Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар замони муосир мо – сокинони сайёра, гоҳ-гоҳ калимаҳои терроризму экстремизмро мешунавему ҳодисаҳои нохуш, қатлу ғорат, ноадолатӣ, вайронкорӣ ва кинаву адоватро тасаввур мекунем. Истилоҳи террор аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънои тарсонидан, даҳшатафканиро дорад. Айни ҳол дар дунё якчанд намудҳои он: терроризми сиёсӣ (яъне марбут ба давлат), идеологӣ (динӣ), маҳалгароӣ, иттилоотӣ, фарҳангӣ-гуногунандешӣ арзи вуҷуд доранд.

Ҳар як намуди терроризм зуҳуроти нохуш буда, бар зарари ҷомеа амал мекунад. Терроризм сулҳу суботи кишварро халалдор намуда, оромии мамлакатро аз байн бурдан мехоҳад. Шахсоне, ки ба гурӯҳҳои террористӣ шомиланд, барои ба ҳадаф расидан аз ҳеҷ гуна тарсафканиву зӯроварӣ, ваҳшатангезӣ дар вуҷуди инсонҳо худдорӣ намекунанд. Мақсади онҳо ноором сохтани вазъи сиёсӣ, тухми кинаву адоват коштан дар қалбҳои одамон, паст намудани мавқеъ ва эътибори давлат дар арсаи байналхалқӣ ва ба вуҷуд овардани бесарусомониҳо буда, ин гурӯҳ афрод мехоҳанд бо ин роҳ ҳукуматро ба даст оранд ва идеологияи худро байни мардум мунташир созанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 январи соли 2016, дар робита ба хатари терроризм ва ифротгароӣ таъкид намуда буд: “Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризму экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо – Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст.”

Имрӯзҳо намояндагони гурӯҳи террористӣ дар байни ҷавонон тарғиботу ташвиқотро ба роҳ мемонанд ва баҳри амалӣ сохтани ҳадафҳои худ ҷавононеро интихоб мекунанд, ки дониши комил надошта, фирефтаи суханони бардурӯғи ин гурӯҳ мегарданд. Омилҳои гуногунеро метавон зикр намуд, ки ҷавонон таҳти таъсири чунин ҳизбу ҳаракатҳо қарор мегиранд. Сатҳи пасти таълиму тарбия дар оила ва надоштани маърифати кофии динӣ ва инчунин мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, сатҳи бекорӣ сабабгори асосии ҷалб шудани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро гардидааст. Яке аз роҳҳои асосии ҷалб намудани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ асосан, муҳоҷирати меҳнатӣ ва инчунин ташвиқот аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд. Чунин раванд омили ба вуҷуд оварандаи нооромӣ ва бесуботии ҷомеа хоҳад шуд, зеро баҳсҳо ва муборизаҳои идеологӣ ва ғоявӣ дар майдони шабакаҳои иттилоотӣ бо тамоми шиддат ҷараён доранд. Чунин баҳсҳои иттилоотӣ метавонанд дар ҳама ҳолат таъсири худро ба ҷомеа расонанд.

Бояд гуфт, ки аксари таҳлилгарон бар ин назаранд, ки сатҳи донишу маърифати дунявии ҷавонон хеле поён рафтааст ва маърифати диниашон низ шакли костагӣ ва нуқсондошта, онҳо дар бисёр маврид миёни оддитарин масъалаҳои хурофоту дин, ақидаҳои ботилу воқеӣ фарқ гузошта наметавонанд. Ин танҳо мушкилоти имрӯзаи кишвари мо набуда, балки тамоми кишварҳои пасошӯравӣ гирифтори чунин проблемаҳо ҳастанд.

Маълум аст, ки вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаи ҳар як кишвар ба раванди таъмини дастовардҳои миллӣ ва амнияти сартосарии он таъсири амиқ дорад. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама, зарур аст, ки мафкура ва вазъи равонии ҷомеа бо татбиқи барномаҳои мухталифи сиёсию фарҳангӣ ва идеологӣ ба ҳадафҳои давлату миллат ҳамгун ва ҳамнаво бошад. Дар ин раванд, албатта, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад, то мушкилоти мавҷуда ҳаллу фасл гардад. Бинобар ин, давлат ба хотири таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимоят аз сиҳатии шаҳрвандон ва дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои дигар шаҳрвандон метавонад чораҳои зарурӣ ва ҷиддиро ҳам ба кор гирад.

Ҷавонон ояндаи миллат ва давлатанд. Ҷавонони солимақл, соҳибистеъдод ва ҳушманд, ифтихор ва сармояи хушбахтӣ ва саодатмандии ҷомеа мебошанд. Аммо ҷавонони ифротгаро ва ситезаҷӯ доғи дили падару модарон, дарди сари ҷомеа ва омили хушунат, низоъ ва фитнаҳои навбатӣ хоҳанд гашт.

Бинобар ин, агар мо воқеан ҳам хоҳиш дошта бошем, ки наслҳои ояндаи башарият дар фазои эътимоду боварӣ ва ҳусни тафоҳум зиндагӣ кунанд, бояд аз муқобилгузории тамаддунҳо даст кашем, инсонро ба ғарбию шарқӣ, сиёҳпӯсту сафедпӯст, осиёиву аврупоӣ, мусулмону масеҳӣ ҷудо накунем ва падидаҳои ҳама гуна тамаддунро чун як узви томи тамаддуни башарӣ баррасӣ намоем.

Барои пойдории сулҳу субот, оромиву осудагӣ дар Тоҷикистони азизамон фикр мекунам, ки яке аз роҳҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ин дар замири ҷавонон тарбия кардани ҳисси ватанхоҳиву меҳанпарастӣ мебошад. Инчунин, дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ кардани дарсҳои одоби ҳамида ва амсоли он сабаби кам шудани ҳодисаҳои нохуши ғайриинсонӣ мегардад. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 60-солагии ЮНЕСКО дар Париж пешниҳод карда буданд, солҳои наздик бояд “Соли ахлоқи ҳамида дар тамоми сайёра” эълон шавад ва дар ҷараёни он унсурҳои беҳтарини ахлоқи умумиинсонӣ таблиғ карда шаванд”. Чун сиёсати созандаи Тоҷикистон ба он нигаронида шудааст, ки тамоми гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ҷамъиятҳои ғайриқонунӣ пурра несту нобуд карда шаванду халқи тоҷик дар фазои оромиву осудагӣ зиндагӣ кунад, Мо – мардуми Тоҷикистон, бояд ҳамеша барои оромиву ободии кишварамон ҳаракат кунем. Ҳар як фарди ватанхоҳу меҳанпараст бояд амалҳои некро ба анҷом расонад, ба ҳамагон кӯмак кунад ва бар зидди амалҳои номатлуб, ба монанди терроризму экстремизм мубориза барад.

 

 

Ҳамдамзода Хурсанд Акбар, декани факултети

иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав