ДУШАНБЕ, 09.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тайи рӯзҳои охир  дар аксар минтақаҳои мамлакат, бахусус пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе ҳолатҳои сироятёбии сокинон ба бемории  COVID-19 то андозае поён рафта, муроҷиати шаҳрвандон ба муассисаҳои тиббӣ бо нишонаҳои сироятёбӣ ба ин беморӣ кам шудааст. Ин нукта имрӯз зимни ҷаласаи корӣ оид ба андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории коронавирус, ки  таҳти роҳбарии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода доир шуд, зикр гардид.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷаласаи корӣ Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки новобаста аз оне, ки ҳолатҳои сироятёбии сокинони мамлакат ба бемории  COVID-19 коҳиш ёфтааст, чораҳои қатъӣ ҷиҳати пешгирӣ ва табобати ин беморӣ пурзӯр карда шаванд.

Инчунин, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таваҷҷуҳи роҳбарони муассисаҳои тандурустиро ба масъалаи назорати беморон ва таъмини онҳо бо маводҳои доруворӣ, пурзӯр намудани чораҳои пешигиркунанда ва дигар масъалаҳо ҷалб намуда, барои  боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас до