Иқдоми хайрхоҳонаи раёсати ДДБ ба номи Носири Хусрав ҷиҳати расонидани кумаки амалӣ ба зарардидагони офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон идома дорад, ки аз амалҳои некандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Имрӯз 18 нафар устодони факултети техникӣ ва технологӣ бо роҳбарии декани факултет дотсент Файзиддин Муродов ба ёрдами зарардидагон омада дар корҳои сохтмонии манзилҳои истиқоматии сокинон кумак расониданд. Қисме аз омӯзгорон дар кори хушконидани хиштҳо барои манзил ва қисми дигар дар чидани деворҳои манзили истиқоматии хонаҳои рақами 17 ва 43 иштироки фаъол намуданд.                     Сокинони маҳал аз кумакҳои омӯзгорон хушҳол буда миннатдории хешро ба сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва раёсати ДДБ ба номи Носири Хусрав мерасонанд. Бояд гуфт ки чунин амалҳо дар оянда низ идома хоҳад ёфт. Сафир, 《Фуруғ》