ДУШАНБЕ, 16.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар назди  Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» маҳфили «Роҳбалад» таъсис  дода шуд.

Тавре аз Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат»  Каримҷон Салимов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, маҳфили мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардида, мақсад аз он муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, арзишҳои фарҳангӣ, захираҳои таърихию мадании мамлакат ва ба ин васила омода намудани кадрҳои баландихтисос дар самти роҳбаладӣ мебошад.

Амалӣ намудани ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи худташаккулдиҳии ҷавонон ва тарбия намудани насли навраси ҷумҳурӣ дар роҳи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ яке аз рисолатҳои асосии Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» мебошад. Таъсиси маҳфили «Роҳбалад» ба ҷавонон имкон медиҳад, ки онҳо арзишҳои фарҳангию таърихӣ ва сайёҳии мамлакатро омӯхта, дар дохил ва хориҷи мамлакат Тоҷикистонро муаррифӣ намояд.

Дар маҳфили мазкур волонтёрони забондон аз рӯи 10 номгӯи забонҳои муоширати байналмилалӣ ҷалб гардида, онҳо метавонанд оянда роҳбалади ҳайати меҳмонони дипломатӣ, корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, гурӯҳҳои байнидавлатӣ ва сайёҳони хориҷӣ гарданд.

Маҳфили «Роҳбалад» дар оянда аз ҳисоби ҷавонон мутахассисони тахассусӣ ва соҳавӣ омода намуда, имкон дорад, ки ҳайати олимону муҳаққиқон, коршиносони соҳаи тиб, бостоншинос, иқлимшинос, гиёҳшинос ва хокшиносро  дар он ҷалб намоянд.