Имрӯзҳо ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус аз ҷониби мутахассисону табибибон дастуру тавсияҳои судманд пешниҳод шуда истодаанд, ки риояи онҳо барои таъмини солимии ҳар фард замина мегузорад. Дар натиҷаи таҳқиқоту омӯзиш ва мушоҳидаҳо маълум гардид, ки риояи чунин омилҳо зарур мебошанд:

 – ҳеҷ вақт ва дар ягон ҳолат ба таҳлука (воҳима) наафтидан;

– зарур аст, ки пеш аз ҳама қоидаҳои гигиенаи санитариро қатъӣ риоя намудан;

– ҳангоми гаштугузор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва суҳбат бо дигар шахсон масофаи на кам аз 1, 5 метрро нигоҳ доштан;

– пӯшидани ниқобҳои муҳофизатӣ ҳатмӣ буда, истифодаи онро фаромӯш накардан;

– мунтазам шустани дастон бо собун ва тоза нигоҳ доштани онро қатъӣ риоя кардан;

– ҳеҷ вақт ва дар ягон ҳолат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ду ё се нафар зиёд ҷамъ нашудан;

– агар синну сол аз 60 зиёд бошад, ҳатман дар хона мондан ва аз гаштугузор худдорӣ намудан;

– дар хотир бояд дошт, ки ин беморӣ тавассути заррачаҳои луоби даҳон аз бемор ба шахси солим мегузарад;

– ба чашм, даҳон ва бинӣ даст нарасонидан;

– ҳамавақт даромадгоҳҳои умумии хонаҳоро тозаву озода нигоҳ дошта, бо маҳлулҳои махсус тамиз намудан;

– манзилҳои истиқоматии шахсии худро тозаву озода нигоҳ доштан.

         Дар сурати мунтазам риоя намудани дастуру тавсияҳои зикршуда метавонед худ ва наздикони худро аз сироятёбӣ аз ин беморӣ ҳифз намоед. Ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки саломатии ҳар як шахс, қабл аз ҳама, дар дасти худи ӯст ва ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ вобастагии амиқ дошта, иҷрои қатъии онҳо имкон медиҳад, ки одамон ба ин бемории сироятӣ гирифтор нашаванд. Албатта, ҳангоми мушоҳидаи таби баланд, сулфаи хушк, сӯзиши қафаси сина таъҷилан ба духтури маҳалли зист муроҷиат намоед ва бахудмуолиҷакунӣ ҳеҷ гоҳ роҳ надиҳед.

Баъзе аз сокинони кишвар ва ё гурӯҳҳои манфиатҷӯ тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ва шабакаҳои гуногуни иттилоотӣ бе далел оид ба гирифтор шудану фавти сокинон аз бемориии коронавирус маълумоти бардурӯғ паҳн менамоянд, ки ин ҳолат барои боз ҳам мураккаб гардидани вазъи бавуҷудомада таъсири бад мерасонад. Бояд қайд намуд, ки ҳоло нисбат ба солҳои гузашта “ҷанги иттилоотӣ” бештар тезу тунд гардида, боиси ба вуҷуд омадани дигар мушкилиҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гашта истодаанд. Дар воқеъ, дарки масъалаи мазкур аз ҳар кадоми мо тақозо менамояд, ки дар шинохт ва маърифати ҳар падидаву зуҳуроти ба вуҷудомада, хоса COVID-19 танҳо такя ба манбаъҳои боэътимод намоем. Аммо сабаб чӣ бошад, ки шаҳрвандони оддӣ низ имрӯз кӯшиши шарҳу тафсир ва баёни чунин паёмадҳоро дар шаклҳои мухталиф доранд.

         Тазаккур бояд дод, ки ҳоло дар кишвар тамоми ниҳодҳои давлатӣ дар ҳамкории зич буда, моҳияти бемории коронавирусро ба аҳолӣ дар суҳбату вохӯрӣ фаҳмонида истодаанд. Тавассути воситаҳои ахбори омма маълумоти дақиқ пешниҳод шуда истодааст, ки ин ҳолат ҳам мардумро аз таҳлука ва ё тарсу ваҳм нигоҳ медорад.

 

 

 

Сангимурод Шарифов, сардори бахши

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав