Саидов Алихон, доктори илмҳои сиёсӣ мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии ДДБ ба номи Носири Хусрав

Баъди ба даст овардани Истиқлолият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи сиёсати ҷавонон аҳимияти хоса зоҳир шуда истодааст. Институтҳои муҳими кор бо ҷавонон дар сатҳи ҳукуматӣ ва муассисаҳои таълимӣ ташаккул ёфта, имрӯзҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварамон иштироки фаъолона доранд.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, заминаҳои татбиқи амалии сиёсати давлатии ҷавононро имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурӣ фароҳам овардааст. Мақсади асосии ин сиёсат таъмини шароити ҳуқуқӣ, иқтисодиву ташкилӣ ва иҷтимоии ҷавонон мебошад. Бо вуҷуди ин, имрӯзҳо вазъи қонунвайронкунӣ аз тарафи баъзе ҷавонон ба чашм мерасад. Ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҳамроҳ шудан, таблиғи суннатҳои бегона дар байни ҷомеа, истифодаи либосҳои ғайримиллӣ ва дигар рафторҳои номатлуб ба чашм мерасанд. Ба фикри банда, яке аз сабабҳои ба кирдорҳои номатлуб даст задани ҷавонон ин сатҳи пасти тарбия дар муҳити оила, мактаб ва ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки “Фарзанд азиз одобаш аз вай азизтар аст”. Аз ин рӯ, ҳукумати ҷумҳурӣ зарур шуморид, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар  таълиму тарбияи фарзанд”-ро аз 2-юми августи соли 2011, рақами № 762 қабул ва мавриди амал қарор диҳад.  Дар шароити имрӯза қабули чунин қонунҳои саршор аз панду ахлоқ ва дорои шаклҳои гуногуни тарбия айни муддаост.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ мо бо ҷалби аҳли ҷомеа, бахусус падару модар бояд наслеро тарбия карда, ба воя расонем, ки аз нигоҳи одобу ахлоқ, донишу заковат, худшиносиву ҷаҳонбинӣ ба ниёзмандиҳои ҷаҳони муосир мувофиқ бошанд. Таърих исбот намудааст миллате, ки баҳри истиқлолияту ваҳдати миллии худ мубориза мебарад, ҳадафҳои худро дар як доираи мафкураи миллӣ асоснок менамояд. Ин замон вақти он расидааст, ки мафкураи миллиро дар байни оммаи мардум ва махсусан дар байни ҷавонон ташвиқу таблиғ намуда, онро ҳамчун ғояи миллӣ  бори дигар ба дилу дидаи ҳамагон ҷой  диҳем.

Ба ҳамагон маълум аст, ки сулҳу суботи Тоҷикистон, истиқлолияту ваҳдати комили Ватанамон бар ивази ҷонфидоиҳои ҷавонмардони шуҷои  Ватан ба даст омада, барои расидан ба чунин вазъи мусоид халқи тоҷик кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ дода, даврони мушкили иқтисодиву иҷтимоиро пушти сар карда,  рӯзи сиёҳи даҳшату пур аз фоҷиаро аз сар гузаронидааст. Албатта, пеш аз ҳама дар ин раванд нақши Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ басо муҳим ва таърихист. Нодида гирифтани ҷонфидоиҳои ҷавонони то истиқлол барои расидан ба чунин вазъи мусоид, дар заминаи  Истиқлолияту Ваҳдат ва арзишҳои муқаддаси давлатӣ аз тарафи ҷавонони даврони истиқлолият ин нишонаи носипосӣ ва ношукрист. Дар  баробари ин ҷавонони даврони истиқлолият заҳматҳои шабонарӯзии Президенти мамлакат, Ҷаноби олӣ, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар боби “Ҷавонон нерӯи созанда ва ояндаи давлату миллатанд”-ро набояд ҳеҷ гоҳ нодида бигиранд. Дар ҳоле, ки ҳукумат нисбат ба  ҷавонон ғамхориҳои зиёд зоҳир намуда,  барои рушду инкишофи тафаккури онҳо шароити мусоид фароҳам овардааст, пеш аз ҳама ҳуқуқу озодиҳои онҳо дар мадди аввал ба ҳисоб рафта, ҳар сол аз ҳисоби буҷаи давлат маблағҳои зиёд дар ин самт равона мегарданд. Дигар, ин ки дар сиёсати дохилӣ таҳсили ҷавонон ҳам дар хориҷ ва ҳам дар макотиби олии кишвар ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст. Имрӯзҳо  беш аз 13 ҳазор нафар ҷавонони  лаёқатманд дар хориҷи кишвар аз ҳисоби давлат таҳсил карда истодаанд. Ҳоло дар дохили кишвар бошад, зиёда аз 200 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил доранд. Ғамхориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба ҷавонон ҳамасола зиёд гардида истодааст. Барои рушди солимии ҷомеаи кишвар ва ҷалби ҷавонон ба варзиш, ки онҳоро аз роҳи бад ба роҳи рост ҳидоят мекунад, тайи солҳои охир 19 варзишгоҳ, 630 майдонча, 116 толори варзишӣ, 13 ҳавзи шиноварӣ ва  10 маҷмааи варзишӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Инчунин 2700 майдонча, 635 толори варзишӣ, 14  ҳавзи шиноварӣ ва 5 маҷмааи варзишӣ таъмиру азнавсозӣ гардидааст. Ин асноду рақамҳо ҳамасола аз тарафи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар афзоиш қарор дорад.

Ҷавонон як нуқтаи сиёсиро набояд фаромӯш кунанд, ки онҳо ҳамчун давомдиҳандагони татбиқи ҳадафҳои олии кишвар бошанд ва бо азму иродаи қавӣ ба хотири пешрафти ояндаи Ватани маҳбубамон Тоҷикистон саъю талош карда, ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд. Воқеан, ҳастанд  аксари ҷавонони бонангу номуси кишвар, ки дар пайи таҳсил, интихоби касб ва аз худ кардани техникаву технологияҳои муосир талош намуда, дар дохилу хориҷи мамлакат илму донишҳои муосир ва барои кишварамон заруриро аз бар карда истодаанд. Бошад, ки талошҳои аксари ҷавонон баҳри инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба кулли ҷавонон  ба дили ҳамаи ҷавонони кишвар хона созад. Зеро имрӯзҳо дар байни  ҷавонон афроде низ ҳастанд, ки аз тафаккури сусти баъзе ҷавонон истифода карда, онҳоро ба роҳҳои бад  ҳидоят намуданианд.

Оқибати ин зудбовариҳо ҷавононро натанҳо аз волидайнаш ҷудо месозад,  ҳатто аз ҷамъият ва аз Ватану  меҳанашон бегона мегардонад. Аз ин рӯ, эҳсос ва дарк намоем, ки пеш аз ҳама ҷавҳари худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ ин дӯст доштани модар, ватан, фарҳанги гузаштаи худ, забон, таърих ва арзишҳои илмию маданӣ мебошад. Чанде аз он падидаю ҳадафҳои неке, ки барои тарбияи ахлоқии ҷавонон дар боло баён доштем, албатта ин ҳама дар заминаи таълиму тарбияи дурусти наврасону ҷавонон ба вуҷуд меояд. Тавре ки ба ҳама маълум аст, ташаккули ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон  яке  аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлат ба ҳисоб меравад.

Ҳаминро бояд  қайд намуд, ки дар ҳамаи шаклҳои ҷомеа ниҳодҳои иҷтимоӣ вуҷуд доранд, ки  давлат, оила, мактаб, артиш, ҳизбҳо, дин, матбуот, технологияҳои нав ва ғайраҳоро дар бар мегиранд. Дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон таълиму тарбия ба низоми маориф рушду густариш ёфта, истодааст. Дар навбати худ, низоми маориф маркази асосии ташаккули ҷаҳонбинии сиёсии наврасону ҷавонон маҳсуб мешаванд, зеро донишҳои ибтидоии сиёсиро наврасону ҷавонон  маҳз тавассути таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ва то таълимӣ илм мегиранд. Аз ин рӯ, нисбат ба низоми маориф назару диққати Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус равона шудааст: “Дар боби тарбияи ҷавонон махсус чунин қайд кардааст”, “Маҳз  ҷавонони дорои маърифати олӣ ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи аҷдодони бофарҳанги хешро, ки ҳанӯз дар аҳди Сомониён соҳиби марказҳои тамаддун ва доираҳои  тавонои  илмию адабӣ буданд, зинда доранд ва асри тиллоии миллати худро эҳё намоянд”. Аз суханони роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки мо бояд эстафетаро ба ҷавононе супорем, ки  онҳо ҳаматарафа тарбия ёфта, сазовори аҷдодони бузурги миллатамон бошанд. Албатта ин амали басо муҳими ҷамъиятӣ сараввал дар муассисаҳои томактабӣ оғоз шуда, дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ идома меёбад ва дар макотиби олӣ боз ҳам  густариш  ёфта, то ба дараҷае боло меравад. Барои амалӣ гардидани тарбияи  ахлоқию ҷамъиятии ҷавонон дар баробари  муассисаҳои  дар боло  қайдгардида  муассисаҳои махсуси пажӯҳишӣ, ба монанди пажӯҳишгоҳҳои педагогӣ ва инчунин факултаҳои махсуси  омӯзгорӣ дар ҳар як ҷомеаи мутаммаддин таъсис ёфта, амал мекунанд. Яъне ин ҷо гуфтан бамаврид аст, ки корҳои таълимию тарбиявӣ  ва ҷамъиятиро бо роҳҳои гуногун, дар шаклҳои мухталиф ва бо усулу воситаҳои дастрас:  аёният,  тахтаҳои электронӣ, гӯшаву овезаҳо ва ғайра амалӣ гардонидан аз фоида холӣ нест.

Барои тақвияти корҳои зикршуда амалӣ намудани чунин тадбирҳо муҳим мебошанд: 

 

  1. Барои ба корҳои тарбиявию ҷамъиятӣ ҷалб намудани ҷавонон бо шаклҳои зерин ҳамчун чорабинии доимӣ ва бонизом гузаронидан лозим аст, ки ба ин дарсҳои таълимӣ, семинарҳои илмӣ бо иштироки донишҷӯёни фаъол, конфренсияҳои илмӣ, баҳсу  мунозираҳо, инчунин гузаронидани соатҳои тарбиявиро дохил кардан мумкин аст.
  2. Барои амалӣ гардонидани корҳои тарбиявӣ дар байни донишҷӯён ва кулли ҷавонон истифодаи ин масъалаҳои зерин ҳамчун воситаҳои муҳими тарбия низ аз фоида холӣ нест:

– қайд намудани идҳои тақвимӣ,

– гузаронидани ҷашнҳои таърихию фарҳангӣ;

-т ашкил ва гузаронидани шанбегиҳои мухталиф барои ободонии ин ё он минтақа ва ба ин монанд мебошанд.

Албатта, чорабиниҳо бо роҳҳои гуногун гузаронида мешаванд. Яъне ба воситаи саволу ҷавоб, суҳбату мубоҳисаҳо, музокирот, таблиғоти корҳои наҷиби  одамон ва ғайра сурат бояд бигирад.

Дар рафти гузаронидани чорабиниҳои тарбиявию ҷамъиятӣ, албатта                       ба Консепсияи милии тарбия такя карда, бо талаботи он тамоми гузоришҳоро равона сохтан лозим меояд.

Дар ин раванд ба рафти чорабиниҳо муносибати ҷиддии ташкилкунандагонро вазъият тақозо мекунад. Муносибати ҷиддӣ рафти чорабиниро таъсирбахш ва босамар мегардонад.

Тибқи анъана ҳар сол ҷашнҳои сиёсию давлатӣ ва фарҳангию фароғатӣ  ба монанди “Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рӯзи Ваҳдати миллӣ”, “Артиши миллӣ”, “Рӯзи забон”, “Рӯзи Конститутсия”, “Рӯзи Президент”, “Иди бонувон”, “Наврӯз” дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ҷашн гирифта мешавад, ки ин бемуболиға ба тарбияи ахлоқии ҷавонон таъсир бахшида, рушди зеҳнии онҳо камол меёбад. Дар баробари ин ғизои маънавӣ низ мегиранд. Инчунин арзишҳои ахлоқии онҳо мукаммал мегардад.

Набояд фаромӯш кард, ки ҳангоми омӯзиши илмҳои динию дунявӣ ва ибодат дар динҳо натиҷаи ин ба рушди ахлоқ асос меёбад. Ҳадафи ибодат низ соҳиби  ахлоқ шудан аст.

Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) сари ин масъала чунин фармудааст: “Мусулмон танҳо касест, ки аз дасту забони ӯ ҳамаи мусалмонон саломат бошанд ва ба касе азият нарасад. Муъмин касе аст, ки мардум дар хуну моли худ аз дасти ӯ дар ҳифзу амният қарор гиранд”.

Масъалаи тарбия ва шаклҳои он мавзӯъест басо  доманадор ва беохир.

Ҳама намуди фаъолияти инсон пеш аз ҳама дар заминаии тарбияи ӯ маншаъ мегирад. Ҳатто суботу оромии кишвар аз тарбияи хуби ҷавонон сахт вобаста аст. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ба қадри суботу оромӣ бирасем. Аз  пайи омӯзишу бунёдкорӣ, рушди иқтисодиёт ва пешрафти дигар самтҳои кишвари азизамон Тоҷикистон бошем.

Ҷавонон бояд бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ дарк намоянд, ки Истиқлолияти давлатӣ бо заҳмату фидокориҳои зиёд ба даст омадааст. Аз ин хотир, ҷавонон бояд  бештар мутолиа намоянд. Онҳоро хушёрӣ ва ору номуси меҳандорӣ мебояд. Дархости Ҳукумати ҷумҳурӣ аз соҳаи маориф ҳам ҳамин аст. Он гоҳ ҷомеа метавонад аз ҷавонон қаноатманд бошад.