Баргу сози коинот аз Ваҳдат аст,

Андар ин олам ҳаёт аз Ваҳдат аст.

Ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, муттаҳидӣ дар тули мавҷудияти башарият ҷавҳар, муқаддасот ва арзишоти беҳтарине мебошад, ки Худоӣ азза ва ҷалла ба инсон додааст. Аз рӯзе, ки инсон худро ҳамчун мавҷуди бошуур шинохт, ба ваҳдати миллӣ, ваҳдати башар, ваҳдати-вуҷуд, ваҳдати кайҳон ва амсоли ин арҷ гузошт. Маҳз тамаддуни куҳани ориёӣ, ки табиатан аз ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва фарҳанггароӣ иборат аст, ба тамаддуни муосири халқи тоҷик таъсири бузурги худро расонид. Халқи тоҷик табиатан тамаддунофар, ваҳдатпараст, таҳаммулпазир, сулҳпарвар, фарҳангдӯст-озодихоҳ, бунёдкору созанда ва башардӯст мебошад. Яке аз омилҳое, ки мардумро ба якдилӣ, муттаҳидӣ ва ваҳдат овард, ҳамин  арзишҳои (фазилатҳои) табии халқи мо буд, ки аз гузаштагон ба мерос мондааст.

Калимаи «Ваҳдат» дар китоби «Мунтахаб-ул-луғот» ба маънои «ягона шудан ва танҳо шудан ва яке шудан» омадааст. Агар мо мафҳуми “Ваҳдат”-ро ба халқ, миллат ва умуман инсон нисбат диҳем, пас, ягонагӣ, муттаҳидӣ ва сарҷамъии халк, миллат ва инсонҳоро дар бар мегирад.

Ваҳдати миллӣ барои мардуми мо ба осонӣ даст надодааст. Бо марҳамати Худованд саъю кӯшиш, қурбониҳои зиёди фарзандони баору номус ва баруманди халқ, ҷонбозиҳои бемислу монанди фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон имрӯз мардуми тоҷик аз нав соҳиби давлати аҷдодии хеш гардиданд.

Барои расидан ба сулҳу сартосар Президенти мамлакат амалҳоеро анҷом дод, ки онҳоро бо як калима “ҷасорат” метавон номид. Ҷасорат ва хиради азалӣ ба Эмомалӣ Раҳмон даст дод, ки ҳатто “оташро дар найистон хомӯш кунад”. Эмомалӣ Раҳмон чор амали ҷасуронае анҷом дод, ки бо ин номаш дар саҳифаи таърихи навини тоҷикон бо хатти заррин сабт гардид:

  1. Ҷаноби олӣ дар ҳоле инсони идораи кишварро ба даст гирифт, ки миллат дар вартаи ҳалокат, Ватан дар холи пошхурӣ қарор дошта, шохаҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ шуда буданд, касе масъулиятро ба зиммаи худ гирифтан намехост.

Роҳбаре чу, дар ин бодия ҳар су роҳ, аст,

Марди саргашта чӣ донад, ба куҷо хоҳад рафт?

Маҳз ҷавҳари худододӣ ва ҷасоратмандии Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бо дарки баланди ҳифзи миллат, Ватан ва давлат масъулиятро бар души худ гирифт. Гуё Муҳаммад Иқбол маҳз аз номи ӯ гуфта:

Ҳалқа гирди ман занед, эй пайкарони обу гил,

Оташе дар сина дорам, аз ниёгони шумо.

  1. Дар лаҳазоти хеле ҳассоси таърихӣ ба ҳодисаҳо баҳои сиёсии амиқ дода, онро ҷанги таҳмилӣ номид, яъне ба мардум фаҳмонид, ки муноқишаи байни тоҷикон дасти душманони асрҳо дар камин будаи ин миллат аст, ки онҳо тавонистанд ҷангро ба сари мардум бор карда, худашон аз пасманзари фитрати пасташон назорат бикунанд.
  2. Ҳамчун сиёсатмадор дар роҳи расидан ба сулҳу оштӣ ва Ваҳдати миллӣ усулҳои маъмур санҷидашударо сарфи назар намуда, роҳи нави беназир ва бесобиқаро интихоб намуд, ки баъдтар ин роҳ аз тарафи сиёсатмадорони ҷаҳонӣ, институтҳои хуқуқӣ, сиёсатшиносӣ ва фалсафӣ «модели сулҳи тоҷикон» номида шуд.
  3. Дар роҳи расидан ба сулҳ худ намунаи ибрат шуд. (Сафари ҷасоратмедоҳта ба Хосдеҳи Афғонистон бе ягон кафолати амниятӣ). Дар рафторӯ кирдору гуфтораш бармало намудор буд, ки ҳама чиз ҳатто ҳаёташро, нисори ваҳдат карданист. Натиҷаи ин ҷасоратмандиҳо он шуд, ки миллат Пешвои худ ва Пешво миллати бедору ҷоннисоррро дарёфт.

Ба ҳамин тариқ, агар 9-уми сентябри соли 1991 ба Истиклолияти давлатӣ, 27-уми июни соли 1997 ба Вахдати миллӣ сохиб шуда бошем, моҳи декабри соли 2015 Конун дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, қабул гардид, яъне ҷасорати Президент Ваҳдати миллиро ба бор овард ва ҷасорати халк ба шинохти Пешвои миллат омада расид.

Имрӯзҳо бояд Вахдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Аз гузашта сабақ гирифга, тамоми илму дониш, ақлу хирад ва таҷрибаи зиндагии худро ба он равона созем то ин ки Ваҳдати миллӣ пойдору устувор монад, зеро ки Вахдат номаи такдири миллат қишри пешрафти Ватанамон ба сӯйи ояндаи орому осуда, кафили сарҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст. Ваҳдат барои мардуми тоҷик дар қатори вожаҳои Ватан, Модар, Забон ва Миллат муқаддас аст. Имрӯз Ваҳдат ба рамзи ҳамбастагию дӯстӣ, пояндагию бунёдкорӣ ва ҳамдилию рафоқат табдил ёфтааст. Он сароғози комёбиҳову ободкориҳои мо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некуаҳволии ҷомеаи навин мебошад. Махсусан худогоҳию худшиносии миллии мо, тоҷикон ба Ваҳдат иртиботи қавӣ дорад, чунки маҳз Ваҳдат наҷотбахш ва кафили фардои дурахшони мост.

Бисту ду сол барои таърих муҳлати он қадар тулонӣ нест, вале дар ин муддат халки тоҷик ба дастовардҳое ноил гашт, ки ба садсолаҳо баробар аст. То чӣ андоза муҳим будани Ваҳдати миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин маънидод намудаанд: «Дар натиҷаи азму талош ва ҷонбозиҳои зиёд хиради азалии халқи тоҷик собит сохт, ки Ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии афроди ҷомеа муҳимтарин омили пешрафти давлату миллат мебошад. Маҳз бо шарофати ин рӯйдоди муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтарин аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон Ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд».

Барои пойдорӣ ва устувории Ваҳдати миллӣ дар кишварамон лозим меояд, шахсиятҳоеро тарбия намоем, ки дорои тафаккури нав буда, худогоҳ, мустақил, масъулиятшинос, ватандӯст, эҷодкор ва бунёдкору созанда бошанд. Барои ин баланд бардоштани сатҳу сифати раванди таълиму тарбия ва дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ба воя расонидани насли наврас хеле муҳим аст.

Ҳоло ки дар остонаи таҷлили Рӯзи Ваҳдат қарор дорем, аз он шукргузорем, ки Ваҳдат истиқлолияти моро ҳифз ва якпорчагии Ватанамонро таъмин намуд, халқи парешонгаштаи тоҷикро ба ҳам овард, шуури миллии моро ташаккул дод, иттиҳоду якдигарфаҳмиамонро қавӣ намуд, осоишу некуаҳволии халқро таъмин карда, нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ баланд бардошт.

Умедворем, ки Шумо чун як фидокори роҳи Ваҳдат дар пешрафту созандагӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт, дар кафили осоиштаву пурнишоту бунёди ҷомеаи шаҳрвандии демократӣ сарватҳои волои миллат саҳми арзанда мегузоред.

 

 

 

Саидов Алихон, доктори илмҳои сиёсӣ, мудири кафедраи

фалсафа ва фарҳангшиносии ДДБ ба номи Носири Хусрав