Солҳои охир бинобар сабаби тағйир ёфтани обу ҳаво дар сайёра, хоса қаламрави кишвар офатҳои табиӣ, аз қабили обхезӣ, сел ва фаромадани ярч зиёд ба қайд гирифта шуда, ба иқтисодиёти давлат ва шаҳрвандон зарари ҷиддӣ расида истодааст. Маҳз бо мақсади пешгирӣ ва баратарф намудани ҳолатҳои бавуқуъ омадани чунин ҳодисаҳои табиӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ, созмону ташкилот ва муассисаҳо нақша-чорабиниҳо таҳия гардида, дар ин самт корҳои муайян пайваста ба анҷом расонида мешавад.

Бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда дар қисме аз деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз қабили деҳаи ба номи Неъматуллои Асадуллои ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Хуросон дар натиҷаи зиёд боридани борон дар моҳи майи соли равон обхезӣ ба вуҷуд омада, ба хоҷагии қишлоқ зарари зиёд расид. Ҷиҳати саривақт бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон, вилояти Хатлон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсат ва шуъбаи кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, қисмҳои низомӣ, мусоидати намоядагони ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, ёрии амалӣ ба зарардидагон расонида шуда истодааст.

Қайд намудан зарур аст, ки деҳаҳои ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Хуросон яке аз минтақаҳои осебпазир ва хатарзо оид ба ҳодисаву воқеаҳои табиӣ шинохта мешавад. Маҳз бо ин мақсад зарур аст, ки пайваста ҷиҳати мустаҳкам намудани соҳилҳои дарёи Вахш ва васеъ намудани селроҳаҳо тадбирҳо андешида шаванд, – мегӯянд коршиносони соҳа.

Ҳоло бунёди манзилҳои шаҳрвандони аз офати табиӣ расидаи деҳаи мазкури ноҳияи Хуросон бо маром идома дошта, ситоди ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ аз рафти корҳои пайваста шинос мешаванд.

 

Сангимурод Шарифов, сардори бахши

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав