Эҷодиёти шифоҳии мардум барои дилхоҳ халқу миллат аз ҷумлаи ганҷинаҳои гаронбаҳои фарҳангӣ ба шумор меравад. Дар жанрҳои гуногуни фолклорӣ қариб тамоми паҳлуҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мардум инъикос ёфта, имрӯз низ мо ба василаи онҳо метавонем аз зиндагӣ ва тарзи будубоши гузаштагони худ маълумот ҳосил намоем ва ба андозаи донишу маърифат ва ҷаҳонбинии онҳо ошно шавем.

Шояд набошад масъалаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ё ахлоқие, ки дар эҷодиёти шифоҳии мардум инъикоси худро наёфта бошад.  Масалан, мо дар адабиёти таърихӣ бисёр мутолиа кардаем, ки дар мамолики Шарқ, аз ҷумла дар сарзамини ниёгони мо, занҳо дастнигару бечора ва аз тамоми ҳуқуқу имтиёзҳо маҳрум буда,  зиндагии онҳо аз инсофу диёнати мард вобаста буд. Вале аз рӯйи жанрҳои гуногуни фолклорӣ хулоса баровардан мумкин аст, ки ин ҳукм он қадар дуруст ва ба ҳақиқати воқеӣ мувофиқ нест.  Дар ҳақиқат, занони Шарқ дар ҳеҷ давру замон имконияту имтиёзҳои мардро надоштанд, вале дар баробари ин ҳеҷ гоҳ тамоман беҳуқуқ ва беқадру қимат низ набуданд. Пойдории оила ва бақои зиндагии хушбахтона дар он чун дар замони ҳозира пештар низ бештар ба занон вобаста буд. Барои исботи ин иддао садҳо мисол аз жанрҳои гуногуни фолклорӣ: афсонаву латифа, қиссаву ривоятҳо, суруду рубоиҳо овардан мумкин аст. 

Мо мехостем, дар ин мақолаи кӯчак образи занро дар афсонаҳои халқи тоҷик мавриди таҳқиқ қарор дода, ба ин васила фикрҳои дар боло гуфтаи худро то як андоза исбот намоем.

Маълум аст, ки қисмати зиёди қаҳрамонони марказии афсонаҳои тоҷикӣ мутааллиқ ба ҷинси марданд ва занон дар доираи як хонавода, барои тасвири қаҳрамониҳои персонажи асосӣ чун неруи ёрирасон хидмат мекунанд. Дар бисёр маврид, барои он ки зан ба қаҳрамони асосӣ мубаддал гардад, бояд ҳам сурат ва ҳам сирати худро ба мард мувофиқ кунад, ҷасорату ҷуръати мардона ҳосил намояд. Бо ҳамин мақсад ӯ либоси мардона ва ҳатто ҷавшан пӯшида, ба даст найзаву шамшер мегирад ва ба майдони набард баромада, бо душманон далерона меҷангад. Ҳамин амал образи занро аз ҳадди муқаррарӣ ва маъмул берун бурда, ӯро ба мардон наздик мекунад ва як навъ баробарҳуқуқии зану мардро таъмин месозад.

Аз эҷодиёти шифоҳии халқи тоҷик даҳҳо афсонаро мисол овардан мумкин аст, ки дар он хулқу хислати мардонаи зан васф гардидааст. Масалан, дар афсонаи «Подшоҳ ва духтари оҳангар»  тимсоли зане тасвир шудааст, ки ҳам оқилу хирадманд ва ҳам далеру ҷасур мебошад. Ӯ ба василаи ақлу хиради худ ба дарбори подшоҳ роҳ меёбад ва бо ҳама кинаву адовати подшоҳу атрофиёни ӯ нигоҳ накарда, мавқеи худро дар он ҷо устувор мекунад. Вақте ки шавҳари ӯ – подшоҳ аз кӯтоҳандешӣ ба талабгории Маликаподшоҳ меравад ва аз уҳдаи иҷрои шартҳои малика набаромада, ғуломаш мешавад, духтари оҳангар либоси мардона пӯшида, ҳама шартҳои маликаро иҷро мекунад ва ба ин васила исбот месозад, ки ақлу хирад ва ҷуръату ҷасорати зан аз мардон дида зиёдтар буда метавонад (2, 64-71).

Дар қисмати зиёди афсонаҳо тимсоли зани ҳунарманду ободкор тасвир ёфтааст, ки туфайли ақлу заковат ва ҳамзамон ҳунармандии худ сабабгори ободии оила мешавад. Ин гуна зан қудрате дорад, ки дилхоҳ марди ноқобилро ҳам кобил намояд, танбалу фориғболро ба кор кардан водор кунад. Ӯ бо мард паҳлу ба паҳлу истода, хонадони худро ободон,  зиндагии аъзои онро осуда ва нозу неъмати оиларо фаровон месозад.

Масалан, дар афсонаи «Зани ҳунарманд» тимсоли ҳамин гун зан тасвир ёфтааст.  Мувофиқи ин афсона марди сарватманде зани даступопеч ва ҳунарманде доштааст, вале ҳеҷ гоҳ ба қадри ӯ намерасидааст.

«Зан ҳар пагоҳ, ҳанӯз чашми рӯз накушода, мехест, молҳоро меҷӯшид, хӯрок медод, хонаю ҳавлиро рӯбучин мекард, наҳорӣ тайёр менамуд, ҳар пешину бегоҳ барои шавҳараш ва меҳмонони ӯ таомҳои балаззат тайёр менамуд ва дар вақтҳои аз ин корҳо холӣ буданаш ба тӯппидӯзӣ машғул мегардид. Вай туппиҳои хеле зебо медӯхту  хизматгорони бой ба нархи қимат фурӯхта, пулашро оварда ба бой медоданд» (2, 147).

Бо вуҷуди ин ҳама заҳмат бой аз кори зани худ ҳеҷ розӣ набуд. Ӯ ба ҷойи таърифу тавсиф ва ҳавасманд кардани зан фақат ӯро таънаву маломат мекард. Миннат менамуд, ки аз дастурхони пурнозу неъмати вай мехӯрад ва кам заҳмат мекашад. Зан бо вуҷуди ноҳаққии шавҳари худ сухани ӯро ду кардан намехост. Вале ҳар чиз ҳадду андоза дорад, сабру таҳаммули зан низ оқибат ба анҷом расид.

«Рӯзе, хамин ки бой ба таъриф кардани худ ва наҳ задани зан сар кард, зан дигар мутеъкорона хомӯш наистода гуфт:

– Ман аввалҳо гумон мекардам, ки аз давлати шумо шикамам сер ва танам пӯшидааст, вале акнун мебинам, ки боигарии шумо бе меҳнати ман зиёд намешавад. Ин гапҳоятон беҳудаанд!

Бой, ки шунидани ин гуна суханҳоро чашмдор набуд, дар ғазаб шуда, аз ҷояш хесту фарёд зад:

– Ту, ту, зани аҳмақ, ту мӯйдарози кӯтоҳақл, ин хел гапҳо мегӯӣ?! Ту бе ман гадо мешавӣ, ту бе ман дар чирк ғӯтида, мурда меравӣ, гум шав, ба назарам нанамо!

Аммо ин дафъа занро аз шунидани дӯғи бой лрза нагирифт, вай ба рӯи ғафсу анор сурхи ӯ бо нафрат нигоҳ карда гуфт:

– Хуб, ман аз назари шумо гум мешавам, вале хотирҷамъ бошед, гадо намешавам, ба чирк ғӯтида мурда намеравам, балки ба камбагалтарин мард зан шуда, ӯро осудахолу хушбахт мекунам!» (2, 147).

Аз ин порчаи афсона як расму таомули ноҷову норавои мардуми мо маълум мешавад. Мувофиқи ин расм, аниқтараш одати нохуб, зан бояд ҳамеша дар назди мард мутеву итоаткор ва гапшунав бошад. Ҳатто агар мард ноҳақ ҳам бошад, гапи ӯро ду кардан аз рӯйи одоб нест. Ҳамин расми нораворо далел оварда, чӣ бисёр мардони аз мардумӣ бебаҳрае, ки ба занони худ ҷабру ситамро раво мебинанд, онҳоро дашному ҳақорат мекунанд, паст мезананд ва ҳамчун манфиқаҳрамони афсонаи боло гумон мекунанд, ки тамоми нозу неъмати хонадон аз баракати мардон аст ва зани бечораву муштипар бидуни мард дар қашшоқиву нодорӣ ҳалок хоҳад шуд. Вале дар зиндагӣ ҳазорон мисоле ҳаст, ки ин гумонро ботил ва хатои маҳз мебароранд.  Идомаи афсонаи мазкур низ барои исботи ин иддао далели хуб аст.

Зан барқасди шавҳар аз хона берун мешавад ва мехоҳад исбот намояд, ки ҳеҷ вақт бе ӯ хору залил нахоҳад шуд. Ӯ аз мардум мепурсад, ки дар ин маҳал камбағалтарин ва бечоратарин мард кист. Ба ӯ мегӯянд, ки Саид ном ҳезумкаш хеле фақиру бечора ва бенавою нодор аст.

«Зан суроғ карда, ҳавлии Саидро  ёфта дид, ки дари каҷу пӯсидаи ҳавлӣ кушода аст, ба рӯи ҳавлӣ даромад: саҳни васеи он ифлосу норуфта. Ба хонаи нимвайрон дохил шуда, дар рӯи хона як кӯрпаи куҳнаю дарида, болишти аз чирк чӯб барин сахтшуда, як деги лабшикаста, чойҷӯши  сип-сиёҳу як косаи қадоқинро ёфт. Дар даруни дег каме атола буд.

Зан рафта, аз чашма об овард, ба рӯи ҳавлию хона об зада рӯфт, ҷилдҳои кӯрпаю болиштро канда шуст, баъд аз он аз бӯғчааш дарзашро бароварда, ба тӯппидӯзӣ машғул шуд» (2, 148).

Саид ба хона омада, ҳама ҷоро тозаву озода, хӯрокро омода дида, аз Худованд шукр кард ва бо маслиҳату дастури ин «фариштаи осмонӣ» кор кардан гирифт. Ӯ бо ҳидояти зан ҳар рӯз ҳезуми зиёдтар меовард ва бо пули он ҳам хӯроку либос ва ҳам масолеҳи дарздӯзӣ мехарид. Зан бошад баъди корҳои гуногуни хона ба туппидӯзӣ машғул мешуд. Мард ин туппиҳоро низ ба бозор бурда мефурӯхт.

Рӯзгори мард рӯз то рӯз беҳтар ва нозу неъмати хонадонаш фаровонтар мешуд. Рӯзе зан омодагии хуб дида, аз шавҳари худ хоҳиш кард, ки калоншаванаҳои деҳа, аз ҷумла шавҳари аввалаи ӯро, ба меҳмонӣ даъват кунад. Меҳмонон баъди хӯрдани зиёфат аз мард сабаби давлатманд гардиданашро пурсиданд. Мард ба сӯйи занаш ишорае кард, ки боиси осударӯзгории ман ҳамин зан аст.

«Ҳама тааҷҷуб карданд. Вале шавҳари аввалаи зан ҳайрон нашуд. Вай баъд аз пеш кардани зани меҳнатдӯст ва меҳрубонаш қадри зани нағзро хеле хуб фаҳмида буд. Баъд аз рафтани он зан, ҳарчанд  хизматгоронашро пайваста кор фармуд, рӯзаш беҳ нашуд ва зиндагониаш монанди пештара ҳаловатбахш набуд» (2, 150).

Ҳамин тавр, зан оқибат исбот менамояд, ки дар ҳақиқат, зани ҳунарманд метавонад, марди ноқобилтаринро ҳам қобил намояд. Мақсади гӯяндаи афсона низ ҳамин аст. Моҳияти афсон дар он аст, ки зан ҳеҷ гоҳ муҳтоҷу дастнигари мард намешавад, балки қувату тавоне дорад, ки зиндагии мардро дигаргун ва хонадони ӯро обод гардонад.

Хулоса, образи зан дар афсонаҳои мардумӣ ба гурӯҳи образҳои марказӣ ва ҷолибу диққатҷалбкунанда мансуб буда, дар ин жанри маъмули фолклорӣ баробари шарму ҳаё, иффату покдомонӣ, ки сифатҳои ҳасанаи ҳар зан ҳастанд, ақлу хиради воло ва ҳунармандии онҳо низ ҳамчун намунаи ибрат ва тимсоли қобили пайравӣ тасвир меёбад.

 

 

Адабиёти истифодашуда

  1. Асрорӣ В., Амонов Р. Эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик. Душанбе: Маориф. 1980.
  2. Афсонаҳои халқи тоҷик. – Такмил ва таҳрири Р. Амонов. – Душанбе: НДТ, 1963.
  3. Обидов Д. Афсонаҳои ҳаҷвӣ-маишии тоҷикӣ. Душанбе: Дониш, 1978.
  4. Раҳмонӣ Р. Афсона ва жанрҳои дигари насри шифоҳӣ. (Дастури таълимӣ). Душанбе, 1999.

 

Мустафоев Рустамҷон, магистранти факултети филологияи тоҷик