Моликияти зеҳнии ҳар як миллат барои ворисонаш чун манбаи маълумот, тарбияи завқ ва бой гардидани ҷаҳонбинӣ хидмат мекунад. Халқи тоҷик , ки мероси бойи  осори эҷодӣ-адабиёт ва  санъатро  дорост, бо ниёконаш ифтихор мекунад. Тоҷикон аз қадим китобдору китобхон буданд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа боқӣ мемонад.

Дар радифи китобҳои бадеӣ ва илмӣ китобҳои сиёсатмадорону ходимони давлатӣ ҳамеша бозгӯкунандаи вазъи ҷомеа ҳастанд.  

Олими шинохтаи соҳаи  журналистика И. Усмонов дар китоби “Журналистика” василаҳои ёрирасони ахбори омма ва таблиғро муайян намуда, ба масъалаи нақши китоб, аз ҷумла китобҳои сиёсӣ чунин ибрози андеша кардаанд: “Китобҳои сиёсӣ, таблиғотӣ дар тамоми мамлакатҳои дунё ба табъ мерасанд ва дар  онҳо ақидаи  ҳокимият, ҳизбҳо, динҳо баён мешаванд. Ғояи асосии чунин асарҳо таблиғ ва таъсир расондан ба фикри мардум аст. Чунин китобҳо нисбат ба асарҳои дигар  маъмулан арзон мешаванд, то дастрасиашон  ба гирандаҳо осонтар гардад” [5, 112].

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш маҳз зарурати омӯзиши китобҳои сиёсиро  таъкид намуданд: “Таърихи пурифтихори тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба онҳо арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем” [3].

Дар радифи китобҳои арбобони сиёсӣ дар бораи давлатдорӣ ва сиёсат осори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон хонандагони зиёд дорад. Китобҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон “Аз Ориён то Сомониён ” , “Забон миллат-ҳастии миллат”, “Чеҳраҳои мондагор”, “Тоҷикон дар оинаи таърих” бозгӯкунандаи таърихи миллати тоҷик буда, мутолиаи онҳо ба хонанда дониши васеъ медиҳад, диди ӯро нисбати сарнавишти тоҷикон тавсеа мебахшад. “Уфуқҳои Истиқлол” яке аз он  китобҳои пурмуҳтаво мебошад.

Дар сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир ба китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Уфуқҳои Истиқлол» чунин маълумоти муфассалеро дарёфтем:

Китоби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Уфуқҳои Истиқлол” 2018-12-07 нашр шуд. Дар сарсухан омадааст: “…вақте сухан аз Истиқлолияти давлатӣ меравад, он на санаи бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон, балки санаи эҳёи Истиқлолияти давлати Тоҷикистон мебошад, яъне миллати куҳанбунёду соҳибдавлати тоҷик бори дигар соҳиби давлатдории миллии мустақили худ гардид. Ин аст, ки зимни андешаронӣ аз сарнавишти дирӯзу имрӯзи миллату давлати худ мо маҳз ибораи пурмазмуни “миллати куҳан ва давлати ҷавон”-ро ба кор мебарем, зеро достони ҳастии мо, ҳақиқати сарнавишти мо ва вазъияти имрӯзи мо ҳамин аст”.

Китоби «Уфуқҳои Истиқлол»  аз сарсухан, панҷ боб ва охирсухан иборат аст. Боби аввали китоб “Истиқлолияти давлатӣ-марҳалаи эҳё ва барқарорсозии давлати миллии тоҷикон” ном дорад ва дар он сухан бештар дар бораи зина ба зина ва марҳала ба марҳала эҳё шудани давлати миллӣ ва таҳкими он сухан меравад.

Боби дуюм “Рушди иқтисоди Тоҷикистон ва дурнамои стратегии он” номида шудааст ва бештар масоили иқтисодӣ, стратегияи ояндаи он баҳс шудааст.

Дар боби сеюм масъалаи сиёсати иҷтимоӣ ва натиҷаҳои он мавриди таҳлил қарор гирифтааст ва Пешвои миллат дар ин боб бештар аз дастовардҳои илм, маориф, тандурустӣ, муҳоҷират ва танзими он сухан рондаанд.

Дар боби чаҳорум суҳбат аз ваҳдати миллӣ ва суботи иҷтимоист, ки дар меҳвари сиёсати дохилии давлат қарор гирифтааст. Дар ин боб бештар оид ба фарҳанг, забони давлатӣ, идораи давлатии замони Истиқлолият, мақоми зан дар ҷомеа, озодии виҷдон, танзими анъанаҳои миллӣ, озодии баён ва рушди матбуоти миллӣ, таъмини амнияти миллӣ сухан рафтааст.

Боби панҷум дарбаргирандаи масъалаи манфиатҳои миллӣ ва сиёсати хориҷӣ ва мақом ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир аст [7].

Ҳадафи мо, ки инъикоси мушкилоти об дар китоби “Уфуқҳои Истиқлол” аст, мавзӯи об, ташаббусҳои Тоҷикистонро дар ҳалли ин мушкилоти глобалӣ   пайгирӣ кардем.

Дар санаи 29-уми сентябри соли 1993 дар нахустин суханронии худ ба ҳайси Сарвари соҳибистиқлоли тоҷикон аз минбари СММ нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неки давлати  тозаистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун субъекти мустақили робитаҳои байналмилалӣ ба тамоми аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардани Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  дар таърихи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи муҳим ба шумор мерафт. Аммо ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ хеле назаррас мебошад.

Дар китоби “Уфуқҳои истиқлол”-и   Пешвои  миллат , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боби махсусе ҳаст, ки “Манфиатҳои миллӣ ва сиёсати хориҷӣ: Мақоми Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир” ном дорад.

Дар он дурнамои фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон  оид ба масъалаи об баррасӣ шудааст: Дар бахши дипломатия ҳамкорӣ дар соҳаи об бояд зикр кард, ки бинобар афзоиши  аҳолӣ васеъ кардани заминҳои кишоварзӣ, истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим ва мушкилоти муҳити зист, масъалаи норасоии оби тоза, баҳрабардорӣ аз рӯдҳои хурду бузурги фаромарзӣ ва дигар масълаҳои вобаста ба об ва омилҳои таъсиргузор ба низоми муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтаанд.

Дар ин самт Осиёи Марказӣ аз минтақаҳои ҳассос ба шумор меравад. Тоҷикистон чун кишвари дорои захираҳои фаровони об ҷонибдори истифодаи одилона ва оқилонаи ин захираҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ буда, татбиқи пайгиронаи дипломатия ҳамкорӣ дар соҳаи обро  ягона василаи ҳалли мушкилот дар ин самт медонад. Бахусус, дар сатҳи минтақавӣ идомаи ҳамкориҳои созанда дар доираи бунёди байналмилали наҷоти Арал  муҳим арзёбӣ мегардад.

Мо тибқи оинномаи СММ ва муқарароти ҳуқуқи байналмилаӣ барои истифодаи сарватҳои табии худ, аз ҷумла захираҳои обии қаламраваш ҷиҳати рушди устувури кишвар ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ҳуқуқи комил дорем. Ин ҳуқуқи худро дар мавриди истифодаи захираҳои обӣ бо назардошти манфиатҳои муштараки минтақавӣ ва бар пояи принсипҳои неки ҳамсоягӣ, эҳтиром ва дарки воқеии манфиатҳои мутақобила, муколама ва ҳамкорӣ дар ҳалли мушкилоти мавҷуда амалӣ менамоем ва чун кишвари болооб ва манбаи асосии ташаккули захираҳои обии Осиёи Марказӣ ҳеҷ гоҳ барои таъмини минтақа бо об монеа эҷод намекунем.

Бо назардошти ин мавқеи усулӣ, яке аз вазифаҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии мо мусоидат ба истиқлолияти энергетикии кишвар ва сайъю талош  ҷиҳати ҳалли ташкилот дар ин самт дар рӯҳия ҳамкорию мушорикати баробарнафъи минтақавӣ ба шумор меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозии густурдаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро дар сатҳи ҷаҳонӣ пайгирӣ мекунад. Дар доираи ин дипломатия ва пайравии аз ташаббусҳои созандаи марбут ба об “Соли байналмилалаии оби тоза”,  соли 2003 даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” 2005-2015, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об соли 2013”, ки мавриди истиқболи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд, амалӣ намудани ибтикороти тоза дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, қабл аз ҳама СММ пешбинӣ мешавад. Ҳадаф аз ин ташаббусҳои муҳим таъкиди зарурати ҳамкории созанда  дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об ҷиҳати бақои ҳаёт ва рушди устувори инсоният аст. Вобаста ба ин, яке аз ҳадафҳои мо таъмини тақши созандаи кишвар дар масъалаҳои марбут ба об дар минтақа ва дар арсаи байналмилалӣ мебошад, ҳам ба манфиатҳои миллӣ ва ҳам ба нафъи ҷомеаи ҷаҳонӣ созгор аст ” [1, 412-414].

Дар китоби “Уфуқҳои Истиқлол” Роҳбари давлати тоҷикон оид ба ҳалли мушкилоти об дар олам ва қабул гардидани қарорҳои марбут ба он ибрози андеша кардаанд:   

Бо такя ба сиёсати “дарҳои кушода” давлати мо равиши хоси дипломатии худро дарёфт намуда, имрӯз дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона иштирок менамояд ва дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси як кишвари хостгори таъмину таҳкими сулҳу суботи сартосарӣ шинохта шудааст, -навиштаанд Пешвои миллат . Ҳамин буд, ки дар оғози соли 2016 бо ташаббуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Президенти Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони даҳ кишвари узви СММ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об таъсис ёфта, ба фаъолият шурӯъ кард. Ҳамзамон бо ин бо мақсади идомаи талошҳои байналмилалӣ  дар ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба обу беҳдошт мо таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ташаббуси нав – эълон кардани даҳсолаи байналмилалӣ таҳти шиори “Об ба хотири рушди устувор” ҷалб намудем. Боиси хушнудист, ки ин иқдоми тозаи Тоҷикистон, ки дар форуми 7-уми умумиҷаҳонии об моҳи апрели соли 2015 дар шаҳри Тейгуи Ҷумҳурии Кореа муаррифӣ гардид, мавриди дастгирии рӯзафзун қарор дорад. Мутобиқи қатъномаи мазкур дар бораи солҳои 2018-2028 ҳамчун даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон мешавад, ки он аз 22-юми марти соли 2018 шурӯъ шуда,  22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад. Мувофиқи қатъномаи Маҷмааи умумии СММ ҳадафҳои даҳсола масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:

– рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва муҳитзистӣ:

– роҳандозӣ ва пешбарии барнома ва лоиҳаҳои дахлдор;

– густариши ҳамкорӣ дар ҳамаи сатҳҳо барои мусоидат ба татбиқи вазифа ва ҳадафҳои марбут ба захираҳои об, ки дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқа шудаанд, аз ҷумла ҳадафҳои рушди устувор.

Ғайр аз ин, қатънома аҳамияти рушди истифодаи оқилонаи обро бо назардошти робитаи мутақобилаи  захираҳои об бо маводи ғизо, энергетика ва муҳити зист дар ҳама сатҳҳо таъкид мекунад” [1, 419-420].

Муҳаққиқ  Исупова Х.  истифодаи захираҳои обӣ ва ҳамбастагии онро дар соҳаи  энергетика  ва кишоварзии Тоҷикистон таҳлил намуда, танзими ҳуқуқии онро  ба  як қатор санадҳои ҳуқуқию меъёрии қабулшуда  вобаста медонад.  Тибқи  иқдому дастурҳои Президенти кишвар ба тасвиб расидани ҳуҷҷатҳои мазкур далели қадамҳои устуворонаи Тоҷикистон дар татбиқи барномаҳо доир ба об мебошад. Мисол:

  1. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №791 «Дар бораи барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2025»;
  2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Ассотсиатсияи истифодабарандагони об» аз 8 ноябри соли 2006, №387.

Дар ин ҳуҷҷатҳо принсипҳои муқаррар намудани талаботҳои нави байнидавлатии тақсими об ва механизмҳои ифтисодии обистифодабарӣ, ҳамчун асоси ҳалли вазифаҳои хоҷагии об ва экологӣ дар минтақа дарҷ карда шудааст;

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иншооти гидротехникӣ» аз 10 марти соли 2010, №565;
  2. Барномаҳои миллии «Оид ба тозагӣ ва ҳифзи муҳити зист» ва «Оби тоза ва беҳдоштӣ дар Тоҷикистон» барқарорсозии марҳилавии иншооти тозакунии обҳо ва ба итмомрасонии сохтмони оғозгардида ва норасоиҳои иншооти тозакуниро пешбинӣ менамоянд” [6].

 Ҳукумати Тоҷикистон барои амалӣ кардани барномаҳои марбут ба об чораандешӣ намуда, на танҳо дар дохили кишвар, балки барои ҳалли мушкилоти таъмин будани аҳолии минтақа ва бахусус сокинони тамоми  олам  бо оби ошомиданӣ, сарфакорона истифода намудани захираҳои обӣ  мусоидат намуда истодааст.

 Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  26.12.2018 ба масъалаи об таваҷҷуҳ  шуда, қайд шуд, ки “аз 22 марти соли 2018 оғоз гардидани … татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо  дар соҳаи об “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” аз пазируфта шудан ва  масъулияти баланд доштан дар арсаи ҷаҳонӣ   шаҳодат медиҳад [2].

Дар рӯзномаи “Садои мардум” №24 (3974), 2.03.2019. маводи  Ш. Буриева, аспиранти институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳо доир ба интишори ин китоби Пешвои миллат ба табъ расидааст. Ӯ менависад: Китоби арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Уфуқҳои истиқлол” ба бурду бохт ва комёбиву дастовардҳои  кишвар дар чаҳоряк асри Истиқлолияти давлатӣ, марҳалаи эҳё ва барқарорсозии  давлати миллии тоҷикон, ваҳдати миллӣ ва суботи иҷтимоӣ ва фардои дурахшон бахшида шуда, аз сарсухан, 5 боб, 21 фасл ва охирсухан иборат аст. Дар “Уфуқҳои истиқлол” дастовардҳои бузурги 25 соли Истиқлолият ва зина ба зина ба онҳо ноил гардидан қайд шуда, хонанда пас аз мутолиа намудан бештар огоҳӣ пайдо намуда, ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ, арзишҳои миллӣ, сулҳу субот ва ҳувияти миллӣ дар замираш тақвият меёбад” [4].

Дар охирсухани китоб Эмомалӣ Раҳмон ба фардои дурахшони кишвари маҳбуб назар андохтаву  навиштаанд: “Акнун давраи гузариш ба анҷом расид ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марҳалаи эҳёву барқарорсозӣ ба марҳалаи рушди устувор қадам гузоштааст. Албатта, дар ин марҳала низ мушкилоти ҷиддие пешорӯи мо хоҳад буд, вале бо вуҷуди ин мо тамоми шароит ва имкониятро барои ҳаракат ба сӯйи рушди устувор дорем. Муҳимтар аз ҳама, барои оғози чунин марҳалаи тақдирсоз ба боварӣ, эътимод ва иродаи қавии мардуми шарифи Тоҷикистони азиз такя менамоем” [1, 420].

 “Уфуқҳои Истиқлол” намои тамоми масири  ба соҳибихтиёрӣ расидани мардуми тоҷик буда, барои наслҳои имрӯзу фардо сабақу дастовардҳои Истиқлолиятро муаррифӣ менамояд ва роҳи рушди кишварро  муайян мекунад. Мутолиаи китобҳои Пешвои миллат барои ҳар яки мо, бахусус ҷавонон дар тарбияи  эҳсоси худшиносӣ, ватандорӣ, саҳмгузорӣ барои ободии Ватан нақши муҳим дошта, моро ба корҳои нек  раҳнамун месозанд.

 

Адабиёт ва манбаъҳо

  1. Раҳмон Эмомалӣ. Уфуқҳои Истиқлол. – Душанбе: “Ганҷ-нашриёт”, 2018. – 436 с.
  2. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26.12.2018.
  3. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26.12.2019.
  4. Буриева Ш. Уфуқҳои истиқлол //Садои мардум, №24 (3974) 2.03.2019.
  5. Усмонов И. К. Журналистика,Ҷилди 4.-Душанбе,-2011,С. 475.
  6. Исупова Х. Маводҳои конференсияи илмӣ таҳти унвони «Занон ва рушди илми муосир» бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии занон дар соҳаи илм.- Бохтар: Ношир – С, 2019.
  7. kmt.tj.

 

Маҳкамова Дилором Юнусовна, н.и.ф,

мудири кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав