Имрӯз паҳншавии пандемияи коронавирус тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Баъд аз таҳқиқоти зиёди кормандону мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва коршиносони самти равоншиносӣ исбот шуд, ки бемории коронавирус ба инсони иммунитеташ қавӣ таъсири камтар мерасонад. Қавӣ намудани иммунитет бошад, аз дуруст интихоб намудан ва истеъмоли ғизои солим, ҳолати равонии ором, иродаи мустаҳками одам ҳамчун ҷузъиёти биологӣ вобастагии зиёд дорад. 

Тамоми бемориҳо, хусусан СОVID-19, худро дар организми заиф, камқувват мутобиқ намуда, ба узвҳои гуногуни инсон таъсир мерасонад. Дар шароити мураккаби ҷаҳонишавии ин беморӣ тақвияти ғизои солим аҳамияти бештар касб мекунад. Бояд сокинони кишвар дарк намоянд, ки муҳити агроэкологии кишвари мо барои рӯёнидани ҳосили тамоми зироати кишоварзии аз  ҷиҳати экологӣ тоза созгор буда, манбаи таъмини ғизои солим ва василаи мубориза бар зидди ин беморӣ ва дигар намуди бемориҳои вирусӣ мебошад.

Зикр намудан зарур аст, ки СОVID-19 бемории шадиди сироятии вирусӣ буда, бо бартарии сироятёбии роҳҳои нафас ба монанди илтиҳоби луобпардаи бинӣ ва узвҳои ҳозима бо аломатҳои илтиҳоби шадиди меъдаю рӯдаҳо ва илтиҳоби шадиди шуш зоҳир мегардад. Барангезандаи бемориро якумин маротиба олим Д. Тирел дар соли 1965 аз беморе, ки бо гирифтори ринити шадид буд, дарёфт намудааст. Баъдтар олимон Э. Каул ва С. Кларк соли 1975 аз наҷосати кӯдаки бемор ин вирусро дарёфт намуданд. Компанентҳои антигении вирус дар қисми болоии тоҷ ҷойгир мебошад. Вирус дар муҳити зист ноустувор буда, бо таъсири эфир ва маҳлули хлороформ зуд нобуд мегардад. Манбаи асосии он инсони бемор ва нафаре, ки ин бемориро аз сар гузаронидааст, мебошад. Роҳҳои гузариши ин бемориро коршиносони соҳа бо ду шакл: воситаи ҳавои қатрагӣ ва алоқамандӣ бо беморон муайян кардаанд.

Аломатҳои бемории сироятии коронавирус, сулфаи хушк, баландшавии ҳарорати бадан, дарди қафаси сина, нафастангӣ ва амсоли ин буда, ба кори шуш ва дил таъсири худро мерасонад. Дар сурати эҳсос намудани чунин аломатҳо, мо бояд ба табибон муроҷиат намоем. Ягона васила ва роҳи пешгирии паҳншавии коронавирус зуд-зуд шустани дастон, аз маҳлулҳои антисептикӣ истифода кардан, дар умум риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ мебошад.  

Бояд қайд намоем, ки аз аҳли зиёи кишвар, табибону мутахассисон, ходимони дин, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳамин лаҳзаҳои ҳассос тақозо карда мешавад, ки вокунишҳои саривақтӣ, шарҳу тавзеҳи дурусти ин масъаларо ба аҳолӣ фаҳмонанд. Ҳамчунин шаҳрвандони кишвар низ баҳри солимии ҷомеа бетараф набошанд, ҳар гуна иттилооти нодурустро дар ҷомеа паҳн накунанд ва фақат ба манобеъи боэътимод такя намуда, фаъолияту зиндагии худро идома бидиҳанд.

         Муваққатан баста шудани муассисаҳои томактабӣ, миёна ва касбӣ, масҷидҳо, манъи чорабиниҳо ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус мусоидат мекунад. Сокинон бояд ба маълумоте, ки баъзан дар сомонаҳои ғайрирасмӣ чопу интишор мешаванд бовар накунанд.  Бояд сокинони кишвар ба таҳлука наоянд, тарсу ваҳмро дар дилашон ҷойгир накунанд ва барои саломатии худ ҳамеша қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд.

         Зикр намудан ба маврид аст, ки маҳз ғизои солим, ки омили қавӣ гардидани иммунитет мегардад, боиси таъмини саломатии ҳар буда метавонад. Дар шароити кунунӣ бояд сокинон ғизои аз ҷиҳати экологӣ тозаро зиёдтар истеъмол намоянд ва ба ин васила дар таъмини солимии худ ва атрофиён саҳмгузорӣ намоянд.

 

 

                                              

         Шарифов Сангимурод, сардори бахши

        Маркази таҳлил-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав