Шайх Абӯсаиди Абулхайр (даврони тахминии зиндагонияш 968-1049) аз ҷумлаи бузургтарин шоирони ориф ва ё орифони шоир мебошад, ки дар рушду нумуи рубоӣ ва дубайтиҳои ирфонӣ саҳми беназире дорад. Дар ин мақола мо пажӯҳиши рӯзгор ва осори Шайх Абӯсаидро мақсад қарор надода, танҳо ба таҳқиқи мавқеи санъати талмеҳ дар рубоиёти ӯ машғул шудаем ва ба ин васила то андозае дар бораи ҳунари шоирии ин бузургмарди олами ирфону адаб изҳори назар кардан мехоҳем. Барои иҷтиноб варзидан аз такрори афкори дигарон ва бозгӯӣ накардани гуфтаҳо дар бораи чигунагии санъати талмеҳ низ чизе намегӯем.

Қайд намудан лозим аст, ки дар рубоиёти Шайх Абӯсаид санъатҳои гуногуни бадеӣ, аз қабили ташбеҳ, тавсиф, муболиға, кинояву маҷоз, такриру тарсеъ, таҷнису тазод ва ғайраҳу истифода шудаанд, ки ҳар яке дар афзудани ҳусну малоҳат ва балоғату фасоҳати ашъори ӯ нақше доранд. Дар ин миён санъати талмеҳ ҷойгоҳи хоса ва мавриди истифодаи васеътар дорад.

Азбаски Шайх Абӯсаид, пеш аз ҳама, аз бузургони дину ирфон аст,  дар рубоиёти ӯ бештар талмеҳоти қуръонӣ истифода шудаанд, ки ба шахсияту рӯйдодҳои гуногуни дар авроқи ин китоби осмонӣ ҷодошта ишора мекунанд.

Масалан, дар рубоии зерин ба василаи санъати талмеҳ ба ду ривояти қуръонӣ ишора шудааст. Дар байти аввал орифи аз давлатмардони даврон озурда аз Худованд таманно мекунад, ки раҳнамои оқилу одиле бифиристад ва барои дафъи вуҷуди касифи Намрудҳои охирзамон пашаи намрудкуше биофарад:

Ё Раб, Ту замонаро далеле бифирист,

Намрудонро паша чу пиле бифирист.

Фиръавнсифатон ҳама забардаст шуданд,

Мӯсову асову рӯди Ниле бифирист.

(8, 32)

Мувофиқи ривоёти динӣ, Намруди лаъин аз ҷумлаи ҳукмронони золиму беимон аст, ки ҳазрати Иброҳим дар замони ҳукмронии ӯ зиндагӣ мекард. Ҳарчанд ҳазрати Иброҳим ӯро ба Худои ягона мехонд, итоат намекард, балки ҳам ба мардум ва ҳам ба пайғамбар ҷабру зулми зиёдтар менамуд. Оқибат Худованд барои намоиш додани  нотавонии Намруд пашаи заиферо бар қасди ӯ фиристод ва Намруд аз захми ин паша ҷон дод (4, 64-65).

Орифи бузургвор ситамкорони замони худро садҳо мартаба золимтар ва беимонтар аз Намруди лаин медонад ва ба ҳамин хотир аз Худованд тақозо дорад, ки алайҳи онҳо пашаи заифе на, балки ҳамчун пил тавонову бузурге бифиристад, то онҳоро ба сазои аъмоли бади худ бирасонад. 

Дар байти сонӣ шоир золимони даврони худро ба Фиръавни лаин монанд карда, таманно намудааст, ки  барои ҷазо додани онҳо асои Мусову рӯди Ниле бифиристад. Тавре маълум аст, талмеҳи мазкур низ баргирифта аз Қуръони маҷид аст. Қиссаи ҳазрати Мусову Фиръавни лаин пора-пора дар сураҳои «Аъроф», «Тоҳо», «Юнус» ва ғ. нақл карда шудааст. Мувофиқи ин қисса Фиръавни лаин вақте ки аз муъҷизаҳои ҳазрати Мусо ба танг омад, аз тамоми гирду атрофи мамлакати бузурги худ соҳиронро ҷамъ овард ва аз онҳо хост, ки ба муқобили муъҷизаи Пайғамбари Худо биистанд ва ба он ғолиб оянд. Вале соҳирон аз баробарӣ бо муъҷизаи Мусо оҷиз омаданд ва ба ҳама таҳдиду фишори Фиръавни лаин нигоҳ накарда, ба қудрати Худованд тан дода, имон оварданд. Бо вуҷуди ин ҳама муъҷизот Фиръавни лаин боз дар пайи инкори ҳазрати Мусо ва мавҷудияти Худои ягона бархост. Оқибат ҳангоми таъқиби пайғамбар Худованд ӯро дар рӯди Нил ғарқ гардонид (5, 165; 219; 317). 

Шайх Абӯсаид дар чанд рубоии дигари худ аз моҷарои Фиръавну Мусо талмеҳан ёд кардааст. Масалан, дар рубоии зер шоири ориф барои мазаммати аҳли ҷоҳ ин талмеҳотро истифода бурда, ин тоифа мардумро «Мусокушу Фиръавнпараст» номидааст:

Дунёталабон зи ҳирс мастанд ҳама,

Мусокушу Фиръавнпарастанд ҳама.

Ҳар аҳд, ки бо Худой бастанд ҳама,

Аз дӯстии ҳирс шикастанд ҳама  (8, 116).

Дар рубоии зерин орифи суханвар ба тавсифи Худованд пардохта, пеш аз ҳама, ба сифати поку муназзаҳ аз айб будани Ӯ ишора намудааст. Дар тасвири шоир Худованд офаранда ва донандаи сирру асрори офариниш аст, ки касе ин тавону иқтидорро надорад. Шоир назди Худованд изҳори аҷзу бандагӣ намуда, аз Ӯ раҳму шафқат дархостааст ва узр оварда, ки сабурии Нуҳи набӣ ва Аюби пайғамбарро надорад:

Эй зоту сифоти Ту мубарро зи уюб,

Як ном зи асмои Ту алломи ғуюб.

Раҳм ор, ки умру тоқатам рафт ба бод,

На Нуҳ бувад ном маро, на Аюб (8, 23).                  

Тавре мушоҳида мешавад, дар ин рубоӣ низ ба василаи санъати талмеҳ ба ду ривояти қуръонӣ ишора шудааст. Ривояти аввал, ки сарчашма дар сураи «Нуҳ»-и Қуръони маҷид дорад, аз он ҳикоят мекунад, ки Нуҳи набӣ аз ҷониби Худованд барои даъвати қавми саркаше интихоб шуд. Паёмбар ҳар рӯз ба кӯҳе боло мешуд ва бо овози баланд мардумро ба Худои ягона мехонд. Бо амри Холиқи якто овози ӯ ба ҳама гӯшаву канор мерасид, вале ба истиснои андаке аз қавм касе даъвати ӯро шунидан намехост ва гӯшҳои худро маҳкам мекарданд. Баъди ҳар як даъват қавми саркаш Нуҳи набиро бераҳмона латукӯб мекарданд, вале рӯзи дигар боз пайғамбар ба ҳидояти мардум машғул мешуд. Оқибат, вақте ки Нуҳ аз ҳидояти мардум ноумед шуд, аз Худованд хоҳишу илтиҷо намуд, ки онҳоро ба сазои аъмолашон гирифтор кунад ва Худованд баҳри иҷобати ин дуо ба қавми беимон тӯфонро фиристод, ки дар ривоёт бо номи Тӯфони Нуҳ машҳур аст (Сураи «Нуҳ», ояҳои 5-26, саҳ. 571-572). 

Шайх Абӯсаид аз ин ҳикоят сабру таҳаммул ва бурдбории Нӯҳи набиро мисол овардааст, ки бардошти онро ҳар кас тавон надорад.

