ДУШАНБЕ, 18.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пандемияҳои мушобеҳи COVID-19 натиҷаи нобудсозии табиат аз тарафи инсоният мебошанд. Мутахассисони СММ ва СУТ ба чунин хулоса омаданд ва қайд намуданд, ки дар тӯли даҳсолаҳо ҷаҳон ҳақиқатро нодида мегирифт.Чунонки АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин хусус «The Guardian» навиштааст. 

Тиҷорати ғайриқонунии ҳайвоноти ваҳшӣ, инчунин маҳви ҷангалҳо ва дигар минтақаҳое, ки пойи инсон бар он нарасидааст, боиси хуруҷи бемориҳои зиёд мегардад.

Мутобиқи арзёбии СММ ва СУТ, дар оянда, то замоне, ки маҳвсозии бераҳмонаи табиати атроф қатъ нагардад, эҳтимоли хуруҷи бемориҳо, аз ҷумла маризиҳои марговартар вуҷуд хоҳад дошт.

Дар аввали моҳи июн коршиносони бахши экологии СММ қайд карданд, ки Covid-19 «як ишора ба инсоният аст барои кумак», аммо тафаккури кунунии иқтисодӣ дарк намекунад, ки боигарии инсоният аз саломатии табиат вобаста мебошад. Сабабгори асосии бемориҳое, ки аз ҳайвоноти ваҳшӣ ба одамон мегузаранд, ин маҳви табиат, рушди босуръати соҳаи кишоварзӣ ва чорводорӣ, инчунин фурӯш ва истеъмоли ҳайвоноти ваҳшӣ мебошад, ки хатари  сироятёбиро зиёд менамояд.

СММ ва СУТ аз кишварҳо даъват мекунанд, ки қонунҳоро ҷиҳати  пешгирӣ аз маҳвсозии табиат, тиҷорати ғайриқонунӣ ва назоратнашаванда, инчунин истеъмоли ҳайвоноти ваҳшӣ аз тарафи одамон татбиқ намоянд.

        АКС: аз бойгонӣ