ДУШАНБЕ, 20.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ташкилоти ҷамъиятии  «Пайравони Пешвои миллат» бо мақсади расонидани кӯмак ба зарардидагони офатҳои табии ноҳияи Хурсон ҳайати 40 нафараи волонтёрон ба ноҳияи мазкур сафар менамояд.  Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ҳайати волонтёрони Ташкилот дар минтақаҳои сохтмонӣ  барои анҷом додани корҳо кӯмак намуда, ҷиҳати ҳар чӣ тезтар анҷом додани  сохтмони манзилҳои нав дар ноҳияи Хуросон ба зарардидагон мусоидат менамоянд.

Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дар рӯзҳои мушкил дар паҳлӯи халқу миллат ва давлат буда, волонтёрони он ҳамчун пайравони асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷабҳаҳо содиқона ва софдилона хизмат менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки то ин лаҳза чандин маротиба аъзоёни бахши Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дар вилояти Хатлон ба кӯмаки зарардидагони ноҳияи Хуросон  омадаанд ва дар мушкилтарин рӯзҳо дар паҳлӯи сокинон қарор доштанд.

Акс аз бойгонӣ