Дар асоси нақшаи тасдиқшудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба гузаронидани нишасти матбуотӣ рӯзи 21-уми июли соли 2020 вохӯрии ректори донишгоҳ ва масъулони воҳидҳои сохтории он бо намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид. Пеш аз оғози нишасти матбуотӣ дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотии профессорону устодон ва донишҷӯён ба намоиш гузошта шуд.

Зимни баромад ректори донишгоҳ, профессор Давлатзода С.Х. аз натиҷаи фаъолияти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таълимиву тарбиявӣ, раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ, истифодаи самараноки заминҳои хоҷагии ёрирасон, иштироки устодону донишҷӯён дар конфронсу чорабиниҳои сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва амсоли ин ба намояндагони ВАО иттилоъ дод. Ба иттилои ректори донишгоҳ ҳоло шумораи донишҷӯён дар шуъбаи рӯзона беш аз 9 ҳазоу 600 нафарро ташкил медиҳад, ки ба онҳо зиёда аз 650 нафар устодон дарс мегӯянд. Раёсати донишгоҳ талош дорад, ки мутахассисон дар бозори меҳнат рақобатпазир бошанд. Баҳри боз ҳам муҳайё кардани шароити мусоид барои устодону донишҷӯён корҳои сохтмонӣ ва ворид намудани таҷҳизоти муосири таълимӣ ба нақша гирифта шуда амалӣ гашта истодаанд.

 

Ҳамчунин номбурда зикр намуд, ки ҳайати профессорону устодони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда истодаанд. Имрӯз таваҷҷуҳи ҷавонон барои таҳсил дар донишгоҳ хеле зиёд буда, тибқи нишондоди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ДДБ ба номи Носири Хусрав  аз ҳисоби интихоби довталобон миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ҷойи сеюм меистад. Ин нишондиҳанда ба он далолат мекунад, ки шароити таҳсил ва сифати машғулиятҳо беҳтар гардида, хатмкунандагони донишгоҳ низ дар бозори меҳнат рақобатпазир мебошанд.  

Дар охири нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма ба ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

 

 

Сангимурод Шарифов, сардори бахши Маркази

таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав