ДУШАНБЕ, 10.06.2020 /АМИТ Ховар/.  Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, баргузор гардид. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ҷаласаи мазкур  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар бораи Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ошкорсозӣ ва баҳодиҳии вазъи радиатсионӣ, химиявӣ ва биологӣ ба манфиати ҷузъу томҳо ва қисмҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия ҳангоми амалҳои муштараки онҳо,  Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба гузаронидани машқҳои муштараки ҳарбӣ аз 27 июни соли 2007,  Созишномаи грантӣ байни муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Хазинаи глобалӣ барои мубориза бар зидди бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар доираи Барномаи «Мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дарбораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффари Ашуриён ва вакили Маҷлиси намояндагон Раҷабзода Равшан зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иброз намуданд,  ки мақсади асосии лоиҳаи мазкур барои риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ ҷазои маъмурӣ пурзӯр гардида, барои қоидаҳои мубориза бо эпидемия ва бо истифодаи воситаҳои ахбори омма, интернет ё дигар шабакаҳои алоқаи барқӣ паҳн намудани маълумоти барқӣ, паҳн намудани маълумоти баръало бардурӯғ дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, ё ин ки ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ ва ё дар бораи тарзу усулҳои ҳифз ва дигар чораҳои вобаста ба таъмини амнияти аҳолӣ андешидашаванда, ки дар онҳо иттилооти аз ҳақиқат дур ҷой дорад, ҷавобгарӣ пешбинӣ карда мешавад, таҳия гардидааст.

Дар асоси лоиҳаи мазкур моддаҳои 112 ва 113 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил ва ба он моддаи 374/1 илова гардида, дар маҷмӯъ бо мақсади пешгирии пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, равона карда шудааст.

Масъалаҳои дигари рӯзномаи иҷлосияро ба вакилони мардумӣ муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Гулмуродзода, муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликзода Нарзулло, муовини вазири дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломзода  Абдуҳошим, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ва вакилони Маҷлиси намояндагон Шоҳмурод Рустам, Машраб Файзуллоев, Ғиёсиддин Ашуров, Назирӣ Гулбаҳор, Хайриддин Усмонзода ва Парвиз Шодизода баррасӣ намуда, роҷеъ ба тағйиру иловаҳои ба лоиҳаҳои қонунҳо воридгардида таклифҳои мушаххас пешниҳод намуданд.

Дар охир аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.