Заминларза, селу обхезӣ ва фаромадани ярч аз ҷумлаи ҳодисаҳои табиӣ доимӣ ба шумор рафта, ҳамасола дар ҷаҳон аз ин ҳисоб ҳазорон одамон ба ҳалокат расида, ба иқтисодиёти кишварҳо миллионҳо доллар зарар мерасад. Сокинони вилояти Хатлон, хоса истиқоматкунандагони деҳаи ба номи Неъматуллои Асадуллои ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Хуросон низ қариб ҳамасола аз ҳисоби сел зарар мебинанд. Дар моҳи майи соли равон, ки боронҳои зиёд дошт, ба заминҳои кишоварзӣ ва ба беш аз 60 хонаҳои истиқоматии сокинони ноҳия таъсири худро расонид. Бо дастур ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати саривақт бартараф намудани зарари офати табиӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, барои сокинон қитъаи замин, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар кӯмакҳо расонида шуданд.

Дар ҳақиқат Пешвои миллат ҳамеша барои кӯмаку ёрӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла шахсони имконияти маҳдуддошта, яккаву танҳо ва дар натиҷаи офатҳои табиӣ зарардида ғамхорӣ зоҳир намуда, дигаронро низ ба чунин корҳои хайр роҳнамоӣ мекунанд. Имрӯз дар заминаи ҳидоятҳои Роҳбари давлат шахсони хайрхоҳ, соҳибкорон, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, хулоса сокинони кишвар ба оилаҳои аз офати табииӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон кӯмак намуда истодаанд.

Тибқи нақшаи тасдиқшуда Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав устодону кормандони факултетҳо барои кӯмак ба зарардидагони офати табиӣ ноҳияи Хуросон сафарбар шуда, ёриву мадади худро расонида истодаанд.

Бояд қайд намуд, ки ҳоло бунёди манзилҳои истиқоматии сокинон бо маром идома дошта, дар моҳҳои наздик ба истифода дода мешавад. Барои боз ҳам таъмини онҳо бо лавозимоти рӯзгор ёриву кӯмакҳо дар назар мебошад. 

 

 

Муҳаббат Маҳмадалиева, саромӯзгори кафедраи адабиёти

тоҷики факултети филологияи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав