Фарҳанг доманаи густурда дорад ва дар ҳама замонҳо рисолати созандагии миллатҳову халқҳоро дорост. Ҷомеаҳое, ки такя ба фарҳанг доранд, дар арсаи ҳама талошҳо муваффақанд. Мо ин гуфтаро дар ҳаёти кишварҳои абарқудрати имрӯза дида метавонем, ки маҳз тӯли садсолаҳо бо гиромидошти фарҳанг ва тақвияти ҷабҳаҳои фарҳангӣ тавонистаанд, ки дар арсаҳои ҷаҳонӣ нуфузу эътибор пайдо кунанд. Имрӯз он кишвари абарқудратеро наметавон дарёфт, ки бидуни ҷилои фарҳанги аҷдодиву мулкии худ арзи ҳастӣ дошта бошад. Онҳо дар навбати аввал дар роҳи «системасозиҳо»-и минтақавию ҷаҳонӣ маҳз ба фарҳанги худ такя мекарданд ва мекунанд. Гуфтугӯи тамаддунҳо, ки инак чанд даҳсола боз аҳли башар аз он барои худ мазмунҳо ҷӯё мешавад, давоми мантиқии андешаи болост, ки иртиботи қавӣ ба авзои иҷтимоиву сиёсии ҷаҳони имрӯза доранд.

Боиси фараҳмандиву қаноатмандист, ки давлату ҳукумати кишварамон ин ҷиҳати ҳассосро ба хубӣ дарк кардааст. Алалхусус, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомлӣ Раҳмон чун як раҳнамои миллат бо қадрдонии фарҳанги миллату халқи худ дар роҳи эъмори як кишваре, ки метавонад бақои устувор дошта бошад, қадамҳои устувори худро гузоштааст. Пешвои миллатамон тавонист, ки мо – тоҷиконро чун соҳиби фарҳанги воло дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунад. Дар аввалин рӯзҳои вазифаи пурмасъулияти роҳбарии давлатро ба дӯш гирифтан, ки Тоҷикистон дар ҳолати нобудӣ қарор дошт ва миллат парокандаву сарсон буд, ба ҳамватанони дар ғурбат қарордошта аз минбари баланди ВАО иброз дошта буд: «… Ба ватан биёед. Шуморо хонаву даратон интизор аст. Ба иғво дода нашавед. Ман ба шумо кӯҳи тилло ваъда намекунам. Танҳо инро мегӯям, ки агар як пора нон ҳам дошта бошем, онро бо ҳам мебинем». Мантиқи ин даъвати кӯҳтоҳ дар худ фарҳани бузургеро нигоҳ медошт. Ин оҳанг аз фарҳанги инсондӯстонаи чандинсолаи машриқзамин бармеояд, ки саршори ҳикматҳои бузург аст. Ин садо аз омили пурғановати фарҳанг танин дошт ва ин ҷумларо он рӯзҳо фарде гуфта метавонист, ки дар замири ӯ оташи фарҳангу маънавиёти баланд ниҳон буд. Аввалин даъват дар аввалин рӯзҳои сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон оҳангу таровати фарҳангӣ дошт. Фарҳанги ҳадису қуръонӣ, фарҳанги бародарӣ, фарҳанги дӯстӣ, фарҳанги рафоқат ва фарҳанги сулҳу ваҳдат, ки миллат он рӯз ба он шадидан ниёз дошт, имрӯз низ ба он ниёз дорад ва фардоҳои дигар бо он ниёз хоҳад дошт. Фарҳанг барои миллати тоҷик сулҳро асос гузошт ва ин аст, ки фарҳанг барои миллати тоҷик чун ганҷи муқаддас бебаҳост. Ҳар ки ин ганҷро гиромӣ медорад, Худованд ӯро комёбу фотеҳи ҳаёт мегардонад. Ин марди худододро низ фарҳангӣ буданаш ва гиромидошти фарҳангияш дар ақсои олам шуҳрат бахшид. Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин қадамҳо бо фарҳанги баланди худ тавонист, ки дар дили садҳо ҳазор ҳамватанони муҳоҷир шуълаи умед бахшад. Дар ваҳдати миллати тоҷик на молу амвол, на тиру туфанг ва на таҳдиду фишор, балки фарҳанг нақш дошт. Ин пешвои аз байни халқи одии заҳматкаш рӯида тамоми паҳлӯҳои давлатсозиву таҳкимбахшии миллатро дарк кард ва гуфт: «Фарҳанг ҳастии миллат аст». Ҳамин буд, ки ба ин фарҳанг давлат бунёд кард, сулҳ офарид, ваҳдати миллатро таъмин кард ва баъд аз ҳазор соли давлатдории тоҷикон аз нав ба ин фарҳанг халқи тоҷикро нерӯву тавони дубора бахшид.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат кори давлатдории худро бо фарҳанг оғоз кард. Далели ин гуфтаи авзои иҷтимоиву иқтисодии соли 1999 мебошад, ки дар он солҳо кишвари акнун аз оташи низоъу нооромиҳо раҳошудаамон дар роҳи бунёду барқарорсозиҳо қадамҳои нахустин мегузошт. Ба вуҷуди ҳама мушкилот дар маркази пойтахти ватанамон қад афрохтани пайкараи бузурги Исмоили Сомонӣ ба тамоми ҷаҳониён мужда дод, ки миллати куҳанбунёди тоҷик буд, ҳаст ва талошҳо дар роҳи маҳви он як хаёлу ҳадафи ботил аст. Эмомалӣ Раҳмон нахуст гӯё пайкари ин миллатро тавассути як навъи фарҳанг барқарор кард, ки тӯли садсолаҳо дар миёни тирагиҳову ғубор қарор дошт. Ин худ як падидаи бузурги фарҳангӣ буд, ки халқи тоҷик дар оғози ҳазорсолаи нав чун як фоли нек – Исмоили Сомонии худро пайдо кард. Аз ҷониби сарвари давлат ин иқдом як омили бузурги баланд бардоштани маънавиёти миллат буд. Исмоили Сомонӣ бо фарҳанги баланди худ аввалин давлати тоҷиконро сохта буд, ки ҳанӯз ҳазор сол қабл намуна барои дигарон дониста мешуд. Эмомалӣ Раҳмон давомдиҳандаи кори аввалин асосгузори давлати тоҷикон аст, ки тавонист ин миллатро дар партави фарҳанги волояш аз парокандагӣ наҷот бахшад. Маҳз ӯ буд, ки имрӯз тоҷик сарҷамъ аст ва нагузошт, ки «табартақсим»-и дигаре мулки аҷдодии моро пора созад. Фарҳанги сулҳофарии ӯ ибратомӯз ва ҳамзамон мояи ҳасади тангбинон аст. Пешвои миллат сипари фарҳангиеро сохт, ки кафолати бақои миллату халқи тоҷик аст. Ин фарҳанги сулҳофарии ӯ мӯҷиби ҳайрати ҷаҳониён аст ва ин сифат буд, ки имрӯз не, имсол не, балки беш аз 25 сол қабл ӯ чун пешвои аслии миллати тоҷик шинохта шуда буд. Имрӯз баъзан мешунавем, ки мегӯянд бо пешниҳоди фалону фалон ба ӯ унвони Пешвои миллат дода шуд. Ин андешаву гумон саҳеҳ нест. Касе бояд  имрӯз бо ин андеша миннат нагузорад, балки Эмомалӣ Раҳмонро фарҳанги сулҳу ваҳдатофаринияш пешво кард. Фарҳангҳои аз дастрафтаро эҳё бахшиданаш ӯро раҳнамои миллат сохт. Ин ҳам падидаи фарҳангист, ки ӯро акнун Пешво меномем. Зеро ин падида боз як омили муттаҳид шудани тоҷикон дар атрофи ӯ мебошад. Пешвои миллат аз рӯзҳои нахуст бо фарҳанг такя мекард ва имрӯз низ корбаст аз фарҳанг шеваи фаъолияти доманадорӣ ӯст. Таҷлили чорабиниҳои фарҳангӣ, симпозиуму конференсияҳо ва ҳамоишҳои байналмилалӣ бахшида ба таҷлили солгарди фарзандони барӯманди миллат, таҷлили санаҳои бузурги фарҳангӣ, бунёди иншооти замонавӣ, барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, эҳёи суннатҳо ва анъанаҳои ҳарсолаи миллӣ, қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, тавассути чорабиниҳои байналмилалӣ тарғиби фарҳанги пурғановати миллӣ дар кишварҳои хориҷӣ, баргузории рӯзҳои фарҳангиву ба роҳ мондани сафарҳои ҳунарӣ ва амсоли он аз аввалин рӯзҳо дар маркази таваҷҷуҳи роҳбари давлат қарор дошт ва дорад.

Аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Пешвои миллат аҳли ҳунару санъат пайваста зери таваҷҷуҳи хоса қарор дорад. Арҷгузориву қадрдонии заҳмату хидматҳои онҳо аз маркази диққати Пешвои миллат дур нестанд. Бунёди муассисаҳаи муҳташами фарҳангӣ, мақоми давлатӣ гирифтани як қатор муассисаҳои фарҳангӣ, аз қабили ансамблҳои «Шашмақом», «Фалак» ва таҷлили ҳамасолаи ҷашнҳои «Наврӯз», «Меҳргон», «Сада», «Рӯзи Шашмақом»,» Рӯзи Фалак», «Рӯзи Китоб», инчунин дастгирии чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳириявию байналмилалӣ гувоҳи толошҳову нақшҳои Пешвои миллатанд. Ҳангоми гузоштани хишти аввалин ва нома ба наслҳои оянда дар бунёди бузургтарин театри замонавӣ дар маркази пойтахт Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буд: «Имрӯз Парлумон ба бинои нав ниёз дорад, аммо сарфи назар аз ин эҳтиёҷот бунёди ин театри замонавиро заруртару муҳим медонем. Зеро ки он моли фарҳангии миллат мешавад». Ин нукта баёнгари он аст, ки ӯ фарҳангро дар сиёсати худ муқаддам мешуморад. Бо тасмими бевоситаи Пешвои миллат бунёди яке аз бузургтарин масоҷиди Осиёи Марказӣ дар як гӯшаи пойтахт бо суръат идома дорад, ки рухдоди бузурги фарҳангӣ дар тамоми ҷаҳони ислом хоҳад буд. Ҳайкали Исмоили Сомонӣ, осорхонаву китобхонаи миллии замонавӣ, парчаму нишони миллии партавафшон бинои муҳташами Қасри Миллат ва чанде дигар, ки дар маркази шаҳр ба таври рамзӣ дар як ҳудуд қомат афрохтаанд, худ як гувоҳномаи бузурги фарҳанги миллати куҳанбунёди мост. Ин бунёдҳо рисолати ҳазорсолаҳо барои наслҳои минбаъда дошта, чун як санади кафолат дар роҳи шинохти ҳастии миллати тоҷик мебошад. Бо эътимоду қаноатмандӣ иброз медорем, ки зери роҳнамоии ин абармарди миллат маънавиёту маърифати мардум дар роҳи худшиносӣ ба маротиб боло меравад. Таҷлили солгарду мавлуди фарзандони шоиставу фарзонаи миллат, аз қабили 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии форсу-тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1000-солагии Носири Хусрав, 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам Абӯҳанифа, 600-солагии Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ, 700-солагии мутафаккири барҷастаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва монанди ин як омили бузурги таконбахшанда дар роҳи баланд шудани маънавиёти ҳамдиёрони мост. Таҷлили ин солгардҳо ба мақсади тавлиду камоли ин гуна фарзандони миллат мебошанд, ки бо гузашти вақт боиси ифтихори наслҳои оянда бошанд. Миллати тоҷик таъриху фарҳанги ҳазорсолаҳоро соҳиб аст. Барои шинохти ин таърих санаҳои таърихиву фарҳангии 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоби Бостон, 3000-солагии Ҳисори Шодмон дар сатҳи байналмилалӣ бо иштироки ҳазорон нафар меҳмонони хориҷӣ ҷашн гирифта шуд. Рушди фарҳангу маънавиёти ҷомеа, асли ҳадафи ин ҳама тасмимҳост. Сарвари давлатамон он шахсияти фарҳангдӯстест, ки дар самти эҳё ва дастгирии анъанаҳои миллии ниёкон аҳамияти хоса зоҳир мекунад. Эҳёи намунаҳои беҳтарини суннатҳо ва анъанаҳои аҷдодӣ дар замони истиқлол суръати хос пайдо кардааст. Ҳамин аст, ки зина ба зина номгӯи анъанот ва суннатҳои мардумӣ эҳё ва дар байни мардум густариш меёбанд, ки ин омили муҳими дигар дар роҳи бештар шудани маҳбубияти Эмомалӣ Раҳмон дар байни халқаш мебошад. Махсусан солҳои охир намунаҳои беҳтарини фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии миллӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар инкишоф меёбад, ки аз воситаҳои беҳтарин дар мусоидат ба пешрафти маънавии ҷомеа ба шумор меравад. Ҷойи хушист, ки дар давоми даҳ соли охир ҳунари чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кандакорӣ, кашидадӯзӣ, қолинбофӣ, атласбофӣ, адрасбофӣ, алочабофӣ, намадмолӣ, бурёбофӣ, заргарӣ, кулолгарӣ, косаву қошуқтарошӣ, гаҳворасозӣ, созтарошӣ, достонсароӣ, қиссахонӣ, фалаксароӣ ва дигар суннатҳои миллӣ дар қолаби қадимӣ ва шаклу услуби нави миллӣ зинда шудаанду дар паи рушд қарор доранд. Пешвои миллат дар сафарҳои худ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ махсус саҳнаи намоиши ин ҳунару анъанаҳоро тамошо мекунанд. Бо аҳли ҳунар суҳбату мулоқот анҷом медиҳад, аз асрори касбу ҳунарҳои мардумӣ воқиф мешавад ва дастуру маслиҳатҳои худро барои пешрафту нумӯи ин ҳунарҳо дареғ намедорад. Ҳамин аст, ки бо дастгирии моливу маънавии сарвари давлат маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик дар намоишгоҳҳои дохиливу хориҷи кишвар ба маърази тамошо гузошта мешавад, ки як навъи муаррифгари фарҳанги тоҷикон дар миқёси ҷаҳон мебошад. Эмомалӣ Раҳмон чун раҳнамои оқили миллат тавонистааст, ки фарҳангро ба як омили таҳкимбахши ваҳдату ҳамдигарфаҳмии ҳамватанон табдил диҳад. Маҳз бо таъкиду дастури ӯ сол ба сол дар ҷумҳурӣ шумораи чорабиниҳои фарҳангию маданӣ зиёд мешавад, ки намояндагони ҳама минтақаҳои кишварамонро гирди ҳам меорад. Ин иқдом чун як мактаби бузурги тарбияи фарҳангии наврасону ҷавонон натиҷаҳои мусбат ба бор меоранд. Чунончӣ баргузории Фестивали байналмилалии дастаҳои ҳунарии касбии этнографии «Садои дилҳо» бахшида ба Соли тамаддуни ориёӣ, Фестивали ҷумҳуриявии кӯдакони болаёқат – «Сапеда», Фестивал-озмуни эҷодиёти бадеии халқ –«Андалеб», «Чакомаи Гесу», Фестивали ансамблҳои тарона ва рақс – «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён», Фестивал-озмуни «Оши палав», Фестивали «Ҷилваи чакан», Фестивали ҷумҳуриявии наътхонӣ, Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби бачагон ва наврасони Тоҷикистон», Фестивал-озмуни вилоятии бачагонаи «Донак» (Вилояти Суғд), Озмуни вилоятии «Ғунчаҳои санъат» (ВМКБ), Фестивал-озмуни ансамблҳои оилавӣ (ВМКБ), Фестивали «Таронаи чакан» (вилояти Хатлон) ва ғайраҳо боис шудаанд, ки худшиносии маънавии наврасон босуръат боло равад. Тадбирҳо ва дигар ибтикороти фарҳангии Пешвои миллат низ дар роҳи ваҳдату дӯстӣ ва худшиносию баланд шудани сатҳи маънавию фарҳангии аҳли ҷомеа мусоидат карда истодаанд. Таҷлилу эҳёи суннатҳои мардумӣ ва баргузории чорабиниҳои васеи фарҳангӣ, ба монандӣ Наврӯз, Меҳргон, Рӯзи Шашмақом, Рӯзи Фалак, Рӯзи китоб, Рӯзи забон, Рӯзи Парчам ва амсоли он ба ҳукми анъана даромадаанд, ки шодиву нишот ва қаноатмандии тамоми қишрҳои имрӯзаи ҷомеаи мо мебошад. Равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаи байналмилалии фарҳангӣ бо кишварҳои дуру наздик имрӯз бозгӯи симои миллати мо дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Ин ҳамаро мо дар шартномаҳои фарҳангии байнидавлатӣ, бо кишварҳои аъзои САҲШ ва ҳамкориҳо дар сатҳи СММ, ЮНЕСКО, ИСЕСКО ва монанди он дарёфт мекунем, ки дар ин самт низ заҳматҳои Роҳбари Давлат мавриди зикр мебошанд. Дар ин роҳ заминаҳои зиёд муҳайё шудаанд, ки намунаи беҳтарини он қабул шудани «Консепсияи рушди фарҳанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2005 мебошад. Консепсияи мазкур равандҳои мақсадноки илмию амалии соҳаҳои мусиқӣ, драматургия, санъати тасвирӣ, хореографӣ, фаъолияти осорхонаву китобхонаҳо, хонаҳои фарҳанг, боғҳои истироҳат, муассисаҳои таълимии фарҳанг ва санъатро фаро мегирад. Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ», «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ» ва амсоли он заминаи устуворе дар ташаккули фарҳанги миллӣ гузоштаанд. Имрӯз ба симои пойтахти кишварамон менигарем ва пеши назар як шаҳри фарҳангие ҷилва менамояд, ки бозгӯи таърихи ҳазорсолаҳост. Биноҳои муҳташами гунбазшаклу дорои манораҳо шаҳрҳои қадимии миллатро ба ёд меоранд. Зебу зиннати миллӣ ва баъзан нақшҳое дар болои гунбазҳо ифодаву мафҳуми «тоҷик»-ро кушодан мехоҳанд. Ин ҳама хидматҳои шоистаи Пешвои миллат мебошад, ки фарҳангро арҷгузорӣ кардааст. Ин таҳаввулот ба ҳамаи мо умед бахшида метавонад, ки сиёсати фарҳангии Эмомалӣ Раҳмон давлату миллату марзу буми моро чун сипари тавонно умри ҳазорсолаҳо мебахшад.

 

 

 

Давлатов Беҳрӯз, ассистенти кафедраи

фалсафа ва фарҳангшиносии ДДБ ба номи Носири Хусрав