Самаранок истифода бурдани замин аз фарҳангу масъулияти ҳар сокини кишвар вобастагии зиёд дорад. Шурӯъ аз моҳи феврали соли равон замини хоҷагии ёрирасон ва таҷрибавии минтақаи “Зағертӣ”-и Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” зери таваҷҷуҳи махсус қарор гирифта, зери дарахтони боғи хоҷагӣ картошкаву пиёз, помидору бодиринг, ҷуворимакка, тарбузу харбуза кишт карда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки замини хоҷагии мазкур 5 гектар буда, дар 3 гектари он боғ бунёд шуда, дар он дарахтони гелосу зардолу, себу ангур, анору шафтолу ва амсоли шинонида шуда, қисми зиёди онҳо боровар мебошанд. Имсол низ беш аз 20 фоизи дарахтони боғ аз нав бо тавсияи олимони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усулҳои муосир ва ба обу ҳавои минтақа мутобиқ шинонида шуданд.

Дар боқимонда заминҳои хоҷагӣ кишти маҳсулоти полезӣ, аз қабили тарбузу харбуза низ ба роҳ монда шуда, аллакай пухта расидаанд. Ҳамчунин дар ин хоҷагӣ парвариши меваҳои ситрусӣ, аз қабили лимон низ ба роҳ монда шудааст, ки устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар ҷараёни таълим ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул мебошанд.

         Қайд намудан зарур аст, ки дар аввали моҳи июн ҳосили картошка ҷамъоварӣ шуда, заминҳои зери боғ барои кишти такрорӣ омода гардиданд. Тибқи тавсияи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, дар кишти такрорӣ маҳсулоти донагӣ, аз қабили лубиё, ҷуворимакка ва мош бисёр мувофиқ мебошад.

        

Кишти такрорӣ василаи хуби рӯёнидани ҳосил ва мақсаднок истифода бурдани ҳар ваҷаб замини дар ихтиёрдоштаро ифода мекунад. Аз ин лиҳоз, Раёсати ДДБ ба номи Носири Хусрав баҳри тақвияти корҳои кишоварзӣ ва рӯёнидани ҳосили дилхоҳ ба ин масъала эътибори хоса зоҳир намуда истодааст. 

        

Дар маҷмуъ, ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти самараноку оқилона истифода бурдани замин ва аз он се чор ҳосил рӯёнидан сармашқи кори худ намуда, дар ин ҷода ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодаанд.

 

 

Сангимурод Шарифов, сардори бахши Маркази

таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав,

Ҳамдамзода Хурсанд, декани факултети иқтисодии донишгоҳи мазкур