Ривояти дуюм низ, ки реша дар Қуръони карим дорад, ба саргузашти ҳазрати Айюб марбут аст (Сураи «Анбиё», ояҳои 83-84, саҳ. 330).    

Донишманди муътабари Эрон Муҳаммад Ҷаъфари Ёҳаққӣ дар асари пурарзиши худ «Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ» дар бораи ин қисса ва сабабҳои ба сифати намоди сабру таҳаммул ва бурдборӣ истифода шудани Айюби пайғамбар чунин овардааст: «Бино бар ривоёт Айюб дар Шом ба домдорӣ иштиғол дошт ва ибодати ӯ ба забони ҳамагон машҳур. Иблис бар ӯ ҳасад бурд ва аз Худо хост, то дасти ӯ бар Айюб гушода кунад. Он гоҳ Худованд Айюбро ба балоҳои бузург озмоиш кард. Бечиз шуд ва беморию кирм бадани ӯро фаро гирифт ва ҳеҷ андоми вай дуруст намонд. Айюб ҳафт сол дар ин бало бимонд ва забони вай як дам аз таҳлил (зикр) наёсуд, то он ҷо ки Иблис аз ӯ оҷиз омад. Айюб бар ҳамаи балоҳо сабр кард» (6, 46).

Ҳамин сабру таҳаммули ҳазрати Айюб ба ранҷу азоби тоқатфарсо дар адабиёти форсӣ ҳамчун намоди таҳаммулпазириву бурдборӣ ворид гардид ва дар шеъри бисёр шоирони салаф ва имрӯз низ мавриди корбурд қарор гирифт.

Дар рубоии дигар Шайх Абӯсаид аз ҳазрати Иброҳими Халилуллоҳ ва бунёди хонаи Каъба ба сифати талмеҳ ёд кардааст. Мақсад аз ин рубоӣ талқини мардумгароӣ ва некукорӣ аст ва орифи бузургвор барои муассиру ҳадафрас гардидани афкори худ якчанд кори хайру савоберо, ки мояи ибрат ва пайгирии дилхоҳ мусулмон буда метавонанд, ёд карда, минбаъд ҳама онҳоро беарзиштар аз хурсанд намудани як дил донистааст:

Хоҳӣ чу Халил хона бунёд кунӣ,

В-онро ба намозу рӯза обод кунӣ.

Рӯзе ду ҳазор банда озод кунӣ,

Беҳ з-он набувад, ки хотире шод кунӣ (8, 126).

Хулоса, санъати талмеҳ дар рубоиёти Шайх Абӯсаиди Абулхайр корбурди зиёд дошта, бештари ин талмеҳот баргирифта аз китоби муқаддаси «Қуръон»-анд. Орифи суханвар ба василаи ин талмеҳот ба зебоиву дилнишинӣ ва таъсиргузориву ҷаззобати гуфтори худ афзудааст.

 

 

Адабиёти истифодашуда:

  1. Болдирев А. Н. Адабиёти суфия // Адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои 12-14. Қисми 1.- Душанбе: Дониш, 1976.
  2. Заринкуб Абулҳусайн. Дунболи ҷустуҷӯ дар тасаввуфи Эрон.- Душанбе: Ирфон, 1992.
  3. Зеҳнӣ Т. Санъати сухан. – Душанбе: Ирфон, 1978.
  4. Қассас-ул-анбиё. – Душанбе: Ориёно, 1991.
  5. Қуръони маҷид. – Теҳрон: Воҳиди эҳёи ҳунарҳои исломӣ, 1997.
  6. Муҳаммад Ҷаъфари Ёҳаққӣ. Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ. – Душанбе, 2013.
  7. Ҳодизода Р. Тасаввуф дар адабиёти форсу тоҷик.- Душанбе, 1999.
  8. Шайх Абӯсаиди Абулхайр. Рубоиёт. – Душанбе: Ирфон, 2013.

 

      

 

Аҳмадов Сафармад, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти

кафедраи адабиёти тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав, Лайламои

Худойназар – магистри соли дуюми ихтисоси филологияи тоҷик