Ҳастӣ ба ду навъ: ҷавҳар ва араз аст дар навбати худ ҷавҳар ба чаҳор: модда, сурат, ҷон ва ҷисм, ки раккаб аз модда ва сурат аст тақсим мешавад. Пас таърифи модда чӣ гуна аст? Шайхурраис Ибни Сино гуяд: «Ҳар пазирое, ки ба пазируфтае ҳастии вай тамом шавад он пазироро ҳаюло… ва модда ва ба порсӣ моя хонанд».

Мафҳуми модда (ё материя) аз дунёи қадим то имрӯз таърифу таъбирҳои гуногунро гирифтааст. Имрӯз назди аксари моддагароён модда ҳамчун мақулаи фалсафии муродифи ҳастӣ дорои чунин таъриф аст. “Модда- воқеияти айниест, ки новобаста аз шуури инсон вуҷуд дорад ва таввасути он шуур инъкос мешавад”. Хосиятан модда ҳақиқате аст, ки ҳамеша дорои чаҳор ченак: дарозӣ, паҳноӣ, баландӣ ва вазни хоса буда, ҳамеша дар ҳоли тағйир аст. Азбаски инсон дар оғоз дунболи ҷустуҷӯи нахуст асли ҳастӣ, ки ҳама олам аз он бошад, мегашгааст, нахустин назариёти фалсафӣ хусусияти моддият доштаанд. Дар фалсафаи юнонӣ намояндагони мактаби табииён дар асоси мушоҳидоти табиатшиносии соддалавҳона ва ташбеҳоти образнок ба чунин натиҷа расида, ки як ё якчанд унсури табиат нахустмабдаи олам аст. Чунон ки Фалес оғози ҳамаи ашёро об медонист, Анаксимандр – апейрон, Анаксимен – ҳаво, Гераклит – оташ, Демокрит ва Эпикур – атом ва Эмпедокл бошад асли ашёро чаҳор унсур: об, ҳаво, оташ ва хок медонад ва ба онҳо ду нерӯи муҳаррик муҳаббат ва адоватро меафзояд. Мумкин аст мақсуди ин файласуф аз муҳаббат ва адоват қувваи ҷозиба ва дофиъа бошад, ки аз хосиятҳои моддаи нахустин аст.

Шарҳу баёни моҳият ва сохтори ҳастӣ дар таърихи фалсафа ҳадди ақал аз мавқеҳои зерин будааст:

  1. Моддияти ҷавҳарӣ (субстанционалӣ);
  2. Идеализми ҷавҳарӣ;
  3. Назарияи мобайнии Арасту;
  4. Материализми метафизикӣ;
  5. Материализми диалектикӣ.

Аз нигоҳи дигар материя (ҳаюло) чунон ки дар фалсафаи Ибни Сино дидем, – ҳамчун ҷавҳар субстасия, (яъне он чизе, ки қойим бар худ аст ва барои вуҷудаш эҳтиёҷ ба чизи дигаре надорад) шинохта шудааст.

Дар ду асри охир таҳаввули амиқе дар шинохти сохтори модда ба вуҷуд омад. Донишмандон дар соҳаҳои илми физика, химия, биология ва ғайра ба бозёфтҳои илмие ноил шуданд. 

Ногуфта намонад, ки дар давраҳои гуногуни инкишофи маърифати илмӣ тасвирҳои гунонгуни модда ба вуҷуд омаданд, ки маъруфтарини онҳо иборатанд:

  • тасвири атомисгӣ (Демокрит);
  • тасвири эфирӣ (Декарт);
  • тасвири ашёвӣ (Голбах).

       Хулоса мафҳуми мақулаи «модда», умумитарин хусусияти олами айниро инъикос мекунад. Модда умуман, ҳамчунон ки инсон умуман, вуҷуд надорад. Мақулаи модда зери худ асоси айнии воқеияти гуногуншакли новобаста аз шууру иродаи инсонро дорад. Модда ягона ҷавҳари мавҷуд мебошад. Вай абадӣ, беохир, офариданашуда ва нестнашаванда аст. Вай саиsа sui – иллати худи худ (Б. Спиноза) мебошад. Ҳамаи ин сифоти айни зоти модда буда, ба истилоҳ атрибутҳои он мебошанд. Модда инчунин дорои як зумра сифоти дигар чун: инъкосипазирӣ, камияту кайфият ва ғайра мебошад.

Модда беинтиҳову тамомнопазир аст. Дар фалсафаи юнонӣ Демокрит ва Эпикур атом (заррачаи хурдтарин)-ро хишти ниҳоии модда, аввалу охири он мешумориданд, аммо бо шикофта шудани атом ва кашфи электрону протон ва ғайра беохирии олам дар сатҳи микромир (олами асғар) низ собит шудааст. Агар тақрибан ним аср ё бештар аз ин фақат се навъ ҳиссачаҳои элементари (электрон, протон чун хурдтарин элементҳо ва фотон чун камтарин нерӯ) маълум буд дар ҳоли ҳозир зиёда аз 200 ҳиссачаҳои хурдтарин маълуманд.

Яке аз пайравони беохирии атом дар асри 17 Блез Паскал  (1623-1662) буд. Вай дар асараш «Афкор». ки пас аз маргаш чоп  шудааст, ин ақидаашро чунин баён мекунад. Паскал аз байни  хурдтарин мавҷуди зиндаи ба чашми инсон дидашаванда, канаро интихоб намуда, мураккабтарин сохту созмони тан – организми  онро нишон медиҳад. Ба андозаи як зарраи ночиз будани он нигоҳ накарда, вай дар ин организм ҳар чӣ бештар қисматҳои боз ҳам хурду рези он, ҳатто қатраи усора ва ҳубобҳои газ, атомҳоро ҷудо мекунад ва ниҳоят пешниҳод мекунад, ки: «Бигузор инсон ба худ Кайҳонҳои беҳисоб дар ин атом (яъне ҳамон охирин атоми дар организми кана пайдокардааш) ва барои ҳамаи он кайҳонҳо гунбази осмон ва саёраҳо ва Замини худ ва дар он ба андозаву миқдори мавҷудоти Замин – ҳайвонот, наботот ва ғайра ва ниҳоят канаи худ, ки боз шуруъ ба ҳиссаҳо ҷудо кардани он кунад то замоне, ки саргиҷ нашавӣ ва боз фатҳи мӯъҷизаи дигар ба ҳамон андоза аҷиб хурд ва дар як вақт аҷаб бузургу паҳновареро тасаввур кунед. Ин суханони Паскал ба хотир абётеро аз «Мунозира бо Худо» меоварад, ки мегуфт:

Худоё арзу тӯли оламатро тавонӣ бар дили мӯре кашидан,

   На вусъат андаруни мӯр орӣ, н-аз олам сари мӯе буридан.

    Ё худ Низомии Ганҷавӣ мефармояд:

Шунидастам, ки ҳар кавкаб ҷаҳонест,

Ҷудогона замину осмонест.

Ҳар он кирме, ки дар гандум ниҳон аст,

Замину осмони ӯ ҳамон аст.

Воқеан, агар  танҳо кана ё хомӯшак, ки як сохтмони комили дорои узвҳое, ки тамоми функсияи ин организми резро таъмин мекунанд, балки дар навбати худ, ҳар ҳуҷайра, ҳар атоми хурдтарини ин организмҳо дорои як олами дигар ё ба истилоҳ зерсистемаи комил мебошанд, ки инсонро дар ҳайрат нагузошта наметавонад.

Ин хама сохтори ҳайратовари олами вуҷуди моддӣ, ки дар зимн ҳастиҳои билқувваи беҳисобро доранд, наметавонад мавриди таваҷҷуҳи фалсафа ва файласуфон набошад. Имрӯз, дар сатҳи маърифати илмӣ сохтори олами вуҷуд дар навбати аввал аз се дараҷаи зерини моддӣ иборат аст:

– олами кайҳонӣ (мегаолам) – фарогирандаи сайёраҳо, олами ситораҳо, галактикаҳо ва метагалактикаҳо;

– олами акбар (макромир) – шаклҳои устувор ба андозаи инсон (ба он ҳамчунин молекуллаҳои маҷмӯъи кристалӣ, организмҳо ва маҷмӯъи организмҳо);

– олами асғар (микромир) – олами заррот (атомҳо) ва ҳиссаҳои элементарӣ дониста шудааст. Ҳамчунин дараҷабандии навъҳои материя ба ғайриорганикӣ, органикӣ ва иҷтимоӣ мавҷуд аст.

        Дарҷоти моддаҳо-табиати ғайриорганикӣ:

– субмикпоэлементҳо, микроэлементҳо, ядроӣ, атомӣ, молекулярӣ;

– дараҷаи макро;

– дараҷаи мега (саёраҳо, галактикаҳо, метагалактик-тикаҳо ва ғ.

Дараҷаи табиат-материяи зинда-органикӣ иборат аз:

– дараҷаи молекулярӣ;

– ҳуҷайрагӣ;

– микроорганизмҳо;

– узвҳои бисёрҳуҷайрагӣ биотсенозӣ;

– биосферӣ мебошад.

          Дарҷаи иҷтимоӣ (сосиум) иборат аз: фард, оила ҷамъи ҳамкорон, синф. халқият, миллат, давлат, этнос, инсоният аст.

          Дар нихояти баррасии сохтори моддии олам, масъалаи муайян
намудани як ё як чанд назарияи бунёдии олам пеш меояд. Маълум
аст, ки дар ин маврид назарияҳои динию фалсафии зиёде мавҷуданд, ки муҳимтарини онҳо иборатанд: Нахустин ду назария, ки вобаста аз ҳалли масъалаи асосии маърифатшиносӣ (чӣ аввал аст: модда ё шуур, табиат ё рӯҳ?) истинбот шудаанд, назарияи моддагароӣ (материализм) ва мисолгароӣ  (идеализм) мебошанд.

Вобаста ба он ки ба саволи «Оё олам бунёди ягона дорад ё на?»
файласуфонро ба ваҳдатгаро  пайрави монизм) ё чандгаро (пайравӣ аз плюрализм) тақсим кардаанд.

Аз чигунагии ҷавоб ба саволи «Олам қобили тағйиру дигаргуни
аст ё моҳиятан тағйирнопазир» назарияҳои метафизикӣ ва диалектикии олам ба вуҷуд омаданд,  Аз ҷавоб ба саволи «Дар олам ягон хел қонунияте вуҷуд дорад ё он табиатан бе назму қонун аст?» моделҳои мабнӣ ба сабабият (детерминистӣ) ва ё ба адамисабабият (йндетерминизм) ба вуҷуд омадаанд.

Усулан ин ё он намунаи фалсафии олам вобаста аз ҷавоб ба саволҳои боло ва муқаддимаи ҷаҳонбиниашон қобили дигаргуншудан аст.

  

Гулов Исматулло, ассистенти кафедраи

фалсафа ва фарҳангшиносии ДДБ ба номи Носири Хусрав