Бо иродаи қавии сардори давлат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил гардида, иншоотҳои азим қомат афрӯхтанд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳи ваҳдат ва барои мустақиман баромадан ба уқёнус ва робита ёфтан ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта ба истифода дода шуданд. Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи меҳнати фидокоронаи халқи Тоҷикистон ва иқдомҳои қаҳрамононаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки Пешвои миллат дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардааст. Мукофоти ин ҳама заҳматҳо ҳамчунин ҳусни таваҷҷуҳ ва эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳон мебошад, ки мунтазам нисбат ба сардори донову тавонои Тоҷикистон, сиёсатмадори варзида ва ифодагари марому ормонҳои умумибашарӣ иброз мегардад. Бузургтарин дастоварди Эмомалӣ Раҳмон бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин барои гузаштан ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузошт.

Дар яке аз суханрониҳояшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда буданд, ки: «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд, парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд». Пас мо ҷавононро мебояд дар зери сиёсати хирадмандонаи ҳукумати Ҷӯмҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат барои истқлолияти миллиро побарҷо нигоҳ доштан кушишҳои ҳамаҷонибаро ба харҷ диҳем.

Бо ифтихори комил метавон гуфт, ки Тоҷикистони азизи мо дар симо ва шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз то рӯз сол то сол рушд ёфта, ободу зебо шуда истодааст. Ҷавобан ба таваҷҷуҳи хосаи роҳбари давлат ба мо насли ҷавон, муҳаё намудани тамоми шароит барои аз худ кардан дониш ҷавононро водор менамояд, ки аз шароитҳои фароҳамоварда самаранок истифода намоянд то ин ки дар оянда ҳамчун як мутахассиси кордон ба воя расида, ба халқу миллати худ содиқона хизмат кунанд. Ҷавононро мебояд дастовардҳои  истиқлолиятӣ давлатиро пос дошта, аз сиёсатӣ имрӯза ва фардои дурахшони миллат огоҳ бошанд, таърихӣ гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаю баргашта варақ зананд, аз Ватан, миллат, забони давлатии хеш ифтихор намоянд ва давомдиҳандаи кору пайкори Пешвои муаззами миллатамон бошанд.

 

 

Раҷабализода Самандар., Самадов Фаридун, омӯзгорони

факултети таърихи ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии

Бохтар ба номи Носири Хусрав