Ҳамасола бинобар сабаби рӯх додани офатҳои гуногуни табиӣ ба иқтисодиёти кишвар ва сокинон зарари зиёд мерасад. Аз ин рӯ, пайваста Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо дигар Вазорату кумитаҳо ҷиҳати пешгирии офатҳои табиӣ тадбирҳои гуногунро дар қаламравӣ кишвар амалӣ менамоянд. Бо вуҷуди ин ҳама тадбирандешиҳо офатҳои табиӣ рӯх дода, зарари худро мерасонанд.   

Қайд намудан зарур аст, ки моҳи майи соли 2020 дар натиҷаи боридани борони зиёд, селу лойиқа ба деҳаи ба номи Неъматуллои Асадуллои ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Хуросон ворид шуда, ба манзилҳои истиқоматӣ, бинову иншооти гуногуни хизматрасонӣ ва майдони киштзор зарари зиёди иқтисодӣ расонид. Дар асоси ин ҳодисаи табиӣ ситоди ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ таъсис ёфта, баҳри рафъи зарари расида аз тарафи ҳукумати мамлакат тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд.

Ҳайати кормандони Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори доимии худ қарор дода, дар ин ҷода кӯмаку ёрӣ намуда истодаанд.  Ба донишгоҳ бунёди манзили № 17-и сокини ноҳия Зубайдулло Музаффаров вогузор шудааст. Дар асоси нақшаи тасдиқшудаи Раёсати донишгоҳ тамоми факултетҳо, шуъбаву марказҳо дар ин кори муҳим сафарбар гардидаанд.

Бояд қайд намуд, ки то ҳол зербино пурра анҷом ёфта, барои идомаи корҳои сохтмонӣ омода гардид. Ҳоло тибқи лоиҳаи бунёди манзил ва маслиҳати сохтмончиён корҳои сохтмонӣ бо маром дар ин мавзеъ идома дорад.  Устодони донишгоҳ тасмим доранд, ки дар вақти муқарраршуда иншоотро бо сифат ба анҷом расонида, дар ин кори хайр саҳмгузорӣ намоянд.

 

 

 

Сангимурод Шарифов, сардори бахши

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав