Бо мақсади дар амал татбиқ гардонидани сиёсати давлатии фаъолияти илмӣ-инноватсионӣ Парки инноватсионию технологии назди Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” фаъолияти худро дар асоси барнома ва нақшаҳои корӣ ба роҳ мондааст. Дар ин замина, ба даст овардани натиҷаҳои самарабахши илмии донишҷӯён, мутахассисони ҷавон, омӯзгорон, ташкили лоиҳаҳои хурду миёнаи инноватсионӣ, дастгирии корҳонаҳои хурду миёнаи ватанӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии Парки технологӣ ба ҳисоб мераванд.

Зимни суҳбат роҳбари Парки технологӣ Расулзода Субҳон саромӯзгори кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз сухарониаҳояш қайд карда буданд, ки: «Ҳарчанд бо супориши мо дар аксари донишгоҳҳо технопаркҳо таъсис ёфтаанд, лекин фаъолияти онҳо ба талабот мутобиқ нест. Ҳадаф аз таъсиси чунин сохтори таълимиву истеҳсолӣ дар ҳайати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо маоши иловагӣ таъмин намудани омӯзгор ва ҷалби донишҷӯи магистр ба корҳои баъдидарсӣ ва пайдо кардани таҷриба мебошад. Вале дар технопаркҳои муассисаҳои таълимӣ омӯзгорон кам фаъолият карда, ба ин коргоҳҳо шахсони дигар ба кор ҷалб шудаанд ва маҳсулоти баровардаашон низ сифатноку назаррас нест». Метавон гуфт, ки бо дарназардошти суханронии ҷаноби олӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» № 629, аз 21-уми июли соли 2010 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Парки технологӣ, на ҳамчун воҳиди мустақил, балки дар назди донишгоҳ ташкил шуд. Бо бунёд намудани бинои корхона сехи пластикӣ бо кӯшишу дасгириҳои раёсати донишгоҳ ва дар заминаи корхонаи истеҳсолӣ Парки технологӣ ҳамчун воҳиди мустақил шуда ба кор шурӯъ намуд.

Дар парваришгоҳи Парки технологӣ як хандақи лимӯ бо дарозии 50 метр сохта шудааст, ки дар он 26 бех лимӯ парвариш меёбад. Аз лимонхона тахминан 200 килограм лимон ҳосил ва зиёда аз се ҳазор лимон қаламча парвариш карда мешавад, ки барои беҳтар намудани кори хоҷагидорӣ ёри мерасонад. Дар хандақ донишҷӯён, магистрон метавонанд дарсҳои амалӣ озмоишӣ ва илмӣ гузаронанд.

Дар ҳамин минтақа сехи коркарди дару тирезаҳои пластикӣ низ фаъолият мекунад. Донишҷӯёни факултети техникӣ ва технологӣ метавонанд дар ин ҷо таҷриба омӯзанд.

Барои расидан ба ин мақсад ва амалӣ гардонидани ҳадафҳои худ Парки технологӣ иҷрои вазифаҳои зеринро ба дӯш дорад:

– дар доираи истифода намудани маблағҳои худӣ ва ҷалби сармояи беруна ташкил намудани корхонаҳои муштарак ва сехҳои алоҳида;

– мувофиқи хоҳишмандон ба ҳамаи ташкилотҳои дар соҳаи технологияи илмталабу соҳибкорӣ фаъолияткунанда расонидани хизматгузориҳои аълосифати машваратӣ;

– ба намоиш ва озмунҳо пешниҳод кардани дастовардҳои беҳтарини мутахассисони сехҳо ва коргоҳҳои ба Парки технологӣ тобеъбуда;

– барои пайдо намудани маблағ барқарор кардани ҳамкорӣ бо корхонаҳо ва ташкилотҳои ватаниву хориҷӣ;

– ташкили нуқтаҳои савдо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати ба фурӯш баровардани маҳсулоте, ки аз тарафи коргарони сехҳо ва коргоҳҳои Парки технологӣ истеҳсол карда мешаванд.

Пайдост, бо иҷрои ҳадафҳои мазкур фаъолияти Парки технологӣ беҳтар гардида, ҷиҳати гузаронидани таҷрибаҳои донишҷӯён имкониятҳои васеътарро фароҳам меорад.

                                                                                    

 

Озода Рауфӣ, магистри факултети филологияи

тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав