Таъмини амнияти озуқаворӣ, яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ин замина бо андешидани тадбирҳои муҳим зина ба зина мушкилиҳои мавҷудаи соҳа бартараф шуда, натиҷаҳо дар ин самт назаррас арзёбӣ мешаванд. Барои фаъолияти самарабахши хоҷагиҳои деҳқонӣ, истифодаи дурусти замин, гирифтани се-чор ҳосил, беҳтаргардонии ҳолати мелиоративии заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои боир ва дар ин самт масъулияти ҷиддӣ эҳсос намудан ба рушди соҳа таъсири амиқ мерасонад. Ҳамчунин қабул шудани санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва стратегияву барномаҳои давлатӣ ба рушди соҳа низ заминаи воқеӣ гузошт.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои хоҷагии ёрирасон ва таҷрибавии минтақаи “Зағертӣ”-и шаҳри Леваканд тадбирҳои муҳим амалӣ гардида, дар байни дарахтони боғи хоҷагӣ кишти картошка гузаронида шуд.

Ба ҳар факултети донишгоҳ қитъаи замини махсус вобаста гардида, устодон ҳангоми фориғ аз дарс ба ин минтақа сафарбар шуда ба кори кишоварзӣ машғул мешаванд.

Маҳз дар натиҷаи дуруст риоя намудани қоидаҳои агротехникӣ ва саривақт додани озуқа картошка хуб нашъу намо намуда, ҳосили дилхоҳ низ ба даст омад. Дар майдони 3 гектари боғ, ки дар зери он картошка кишт шуда буд, беш аз 11 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ гардид.

Қайд намудан зарур аст, ки баъд аз ҷамъоварии ҳосили картошка дар зери дарахтони боғ кишти такрорӣ, аз ҷумла маҳсулоти лубиёгӣ парвариш карда мешавад. Чунин тадбирандешиҳо ба амалигардии яке аз ҳадафҳои олии кишвар: таъмини амнияти озуқаворӣ, муътадил нигоҳ доштани нарху навои маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳо ва дастрасии он ба аҳолӣ мусоидат мекунад.

 

 

 

 

Сангимурод Шарифов, сардори бахши

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав