ДУШАНБЕ, 17.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019 — 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷониби ширкати сайёҳии Скай Тур-и Тоҷикистон (Sky Tour Tajikistan) ва ширкати «Рахш Таксӣ» дар ноҳияи Айнӣ минтақаи нави сайёҳӣ таҳти унвони «Camping Village»  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, минтақаи нави сайёҳӣ дар соҳили дарёи Саратоғ, воқеъ дар кӯҳҳои баланди Фон ва мавзеи Искандаркӯли ноҳияи Айнӣ ҷойгир буда, мақсад аз он рушди экотуризм дар Тоҷикистон мебошад.

Тавре зимни ба истифода додани мавзеи сайёҳӣ роҳбари ширкати сайёҳии «Sky Tour» (Скай Тур) Мурод Назаров  иброз дошт, соҳаи сайёҳӣ аз соҳаҳои сердаромадтарин ба ҳисоб рафта, моро  лозим меояд, ки имкониятҳои мавҷударо истифода карда, минтақаҳои сайёҳии ҷумҳуриро ба кишварҳои ҳамсоя ва ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоем. Зеро муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат пеш аз ҳама ба манфиати Тоҷикистон хоҳад буд.

Директори ширкати «Рахш Такси» Тахмина Фахриддинова зикр намуд, ки  Тоҷикистон бо ин ҳама маконҳои зебои сайёҳияш то ҳол ба сокинон ва ҷомеаи ҷаҳон пурра муаррифӣ нашудааст. Аз ин рӯ мо тасмим гирифтем, ки дар рушди босуботи соҳаи сайёҳӣ ва таҳкими хизматрасонии нақлиётӣ ба сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ дар чор фасли сол саҳмгузор бошем.

«Ифтитоҳи макони сайёҳии «Camping Village» дар болооби Искандаркӯл барои ҳама сокинони Тоҷикистон дастоварди нек буда ин мавзеъ аз ин пас барои ҳар як сокини Тоҷикистон хидмат мекунад. Ҳамаи ҳамватанонро барои тамошои ин макони зебову диданӣ даъват менамоем»,- гуфт номбурда.

Ноҳияи Айнӣ яке аз минтақаҳои сайёҳии ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, рушди соҳаи сайёҳӣ бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ такмили инфрасохтор дар мавзеъҳои сайёҳии ноҳия, аз қабили «Искандаркӯл», «Кӯлҳои Аловуддин», «Дараи Яғноб» идома дорад.

Соҳаи сайёҳӣ бахши муҳимтарину калидии ҳар кишвари пешрафтаи дунё ба ҳисоб рафта, рушди устувори он ба манфиати Тоҷикистон ва аҳолии он мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи ҷуғрофӣ ва амнияти экологӣ дорои экосистемаи пок  буда, барои рушди туризм тамоми имконият ва зарфиятҳоро доро мебошад.