Иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифзи ҳунарҳои ниёгон дар кишвар эълон гардидани солҳои 2019-2020 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” боис шуд, ки чандин ҳунарҳои солҳо боз нуҳуфтаи ниёгонамон рушд намояд. Ин аст, ки дар назди факултети техникӣ ва технологӣ маркази таълимии технологияи муосир ва касбу ҳунарҳои миллӣ бо дастгирии раёсати Донишгоҳ ва ҷамияти ҳамкориҳои байналмилалии олмон (GIZ) ташкил карда шудааст, ки аз ду сех иборат аст. Яке дузандагӣ ва дигаре коркарди чубу тахта, пласмасса ва коркарди метал.

Дар қисми дузандагӣ омӯзгор-ҳунарманд Наҷмидинова Ҳабиба вобаста аст. Ин ду озмоишгоҳ ба қисми таълимии факултет тааллуқ дорад. Дар суҳбат Наҷмидинова Ҳабиба қайд намуданд, ки то 20 нафарро дар ду баст касб омӯзонида метавонад. Сехи дузандагӣ бо 8 мошинаи дарздӯзи таъмин мебошад. Синфхонаи он дорои доскаи электронӣ ва проектор мебошад. Дар сехи дузандагӣ аз рӯи фармоиши муштариён либосҳои миллӣ, аврупоӣ, рӯйпуши чойнику гаҳвора, курпача, болишти рахти хоб, дастархон ва дигар ҷиҳози рӯзгор дӯхта ба муштариён пешниҳод менамояд.

Қисмати коркарди чубу тахта, пласмасса ва коркарди метал дар Маркази таълимии технологияи муосир ва касбу ҳунарҳои миллии факултети техникӣ ва технологии донишгоҳ бо тамоми асбобҳои муосири технологӣ аз қабили дастгоҳҳои коркарди харротии чӯб, коркарди филизот ва пластмасса, асбобҳои коркарди дастӣ ва барқии масолеҳҳо таҷҳизонида шудааст. Сех имконияти тайёр намудани сандуқча, ғалтак мухпар, табақҳои чубӣ, гаҳвора китобмонак, рафи  ҷиҳозмонӣ ва дигар маҳсулоти кандакориро доро мебошад. Донишҷуён дарсҳои амалию озмоишиашонро дар ҳамин устохона мегузаронанд.

Марказ бо мақсади ба донишҷӯён ва хоҳишмандон омӯзонидани истифодабарии тарзи дурусти асбобҳои муосири технологӣ ва рушду нумуъ додани ҳунарҳои мардумӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Дар ин ҷо ғайр аз дарсҳои амалию озмоишии умумитехникӣ ба хоҳишмандон курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбу ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла кандакорӣ, кошинкорӣ, доғсӯз  ва монанди инҳо ба роҳ монда шудааст.

         Пайдост, ки ҳифзи ҳунари ниёгон рисолати муҳим дар назди таърих маҳсуб меёбад. Дар кафедраи технологияи коркарди масолеҳҳои факултети техникӣ ва технологӣ озмоишгоҳҳои мошинолот ва назарияи механизмҳо, технологияи коркарди матоъ, технологияи коркарди маҳсулоти хӯрока ва устохона оид ба кандакорӣ дар чӯб ва коркарди металҳо мавҷуд аст. Инчунин, дар назди кафедраи мазкур маҳфили “Техникони ҷавон”  фаъолият дорад, ки дар он донишҷӯён маҳсули даст, маҳорати хешро ғанӣ мегардонанд. Ба ин васила нозукиҳои ин ҳунарҳо ба донишандӯзон, завқмандони соҳаи мазкур ба таври бояду шояд омӯзонида мешавад ва  ҳунарҳои зебои ниёгонамон бештар сайқал меёбад.

                                                                                   

 

Шаҳноза Асоева