ДУШАНБЕ, 18.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шонздаҳ нафар кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши якрӯзаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ ҳангоми авҷи  коронавирус фаро гирифта шуданд.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадафи асосии омӯзиш мусоидат ба дарёфти маълумоти тоза барои кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷиҳати кор бо аҳолӣ ҳангоми авҷи коронавирус мебошад.

Табиб Самандар Гулшоев дар рафти омӯзиш доир ба моҳияти давраи омӯзишӣ сухан карда, баён намуд, ки   бо сабаби он ки кормандони КҲФ иртиботи мустақим бо қишрҳои мухталифи аҳолӣ доранд, аз ин рӯ онҳо бояд ҳамеша омода бошанд, ки дар авҷи коронавирус худ ва атрофиёнро аз  сироят ҳифз намоянд.

Дар рафти омӯзиш ба иштирокчиён ахбори зарурӣ  дар бораи коронавирус, таърихи он, нишона ва шеваҳои табобат  фаҳмонида шуд. Инчунин  дар бораи чораву тадбирҳои эҳтиётӣ ҳангоми тақсими ёриҳои башарӣ ва воситаҳои ҳимояи фардӣ сухан карда шуд.

Иштирокчии омӯзиш Тоҷиддин Раҷабов зикр намуд, ки маълумотҳои пешниҳодшуда имкон медиҳад, ки  ҳангоми пандемия аз он истифода намоем. Он иттилооте, ки давоми рӯз ба мо пешниҳод шуд ҳамчун  маълумоти иловагӣ ба малакаҳову маҳоратҳои мо зам гардида, дар ҳолатҳои фавқулода  вокуниши моро бештар аз пештар самаровар ва бехатар мегардонад,-гуфт  номбурда.

Курсҳои омӯзишӣ аз ҷониби мутахассисони Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ гузаронида шуда, бо чунин тартиб баргузор шудани онҳо  дар навоҳии водии  Рашт ва шаҳри Хоруғ низ дар назар аст.