Ҳоло тамоми сайёраро пандемияи коронавирус фаро гирифта, барои пешгирии ин беморӣ дар кишварҳо тадбирҳои мухталиф татбиқ гашта истодааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ низ ҷиҳати пешгирии паҳншавии ин беморӣ тадбирҳои мухталифро роҳандозӣ намуда истодаанд. Хусусан, олимону зиёиён, мутахассисону коршиносон тавассути баромадҳои худ дар воситаҳои ахбори омма моҳияти ин беморӣ ва роҳҳои пешгирии онро шарҳ дода истодаанд. Хусусан, кормандони академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо донишмандони соҳа дар ин самт таҳқиқотҳои илмӣ намуда, аз натиҷаи корҳои ба даст омада сокинони кишвар ва сайёраро огоҳ намуда истодаанд.

         Бояд қайд намуд, ки яке аз василаи таъмини солимии ҷомеа аз вартаи таҳлукаю тарс берун намудани сокинон мебошад. Маҳз ин нуктаро табибону равоншиносон бештар дарк намуда, баҳри дар амал татбиқ кардани он чораҳои мухталифро роҳандозӣ намуда истодаанд.   

Мутахассисону таҳлилгарони бемории пандемияи COVID-19 ба хулосае омаданд, ки яке аз роҳҳои пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ташкил ва ба роҳ мондани корҳои безараргардонӣ мебошад. Мазҳ бо ин мақсад пайваста дар ҳар ташкилоту муассиса, корхонаву идораҳо, юозору дӯконҳо, ҷойи сайру гашти мардум, боғҳои фарҳангӣ ва майдонҳои варзишӣ ва амсоли ин бо ҷалби мутахассисон, кормандони кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар намояндагони ниҳодҳои давлатӣ корҳои безараргардонӣ ташкилу ба роҳ монда шудаанд. Қайд намудан зарур аст, ки имрӯз аз тарафи раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ маводҳои безараргардонӣ, аз қабили хлор, маҳлулҳои антисептикӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ ба намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва дастрасии он ба аҳолӣ дар дорухонаҳо таъмин шудааст, ки ин ҳам дар пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 мусоидат менамояд.

Ҳамчунин барои ба таҳлука наомадан тавассути воситаҳои ахбори омма, нақша-чорабиниҳои таҳияшудав ва дигар воситаҳои иттилоърасонӣ моҳияти бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус шарҳу баён шуда истодааст. Танҳо омили асосии гирифтор нашудан ба ин беморӣ риояи гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ ва қоидаҳои беҳдоштӣ мебошад. 

 

 

Сангимурод Шарифов сардори бахши

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав