Абӯнасри Муҳаммад ибни Муҳаммади Форобӣ дар охири асри IX ва миёнаи асри Х зиндагӣ ва эҷод кардааст. Ӯ соли 837-259 ҳиҷрии қамарӣ дар деҳаи қадимаи Фороб ба дунё омадааст. Замоне, ки Форобӣ мезист, Мовароуннаҳр ба ҳайати хилофати Араб дохил мешуд ва маркази он Бағдод буд. Шаҳрҳои Бағдод, Басра, Димишқ, Харрон марказҳои илму маърифат буданд. Олимон файласуфон, шоирон барои давом додани фаъолияти илмию адабии худ дар он ҷойҳо ҷамъ меомаданд. Форобӣ  ҳам, ки аз хурдияш ба илму дониш машғул буд, барои такмилу инкишофи илм ва дониш аввал ба Бухоро пойтахти Сомониён баъд ба Бағдод сафар кард. Истиқомати Форобӣ дар Бағдод дар ҳаёти ӯ нақши азиме гузошт, зеро дар ҳамин шаҳр ӯ илмҳои гуногунро омӯхта, чун олими забардаст соҳиби обрӯву эътибори бузург гардид.

Баъд Форобӣ ба як қатор шаҳру мамлакатҳои дигари Араб:  Димишқ, Харрон, Миср ва ғайра сафар карда, бо олимон, файласуфон ва мутафаккирони машҳури ҳамон давра шинос мешавад ва аз баҳсу мунозираҳои илмию суҳбатҳои ибратбахши онҳо баҳраманд мегардад. Ӯ маҳз  дар ҳамин давра ба мутолиаи асарҳои файласуфони машҳури Юнони қадим: Афлотун, Арасту, Демокрит, Суқрот, машғул шуда ба аксарияти асарҳои ин арбобони барҷастаи фалсафа шарҳу эзоҳо навишт.

Чуноне ки аз маъхазҳо маълум аст, Форобӣ ба илм рағбати зиёде, дошта аз душворӣ рӯҳафтода нашуда, то ҳосили матлаб аз қироати китобҳо даст накашидааст. Чӣ хеле ки Ибни Халақон дар асараш (Вафаёт-ул-аъён фи анбои-уз-замон Миср, 367 ҳиҷри-94. сад. 239) менависад, Форобӣ дар дохили «Китоб-ул-нафс»-и Арасту бо хатти худ навиштааст: «Ман, ин китобро сад бор хондаам». Ибни Халақон аз номи худи Форобӣ боз овардааст: «Ман китоби «Самти табиӣ»-и Арастуро чиҳил бор хондаам ва боз ба хондани он муҳтоҷам».

Мавқеи илмию адабии Форобӣ рӯз аз рӯз густариш ёфта, аҳли илм нисбат ба ӯ эҳтироми калон пайдо менамояд. Бисёр олимони араб дар назди ӯ дарси маҳорат меомӯзанд. Назар ба ахбори муаррихони асрҳои IX-XII дар худи Шом (Димишқ) шогирдони Форобӣ қариб ба ҳазор нафар мерасиданд. Дере нагузашта овоза ва қудрати вай дар тамоми мамлакатҳои Шарқи Миёна ва Наздик паҳн мешавад. Ӯро ҳамчун муаллими сонӣ (пас аз Арасту, ки муаллими аввал шинохта шуда буд) эътироф карданд. Форобӣ хеле фақирона мезист, ӯ ҳатто барои навиштан чароғе пайдо намекад. Дар аввалҳои асри X ҳаёти маданӣ ва сиёсии Бағдод хело паст меравад. Дар ин давр муборизаи халқҳои Осиёи Миёна ва Эрон дар роҳи озодӣ аз асорати хилофати араб беш аз пеш қувват мегирад. Аз тарафи дигар, дар Ироқ ҳаракати шуубия ва дар Баҳрайну Коҳира ҳаракати исмоилиҳо ва қарматиҳо хело равнақ меёбад, ки ҳамаи ин ба ҳаёти сиёсию иқтисодии аббосиҳо таъсир нарасонида намемонд. Мавқеи рӯҳониёни реаксионӣ дар ҳаёти маънавӣ ва сиёсӣ мустаҳкам мешавад. Таъқиби одамони тараққипарвар ва мутафаккирону равшанфикрони давра хеле шиддат меёбад. Асарҳои беҳтарини файласуфон ва олимони барҷаста Ал-Мукаффаъ, Ал-Низом, Ибни Ровандӣ, Абӯбакри Розӣ, Ал-Киндӣ ва дигаронро дар майдони шаҳрҳо месӯхтанд. Дар ҳамин вазъият Форобӣ шаҳри Бағдодро тарк карда, ба Ҳалаб меравад. Ҳокими Ҳалаб Сайфуддавла марди донишдӯсту озодфикр буд. Дар дарбори вай олимон, файласуфон ва шоирони гуногунмазҳаб ҷамъ омада буданд. Дар ин ҷо барои ҳаёти ором шароити нисбатан мусоиде доштааст. Аз ҳамин сабаб Форобӣ дар Ҳалаб назди Сайфуддавла ихтиёри истиқомат кардааст. Форобӣ шахси соҳибэътибори дарбор шуда бошад ҳам, аз айшу нӯшҳои дарборӣ дар канор истода, бештар вақти худро ба қироати асарҳои мутафаккирони Юнони Қадим мегузаронд. Форобӣ зиндагии фақирона ва хоксоронае доштааст. Чунон ки маъхазҳо таъкид кардаанд, Сайфуддавла чун ихлосманди Форобӣ ба сифати ёрӣ ба ӯ маоше таъин мекунад. Вале Форобӣ чаҳор дирҳам, ки барои рӯзгузаронии ӯ кифоя буд, мегирифтаасту бас. Мувофиқи ахбори сарчашмаҳои хатти Абӯнасри Форобӣ моҳи раҷаби соли 339 ҳиҷрии қамарӣ (950-951, моҳҳои декабр- январ) дар Димишқ аз олам мегузарад.

Форобӣ аз худ мероси бойе боқӣ гузоштааст. Адади таълифоти ӯро аз 80 то 130 номгӯй мешуморанд, ки ба соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла ба ахлоқ, тиб фалсафа, сиёсат, нуҷум, риёзиёт ва ғайра бахшида шудаанд. Яке аз хизматҳои барҷастаи Форобӣ аз он иборат, аст ки ӯ қариб ба ҳамаи асарҳои файласуфони Юнони Қадим-Афлотун, Арасту, Файсоғурис (Пифагор), Батлимус (Птоломей) ва дигарон шарҳ навишта, барои ташаккули ҷаҳонбинии мутафаккирони баъдина хизмати босазое кардааст. Асарҳои  шоистан ӯ «Эҳсо-ул-улум», «Мадинат-ал-фозила», «Ас-сиёсат-ал-маданият», «Балоғат», «Мусиқӣ» мебошанд. Форобӣ дар эҷоди шеър низ маҳорати комил доштааст, ки мазмунҳои баланди фалсафӣ доранд.

Форобӣ ба саодат ки аз категорияҳои асосии ахлоқ, мебошад, диққати махсус медиҳад. Ҳар фарде  хоҳони саодату хушӣ аст, лекин ин хушӣ нисбат ба афродҳо гуногун аст. Баъзеҳо саодатро дар мол, дигарон бошанд дар лаззати шаҳвия ва сеюмин дар таҷаммулу риёзат мебинанд. Лекин саодати одам ба дониш маърифатнокӣ, оқилӣ вобаста аст, ки ба воситаи ин моҳияти ашёҳо дарк карда мешавад. Аз ин ҷост, ки Форобӣ муайян намудани роҳи ба саодат расиданро яке аз масъалаҳои ахлоқ, донистааст.

Дар этикаи Форобӣ категорияи саодат на фақат яке аз мафҳумҳои марказист, балки бо умумияти худ аз дигар  категорияҳо фарқ мекунад, чунки категорияҳои некӣ ва бадӣ, шараф ва номус, адолат, виҷдон ва ғайраҳо аз ҷиҳати дараҷа ва моҳияти худ дар нисбати категорияҳои саодат муайян карда мешавад. Масалан мутафаккир чунин қайд мекунад, ҳамаи он чизе, ки барои ба саодат расидан муфид аст некист ва ҳамаи он чизе, ки ба саодатманд шудан монеъ мегардад, бадист.

Форобӣ монанди Арасту хушбахтиро мақсади ҳаёти одамон мешуморад. Мувофиқи фаҳмиши Арасту барои он ки одам хушбахт бошад бояд вай кирдори зебо, ахлоқи хуб дошта бошад. Аммо андешаи Форобӣ дар бораи хушбахтӣ мураккабтар аст. Ба ақидаи мутафаккир хушбахтӣ камолоти муайянест, ки инсон ба воситаи ақли фаъол, ки танҳо ба ӯ хос аст, соҳиб мешавад. Дар рисолаи «Таҳсили саодат» Форобӣ қайд мекунад, ки мақсади инсон хушбахт шудан аст. Аз ин рӯ, инсон донистанаш даркор аст, ки саодат чист ва барои ба саодат ноил шудан чӣ кор кардан лозим аст. Мутафаккир қайд мекунад, ки саодат ба инсон ҳамон тавр пайдо мешавад, ки ӯ чӣ тавр дар бораи саодат тасаввур дорад. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки саодат ин боигарист, баъзеи дигарашон бошанд чизи дигарро саодат тасаввур менамоянд. Ин тавр нест, қайд мекунад Форобӣ саодат ин некист. Некӣ на фақат барои худ, балки барои хушбахтии тамоми инсоният аст. Саодат ба гуфти Форобӣ ин як хел амалест ки инсон ба тарафи вай беихтиёр кӯшиш мекунад. Ба андешаи файласуф дар байни ҳамаи некиҳо саодат (яъне некӣ) манфиатноктарин некист, ки инсон пеш аз ҳама ба вай майл мекунад. Форобӣ саодатро як чизи мукаммал медонад ва қайд мекунад, ки вай (саодат) аз чӣ иборат аст, табиати он дар чист? Оё дар зебоии ҷисмонӣ? Дар боигарӣ? Дар доноӣ? Дар ҳукмронӣ намудан ба дигарон? Дар ҳурматкунӣ? Форобӣ ба ҳамаи ин саволҳо чунин ҷавоб медиҳад, ки ҳамаи ин чизи мукамалеро ташкил намедиҳад ё барои пурра мукаммал будан нокифоя аст. Барои ба саодат расидан як чизи дигар зарур аст. Ин як чизи дигарро Форобӣ чун Афлотун дар дониш ва ахлоқ мебинад. Форобӣ дар муайян кардани табиати интеллектуалии саодат ба Афлотун наздик аст. Лекин фарқ байни Афлотун ва Форобӣ дар он аст, ки Афлотун саодатро транссендентноки (даркшавандагӣ) гуфта таъкид мекард, Форобӣ бошад, инро дар ҳаёти инсон ба миён мегузорад. Инсон худро он вақт хушбахт ҳис мекунад, ки фаъолияти ҳаётии вай бо хирадаш мувофиқ аст. Барои ҳамин вазифаи асосии инсон инкишоф додани ақл хохад буд. Ба андешаи Форобӣ барои ноил шудан ба хушбахтӣ иродаю ихтиёри озод нақши муҳим мебозад. Дар рисолаи «Ас-сиёсат ал-маданият» Форобӣ қайд менамояд, ки ирода аз таассуроти, ҳиссӣ ва тасаввурот ба вуҷуд меояд. Интихоби озод бошад аз хулосабарориҳои мантиқии хирад ба вуҷуд меояд. Интихоби озод фақат ба инсон хос аст, чунки вай дорои ақли фаъол мебошад.

Форобӣ дар асарҳои худ «Сиёсат ал-маданият», «Орои аҳли маданиият ал фозила» чунин қайд мекунад, ки мақсади олии инсон бо туфайли амалиёти некӣ саодатманд шудан аст. Одами накӯкор ҳамчун предмети омӯзиши этика мафҳуми абстракт нест. Фақат он некӯиҳое, ки ба фоидаи давлат нигаронида шуда тартиботи ҷамъиятиро мустаҳкам менамояд, писандида мебошад. Форобӣ некӯкориро ба ду қисм ҷудо кардааст. Қисми якуми онро  интеллектуали номидааст, ки ҳамаи хусусиятҳои он бо роҳи тарбия ва омӯзиш ҳосил мешавад. Қисми дуюмашро ахлоқи некӯкори номидааст, ки бо ёрии одат ба даст меояд. Ба фикри Форобӣ фазилати интеллектуали аҳамияти ҳалкунанда дорад. Хулқу атвори бад, хасисӣ, бахилӣ, фиребгарӣ ва монанди он боиси залолат мегардад. Барои ҳамин ҳам инсонро тарбия лозим аст. Кори нек амалиёти бошуурона ва поквиҷдониро талаб мекунад. Инсон табиатан накӯкор намебошад. Табиат барои некӯкор шудан фақат имконият медиҳад. Ин имконият туфайли фаъолияти инсон воқеъ мегардад.

Некӣ, ки сабаби саодат аст, некии табиӣ намебошад, балки дар натиҷаи муддохилаи ирода некии табиӣ шуда метавонад. Бадие, ки барои ба даст овардани саодат халал мерасонад бадии табиӣ шуда наметавонад, лекин он низ дар зери таъсири кувваи ирода ба вуҷуд меояд. Яъне ҳардуи онҳо ҳам хубу ҳам бад маҳз натиҷаи фаъолияти инсон мебошад. Некие, ки аз ирода бармеояд фақат бо панҷ қувваи рӯҳии инсонӣ маърифат мешавад: назариявӣ, дарккунанда, амалӣ, хоҳишмандӣ, мутахайила ва ҳиссӣ. Саодате, ки инсон ба ақли худ мефаҳмад ва дарк мекунад, фақат бо ёрии қувваи назариявии дарккунанда ҳосил карда мешавад. Ин ҳамон вақт рӯй медиҳад, ки агар ӯ аз мабдаъ ва донишҳои, аввалина, ки ба он ақли фаъол додааст, истифода барад. Вақте, ки инсон саодатро дарк намуд, дар қувваи хоҳишмандии ӯ хоҳиши пурзӯре ҳосил мешавад ва фикр мекунад, ки чӣ бояд кард, ки онро бо ёрии қувваи амали дарккунанда ба даст овард. Сипас он амалиётеро, ки ба ногузирии иҷрои он бо роҳи фикркунӣ омад ба воситаи олотҳои қувваи хоҳишмандӣ анҷом медиҳад. Қувваи мутахайила ва қувваи ҳиссӣ қайд мекунад мутафаккир бо ёрдами қувваи фаҳмиши меоянд ва ба ӯ ёрдам медиҳад, ки инсонро ба амалиёте, ки дар натиҷаи он ва соҳиби саодат мегардад саргарм намоянд. Некие, ки аз ирода пайдо мешавад фақат ҳамин тавр ба вуҷуд меояд. Бадие, ки аз ирода пайдо мешавад, низ ҳамин тавр ба вуҷуд меояд. На бо қувваи мутахайюла ва на бо қувваи ҳиссӣ саодатманд шудан ғайриимкон аст. Қувваи фаҳмишӣ низ на ҳама қудрати дарк намудани онро дорад, вай онро ҳамон вақте дарк мекунад, ки агар барои ба даст овардани саодат кӯшиш кунад. Лекин қайд мекунад Форобӣ инсон аз қувваи хоҳишмандӣ истифода бурда, ба мақсади худ мекӯшад, барои ин бошад ба ӯ қувваи мутахаюла ва ҳиссӣ ёрӣ медиҳанд. Аммо ҳамаи он чизе ки дар ин вақт ба вуҷуд меояд, бадист. Ба ҳамин монанд агар инсон саодатро фаҳмад ва дарк намояд, вале барои ба даст овардани он истодагарӣ намояд ва онро мақсади охирини худ қарор надиҳад ё онро нахоҳад ё ин ки онро ба қадри зарурӣ хоҳад ҳаргиз ба мақсади неки худ мерасад. Инсон баъзан ба ҷои саодат дигар чизҳоро мақсади ҳоҳиши худ қарор медиҳад ва ҳамаи қувваашро барои ба даст овардани он сарф мекунад, аммо ҳамаи он чизе ки дар он ҳолат ба вуҷуд меояд, вай бадӣ мешавад,

  Яке аз воситаҳои муҳими ташаккулёбии ҷаҳонбинии инсон, ба гуфти Форобӣ  тарбия ва дониш мебошад. Худхоҳӣ ва шаҳватпарастии инсон,  менависад Форобӣ,  бо ёрии тарбияи маънавӣ ва ахлоқи пок ва бартараф карда мешавад. Форобӣ омӯхтани илмро барои он зарур медонист, ки ба туфайли он одам, кирдору рафтори оқилонаро меомӯзад. Масалан илми мантиқ дуруст фикр кардан, дуруст сухан гуфтан ва дуруст хулоса бароварданро меомӯзад. Илми риёзӣ тариқаи истиқлоли саҳеҳро меомӯзад. Мусиқӣ рӯҳ ва табъи исонро латиф месозад. Илмҳои табиӣ инсонро ба таъмин ва тадқиқ одат менамояд. Риёзиётҳо ва варзишҳои бадани мизоҷро солим ва рӯҳро қавӣ мекунад.

Файласуф нормаҳои ахлоқ ва рафторо аз ҳаёти ҳаррӯзаи одамон, аз муносибати байни онҳо мебарорад. Бинобар ин одамоне, ки оқилона рафтор менамоянд ба фикри Форобӣ, набояд аз ҳамдигар фарқ кунанд ва бо ҳамдигар мухолиф бошанд, балки ба ҳамдигар мадад расонанд ва муттафиқ бошанд. Ахлоқи накӯ бояд бо хулқи хуб ва таҷриба якҷоя бошад.

Аз хулқи инсон амалиёти зишту некӯи ӯ бармеояд  менависад Форобӣ.

      Хислатҳои ахлоқӣ, чӣ зишту чӣ некӯ дар ҷараёни зиндагӣ пайдо мешаванд. Пас инсон бояд ба он кӯшад, ки дар зиндагӣ ахлоқи некӯ касб кунад. Касби некӯ ҳам ба худи одам вобаста аст.

    Дар рисолаи «Таҳсили саодат» Форобӣ қайд мекунад, ки таълим бояд аз омӯхтани масъалаҳои содда ибтидо ёфта, бо азхудкунии проблемаҳои метафизикӣ анҷом пазирад. Азхудкунии илм ва дониши назариявӣ, ба гуфти Форобӣ шарти зарурии ба мақсад расидан мебошад. Ба ифодаи дигар илм муқаддимаи саодат аст.

Касе, ки ба омӯхтани илм шурӯъ менамояд, – қайд мекунад Форобӣ, бояд ҷавон, солим ва боодоб, хоксор, покахлоқ, содиққавл, бовиҷдон, боирода, инсондӯст ва дур аз хиёнату макр бошад, худро аз хулқҳои ношоиста канор бигирад, илм ва мардумро эҳтиром намояд.

Адолат дар таълимоти фалсафии Форобӣ мавқеи махсусро ишғол намудааст. Ақидаи Форобӣ дар бораи адолат ва умуман ахлоқ ба шароити иҷтимоӣ ва мафкураи замонаш алоқаи зич дорад. Файласуф заминаи иҷтимоии масъалаи мазкурро, ки аслан аз воқеияти феодалӣ сар мезанад, ошкор карда натавониста онро ба такмили ахлоқ, илму дониш, адолат вобаста мекунад.

Бояд қайд кард, ки адолат дар системам аҳлоқи мусулмонӣ ҷои марказиро ишғол менамояд.. Вай дар маънои васеи шафқат, раҳмдилӣ шарҳ дода мешавад. Дар муайян кардани консепсияи адолат ду хусусият вуҷуд дорад. Якум адолати инсонӣ, ки аз адолати Худои таолло бармеояд.  Дуюм  эътирофи ҳатмии он дар таркиби шафқат.

Дар шарҳи адолати Форобӣ бошад мо чунин пай мебарем, ки ин категория барои ӯ ҳамчун баҳодиҳии ахлоқӣ ва сиёсат хизмат мекунад.

Форобӣ адолатро на фақат барои баҳодиҳии муносибатҳои байни одамони алоҳидаи ҷомеаи инсонӣ медонад, балки барои характеристикаи тартиботи ҷамъиятӣ, барои баҳо додан ба фаъолияти давлатдорӣ ва сиёсии шоҳ, барои муайян кардани симои ахлоқии онҳо ва дар ниҳояти кор ба воситаи адолат тартибу низоми ҷамъиятӣ муайян карда мешавад.

Хулоса, ақидаҳои ахлоқии Абӯнасри Форобӣ дар асоси идеяҳои ҳуқуқии умумиинсонӣ ва қонуни ахлоқи универсалӣ тартиб дода шудааст, ки мувофиқи он бояд ҳар як инсон вазифаи ба дӯши худ гирифтаашро софдилона иҷро намояд. Форобӣ дар ҳалли масъалаҳои ахлоқӣ аз замони худ пеш гузашта буд дар баъзе масъалаҳо мекалавид, лекин сарфи назар аз ҳамаи ин ҳиссаи ӯ дар тараққии маданияти ҷаҳонӣ бузург аст.

  

 

Ҳамидова Дилафрӯз, ассистенти

кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносӣ